Санаи 10-уми март рӯзномаи Коллеҷи омӯзгории Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ — рӯзномаи «Маърифат», ки роҳбарии онро яке аз рӯзноманигорони касбӣ, номзади илмҳои филологӣ, дотсент, Аълочии матбуоти Тоҷикистон Давлатов Эраҷ ба ӯҳда дорад, дар озмуни беҳтарин маводи журналистӣ «Нерӯи сухан» аз руи номинатсияи «Беҳтарин маҷалла ва нашрияи соҳавӣ» соҳиби Ҷоизаи Раиси вилояти Хатлон, Дипломи дараҷаи 1 гардид!
Рӯзномаи «Маърифат» яке аз рӯзномаҳои хонданбоб дар шаҳри Кӯлоб аст, ки пайваста мақолаҳои ҷолиб ба нашр мерасонад.
Аз самими қалб ба кулли дӯстон ин муваффақиятро муборакбод мегӯям.