Home МАҚОЛОТИ ТАҲЛИЛӢ ВА НАЗАРПУРСӢТАҲЛИЛ ТАҲЛИЛИ ВАЗЪИ ИҚТИСОДӢ ВА НИЗОМИ МОЛИЯВИИ КИШВАР ДАР ПАЁМ

ТАҲЛИЛИ ВАЗЪИ ИҚТИСОДӢ ВА НИЗОМИ МОЛИЯВИИ КИШВАР ДАР ПАЁМ

by admin
456 views

(Натиҷагирӣ аз Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 26-уми январи соли 2021)

Бисту нӯҳ сол муқаддам муҳимтарин воқеаи таърихии сарнавиштсози миллати тоҷик, истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вуҷуд омад. Ин ҳодисаи фараҳбахш аввали моҳи сентябри соли 1991 ба вуқӯъ пайваст ва 9-уми сентябр расман Рӯзи Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид.

Аз ҳамон вақт то имрӯз ин санаи муборак барои миллати тоҷик иди муқаддас маҳсуб мешавад, зеро дар замири комёбиҳои даврони соҳибистиқлолии кишвар, мо ба дастовардҳои беназири иқтисодӣ ноил гардидем.

Ман ифтихор аз он мекунам, ки шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳастам ва дар даврони истиқлолият умр ба сар бурда, аз неъматҳои бузурги ин Ватан истифода мебарам. Кишвари азизамон Тоҷикистон рӯз аз рӯз ба сӯи қуллаҳои баланд, дар ҳаёти иҷтимоию иқтисодӣ ноил мегардад. Қадамҳои он дар ин шоҳроҳи нави таърихӣ устувор ва умедбахш мебошад.

Дар айни замон дар низоми сиёсии давлатдорӣ Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷҷати расмӣ ва муҳими барномавӣ буда, ойинаи равшани рушди иҷтимоиву иқтисодӣ ва фарҳангиву сиёсии Тоҷикистон, барномаи мукаммали кории тамоми ниҳодҳо ва қутбнамои ҳаракати устувори ҷомеъаи мо ба сӯйи ояндаи дурахшон мебошад.

Паёми навбатии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки санаи 26.01.2021 ироа гардид, ба сифати ҳуҷҷати муҳими сиёсӣ, тамоми самтҳои муҳими рушди иҷтимоию-иқтисодӣ, сиёсати дохилӣ ва хориҷии ватани азизи моро баррасӣ намуд. Зимни баромади худ Президенти кишвар дастовардҳои беназири давлати ҷавони моро дар ин шоҳроҳи нави таърихӣ мавриди назар ва таҳлили амиқ қарор дод, ки бевосита ин комёбиҳо дар замири неъмати бузурги озодӣ ва истиқлолият ба даст омадаанд.

Аз ин рӯ, Паёми хешро Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз мушкилотҳои соли сипаришуда оғоз намуда, махсусан қайд карданд, ки соли 2020 барои сокинони сайёра, аз ҷумла Тоҷикистони мо яке аз солҳои аз ҳар лиҳоз вазнин буд. Дар натиҷаи паҳн шудани бемории сирятии коронавирус ва вобаста ба он, босуръат паст рафтани фаъолияти иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи корӣ вазъияти сайёра боз ҳам печида гардида, ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодию молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ омад.

Яке аз самтҳои муҳиме, ки дар Паём мавриди таваҷҷуҳи хоси Пешвои миллат қарор гирифт, ин буд, ки имрӯз дар дунё амалан давлат ва соҳае нест, ки аз таъсири буҳрон эмин монда бошад.

Вобаста ба ин масъала Пешвои миллат қайд намуданд, ки мувофиқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ чунин буҳрони шадиду фарогир дар сад соли охир бори аввал ба миён омада, боиси таназзули ҷиддии иқтисодиёти ҷаҳон гардид. Пайомадҳои пандемия ба иқтисодиёти кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла ба рушди иқтисоди миллӣ, буҷети давлатӣ, гардиши савдои хориҷӣ, қурби асъори миллӣ, инчунин, ба фаъолияти корхонаҳои саноативу муассисаҳои хизматрасонии мо низ таъсири манфии худро расонида истодаанд. Яъне мо соли 2020 дар вазъияти бошиддати иқтисодиву молиявии ҷаҳонӣ фаъолият карда, бо вуҷуди мушкилоти пешомада, ҷиҳати пешгирӣ намудани пайомадҳои буҳрон ва ҳифзи амнияти иқтисодии мамлакат як қатор чораҳои фавриро роҳандозӣ кардем.

Масалан зикр гардид, ки дар навбати аввал, бо дарназардошти коҳиш ёфтани даромади буҷет, афзоиши талаботи маблағгузорӣ, пеш аз ҳама, ба соҳаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла тандурустӣ ва дигар хароҷоти пешбининашуда буҷети давлатиро барои соли 2020 бознигарӣ карда, ба нишондиҳандаҳои қисми даромад, хароҷот ва касри он тағйироти дахлдор ворид намудем. Аз ҷумла, ба соҳаи тандурустӣ барои хариди доруворӣ ва таҷҳизоти тиббӣ, бунёди беморхонаҳои муваққатӣ ва дастгирии кормандони тиб аз буҷети давлат 1 миллиарду 600 миллион сомонӣ маблағҳои иловагӣ равона карда шуданд.

