Home ХАБАР ВОХӮРӢ БО КОРМАНДОНИ МИЛИТСИЯ

ВОХӮРӢ БО КОРМАНДОНИ МИЛИТСИЯ

by admin
377 views

Санаи 5-уми феврал дар толори фарҳангии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ вохӯрии кормандони Шуъбаи корҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб бо ҳайати профессорон, омӯзгорон ва донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Донишкадаи технологӣ ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб, намояндагони шуъбаи маорифи шаҳр, директорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи шаҳр ва деҳоти Кӯлоб, Коллеҷи милитсияи ВКД дар шаҳри Кӯлоб баргузор гардид.

Вохӯриро ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, доктори илмҳои педагогӣ, профессор Мирализода Абдусалом Мустафо кушода, меҳмононро хайрамақдам гуфта, моҳияти сиёсӣ ва тарбиявии ин нишастро баён кард.

Сипас, сардори ШКД-и шаҳри Кӯлоб полковник Нозимзода Файзулло Ватан суханронӣ намуда, дар зимн як силсила нуктаҳои вобаста ба ҳамкории фаъолон ва равшанфикрони шаҳрро дар мавриди мубориза бо ҷинояткорӣ, бавижа пешгирии ҷинояткорӣ баён намуд. Номбурда изҳори нигаронӣ намуд, ки дар шаҳр ҳодисаҳои нохуши вайронсозии қонуният ба қайд гирифта мешаванд, аммо на ҳама фаъолони ҷомеа барои аз байн бурдани ҳодисаҳои нохуши ҳуқуқвайронкунӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳамкорӣ менамоянд.

Ҳамчунон, директори Муассисаи давлатаии таълимии «Коллеҷи милитсия»-и ВКД ҶТ дар шаҳри Кӯлоб Амиршо Умари Хайём дар суханронии худ аз пастии андешаи бархе ҷавонон изҳори назар карда, ёдовар шуданд, ки китоб нахондан ва доштани шуури пасти шаҳрвандӣ гоҳе ҷавононро ба вартаи ифротгароии динӣ ва ҳатто майл ба экстремизм мекашонад.

Номбурда аз аҳли нишаст даъват ба амал овард, ки ҷавононро дар рӯҳияи ватандӯстӣ тарбия намудан ва аз худ кардани илмҳои наву замонавӣ вазифаи ҷонии ҳар як омӯзгор мебошад. Аз рӯи даъвати Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷавононро мебояд рӯ ба китобхонӣ ва донишандузӣ оваранд.

Дар поён профессор Мирализода Абдусалом Мустафо нишастагонро бовар кунонд, ки ҳайати профессорон, омӯзгорон ва донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дар оянда беш аз пеш бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳамкории зич намуда, ҳама кӯшишҳоро дар роҳи паст кардани сатҳи ҳуқуқвайронкунии ҷавонон ба харҷ медиҳанд.

Дар поён кормандони ШКД шаҳр ба саволҳои ҳозирон посухҳои мушаххас доданд.

Related Articles

Leave a Comment