Таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол собит намудааст, ки Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар баъди пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ сарфи назар аз он, ки ҷумҳуриро вазъи печидаи ҳарбӣ-сиёсӣ ё худ муноқишаҳои дохилӣ фаро гирифта буд, таъсис ёфт. Бо заҳмату талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи худ дар шароите, ки барои он бунёди ягон заминаи модию техникӣ вуҷуд надошт, шурӯъ кард.
Қобили қайд аст, ки имрӯзҳо дар сафи Артиши миллӣ асосан афсарони касбӣ, хатмкунандагони Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва академияву омӯзишгоҳҳои олии ҳарбӣ пурра гардонида мешавад. Маҳз шахси воқеан ватандӯст метавонад дилсӯзона ва бо тамоми ҳастӣ ҳифзи амният ва ободии ватани худро таъмин намояд. Ҳадафи асосии сиёсати пешгирифтаи Президенти мамлакат дар самти сиёсати давлатии ҷавонон низ маҳз аз ҳамин иборат аст.
Имрӯзҳо ҳангоми ҳар як сафари кориашон ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ Сарвари давлат ба ташвишҳои зиёд нигоҳ накарда ҳатман аз аҳволи ҷавонон бохабар мегардад, бо онҳо суҳбатҳо анҷом медиҳад, пешниҳоду дархостҳои онҳоро мешунаваду баҳри иҷрояшон масъулонро вазифадор менамояд.
Мардуми шарафманди Тоҷикистон дар симои Қувваҳои Мусаллаҳ ҳомиёни боэътимоди ватанро мебинад. Аз оғози таъсисёбӣ то имрӯз ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар дар лаҳзаҳои бисёр ҳассосу тақдирсоз борҳо садоқати худро ба ватану миллати худ, ҳукумат ва Президенти Тоҷикистон собит кардааст. Ба ибораи дигар, дар муддати 28 сол ба зиммаи хизматчиёни ҳарбӣ иҷрои вазифаҳое гузошта шуда буданд, ки тақдири миллат ва дастовардҳои истиқлолият аз ҳалли онҳо вобаста буд. Ҳар як давлати соҳибистиқлол дар ҳифзи суботу амнияти худ ба Артиши миллӣ такя мекунад.
Таърихи 28-солаи Артиши миллӣ собит намуд, ки он ҳамчун такягоҳи асосии давлат ва сипари боэътимоди миллат, барои баэътидол овардани вазъи душвори мамлакат ва пуштибонии сулҳу субот ҳизматҳои беназир намудааст. Бо шарофати сиёсати сулҳҷӯёнаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Артиши милиамон имрӯз ҳамчун яке аз рукнҳои асосии давлатдорӣ бо тамоми намудҳои таъминот барои иҷрои вазифаҳои базиммадоштааш таъмин карда шудааст.
Маҳмадулло ИСМОНОВ,
ассистенти кафедраи
мудофиаи гражданӣ ва ОДҲ