Дар кишвар барои табобати пурра ва саривақтии шахсони гирифтори бемории сироятии КОВИД – 19 беш аз 30 беморхона бо 7000 кат ва 5400 нафар табибону кормандони тиббӣ сафарбар гардиданд. Илова бар ин, дар 92 муассисаи тиббӣ 16 ҳазор кат омода карда шуд.

Бо мақсади дастгирии гурӯҳҳои осебпазири ҷомеа ва соҳибкорони ватанӣ тибқи Фармони Президенти мамлакат аз 5 июни соли 2020 сабукиҳои зиёди андозиву қарзӣ ва имтиёзу ҷубронпулиҳо ба маблағи умумии беш аз 450 миллион сомонӣ пешниҳод карда шуданд.

Илова бар ин, дар соли 2020 аз ҷониби ташкилотҳои қарзии кишвар ҷиҳати коҳиш додани таъсири пандемия ба зиёда аз 260 ҳазор нафар муштариён ба маблағи 2 миллиарду 300 миллион сомонӣ имтиёзҳои вобаста ба қарздорӣ пешниҳод гардида, ба соҳибкорони истеҳсолӣ 4 миллиард сомонӣ қарз дода шуд, ки ин нишондиҳанда нисбат ба соли 2019–ум ду фоиз зиёд мебошад.

Барои беҳтар намудани шароити иҷтимоии аҳолӣ аз 1 –уми сентябри соли 2020 нафақа, музди меҳнати кормандони ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ ва стипендияҳо 15 фоиз, маоши кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хизматчиёни ҳарбӣ 10 фоиз зиёд гардида, нафақаи гурӯҳи маъюбоне, ки ба нигоҳубин ниёз доранд, 50 фоиз зиёд карда шуд.

Масъалаи дигаре, ки дар самти иқтисодӣ баррасӣ гардид, таҳлили суръати воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ дар соли 2020 мебошад. Тибқи маълумоти ҷойдошта, маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ – ин (аз калимаи англ. gross domestic product, GDP) нишондиҳандаи муҳими макроиқтисодӣ, инъикоскунандаи маҷмӯи нархи ниҳоии бозории маҳсулот (мол, хизматрасонӣ ва диг.) дар дохили давлат дар соли сипаригашта бо истифодаи омилҳои истеҳсолот, ки ба ҳамин давлат ва дигар давлатҳо мансуб аст, фаҳмида мешавад. (Барихин А.Б. Большой юридический энциклопедический словарь. – М.: Книжный мир, 2006. – С. 58).

Вобаста ба ин масъала зикр гардид, ки иқтисодиёти кишвар дар соли 2020-ум 4,5 фоиз афзоиш ёфта, ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба 82,5 миллиард сомонӣ баробар гардид.

Дар ин давра 9,7 фоиз афзоиш ёфтани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ, кишоварзӣ 8,8 ва гардиши савдои хориҷӣ 0,8 фоиз, аз ҷумла содирот дар ҳаҷми 19,8 фоиз заминаи рушди иқтисоди кишварро ба вуҷуд овард.

Хусусан, истеҳсоли маҳсулоти озуқа нисбат ба соли 2019-ум 28,3 фоиз афзоиш ёфт, ки ба беҳтар таъмин гардидани бозори дохилӣ бо маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ мусоидат намуд.

Ба соҳаҳои гуногуни иқтисоди миллӣ дар ҳаҷми умумии беш аз 5,4 миллиард сомонӣ сармояи хориҷӣ, аз ҷумла 1,3 миллиард сомонӣ сармояи мустақими хориҷӣ ҷалб карда шуд.

Соли гузашта 300 коргоҳу корхонаи нави саноатӣ бо беш аз 6500 ҷойи корӣ, 157 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ва биноҳои иловагӣ барои 63 ҳазор нафар хонанда, 108 муассисаи тиббӣ ва ба масоҳати беш аз 1,2 миллион метри мураббаъ манзили истиқоматӣ сохта, ба истифода дода шуданд.

Вобаста ба масъалаи Буҷети давлатӣ, ки солҳои охир бо суръати муайян афзоиш ёфтааст, Пешвои миллат қайд намуданд, ки «Дар ҳафт соли охир ҳаҷми умумии даромади буҷети давлатӣ аз 14,6 миллиард сомонии соли 2014 то 23,6 миллиард сомонӣ дар соли 2020 афзоиш ёфта, даромади пулии аҳолӣ 10% зиёд гардид.

Масъалаи муҳиме, ки ҷанбаҳои иқтисодии Паёмро ташкил медод, пеш аз ҳама бақияи пасандозҳо дар низоми бонкии кишвар буд. Дар ин самт қайд гардид, ки «Бақияи пасандозҳо дар низоми бонкии кишвар соли 2020 беш аз 17,2% афзуда, 11,4 миллиард сомониро ташкил карданд, ки ин гувоҳи зиёд шудани даромади аҳолӣ ва эътимоди мардум ба ташкилотҳои қарзӣ мебошад».

Масъалаи саҳми бахши хусусӣ, баланд гардидани нишондодҳо ва таъсири он дар самти маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ яке аз дастовардҳои солҳои охир дар бахши иқтисоди кишвар махсусан арзёбӣ гардид.

Пешвои миллат махсусан қайд намуд, ки Ҳукумати мамлакат бахши хусусиро дар «Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030» ҳамчун нерӯи пешбарандаи рушди босуботи иқтисодӣ, воситаи асосии таъмин кардани ҳадафҳои миллӣ ва дар ин замина муҳайё намудани шароит ҷиҳати зиндагии арзандаи мардум муайян кардааст.

Вобаста ба ин масъала чунин зикр гардид, ки «Дар натиҷаи дастгирии пайвастаи давлату Ҳукумат ҳоло бахши хусусӣ бомаром инкишоф ёфта, имрӯз саҳми он дар маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ беш аз 70 фоиз, дар таъмини аҳолӣ бо ҷойи корӣ 68 фоиз ва даромадҳои андозӣ ба буҷети давлат 80 фоизро ташкил медиҳад.».

Масъалаи дигаре, ки дар паёми имсола мавриди таваҷҷуҳи Пешвои миллат қарор гирифт, ин рушди соҳаи кишоварзӣ буд. Вобаста ба ин масъала Президенти кишвар чунин қайд намуданд, ки «Тибқи таҳлилҳо рушди миёнаи солонаи истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар давоми солҳои 1997 – 2020–ум 7,3 фоизро ташкил дода, ҳаҷми он дар ин давра 5 баробар афзоиш ёфтааст».

Соли 2020 шумораи корхонаҳои парандапарварӣ ба 181 расида, нисбат ба соли 2017-ум 2,7 баробар зиёд гардида, истеҳсоли гӯшти паранда нисбат ба соли 2017-ум 4,5 баробар афзудааст ва истеҳсоли тухм қариб як миллиард донаро ташкил дода, 5,5 баробар зиёд шудааст.

Шумораи хоҷагиҳои моҳипарварӣ соли 2020-ум нисбат ба соли 2017-ум 35 фоиз зиёд шуда, истеҳсоли моҳӣ дар давраи муқоисашаванда 2,3 баробар афзудааст.

Воридоти гӯшт ба кишвар аз 10700 тоннаи соли 2014 то 180 тонна дар соли 2020 коҳиш ёфтааст, яъне қариб 60 баробар кам шудааст.

Ҳаҷми воридоти гӯшти паранда дар соли 2020 нисбат ба соли 2017 зиёда аз 3 баробар коҳиш ёфтааст.

Соли 2020 нисбат ба соли 1991 истеҳсоли ғалладонагиҳо қариб 5 баробар, картошка 7,7, сабзавоту зироатҳои полезӣ 4 ва мева 3 баробар зиёд шудааст.

Пешвои миллат дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олӣ қайд намуданд, ки «Дар давраи соҳибистиқлолӣ барои рушди соҳаи кишоварзӣ, аз ҷумла бунёду азнавсозии инфрасохтори обрасонӣ, азхудккунии заминҳои нав, беҳтар гардонидани ҳолати мелиоративии заминҳо, таъминоти соҳаи кишоварзӣ бо техникаи зарурӣ, тухмиҳои аълосифат ва дастрасии субъектҳои хоҳагидор ба маблағгузорӣ 22 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ дар ҳаҷми беш аз 5,4 миллиард сомонӣ татбиқ шудааст». Ҳоло дар кишвар боз 7 лоиҳаи дигар ба маблағи 2,4 миллиард сомонӣ амалӣ гардида истодааст.

Вобаста ба ин масъала Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуданд, ки «Бо мақсади дастгирии давлатии кишоварзони мамлакат ва таъмини фаровонии бозори истеъмолӣ тамоми кишоварзони мамлакат барои як сол, яъне соли 2021 аз пардохти андози ягонаи замин озод карда шаванд».

Ҳамин тариқ, Паёми имсолаи Пешвои миллат боз як қадами қатъӣ ба сӯи ояндаи дурахшон арзёбӣ мешавад. Дар умум, ман як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Паёми навбатии Президенти кишварро ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо рӯҳияи баланд қабул намуда, ҳамаи дастуру супоришҳо ва пешниҳодҳои Пешвои миллатро саривақтӣ, пурмазмун ва барои беҳбудии мардуми Тоҷикистон равонагардида баҳогузорӣ менамоям.

Қурбоналӣ МИРЗОЕВ,

муовини сардори раёсати таълим, саромӯзгори

кафедраи иқтисодиёти корхонаҳо ва соҳибкорӣ

 

Related Articles

Leave a Comment