Home ХАБАР ВОХӮРИИ ДОНИШМАНДОН ВА ОМӮЗГОРОНИ ДОНИШГОҲ БО АҲОЛӢ

ВОХӮРИИ ДОНИШМАНДОН ВА ОМӮЗГОРОНИ ДОНИШГОҲ БО АҲОЛӢ

by admin
207 views

Амри раиси шаҳри Кӯлоб № 161 аз 16-уми декабри соли 2020, ки аз дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди гузаронидани корҳои фаврии фаҳмондадиҳӣ бо аҳолии шаҳру деҳот ба хотири шарҳу тафсири муфассали Муроҷиатномаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30–юми июли соли 2020 ва ҳамчунин Муроҷиатномаи Ширкати «Барқи тоҷик» аз 9-уми декабри соли 2020 оид ба истифодабарии оқилонаву сарфакорона ва мақсадноки нерӯи барқ дар ҳар як хонавода, ташкилоту муассиса, корхонаву коргоҳи истеҳсолӣ, сари вақт пардохт намудани маблағи нерӯи барқи истифодашуда ва қарзи солҳои пешин, роҳ надодан ба талафоту афзоиши қарзҳои нерӯи барқ, таъмини муштариён бо ҳисобкунакҳои барқӣ бармеояд, аз тарафи аҳолии шаҳру деҳоти Кӯлоб бо як самимият пазируфта шуд.

Ҷонибдории ин иқдомро дар намунаи фаъолияти зиёиёни шаҳр метавон мушоҳида кард.

Гурӯҳи кории № 4, ки сарварии он ба ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ доктори илмҳои педагогӣ, профессор Мирализода Абдусалом вогузошта шуда буд, асосан аз миёни омӯзгорон ва донишмандони Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Донишкадаи технологӣ ва менеҷменти инноватсионӣ, Коллеҷҳои омӯзгорӣ ва тиббӣ (давлатӣ ва хусусӣ), литсейҳои касбӣ – техникӣ (давлатӣ ва хусусӣ) шомил шуда буданд.

Гурӯҳи кории таблиғотӣ ба 2 зергурӯҳ тақсим шуда, дар муддати 10 рӯз вохӯриҳоро бо аҳолӣ натанҳо дар биноҳои донишгоҳу донишкада ва коллеҷҳо доир намуд, балки бо аҳолии маҳаллаву кӯчаҳои шаҳр дар манзилҳои зисташон суҳбатҳои таъсирноку баландмазмун доир намуданд.

Ба таври умумӣ аҳолӣ масъалаҳои матраҳгардидаро дар мавриди истифодабарии оқилонаву сарфакорона ва мақсадноки нерӯи барқ, сари вақт пардохт намудани маблағи нерӯи барқи истифодашуда ва қарзи солҳои пешин, роҳ надодан ба талафоту афзоиши қарзҳои нерӯи барқ, истифодабарии оқилонаи қитъаҳои замини назди ҳавлигӣ, сазовор пешвоз гирифтани ҷашни миллии 30–солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва дигар масъалаҳои марбут ба вохӯриҳоро дуруст шуморида, дастуру супоришҳои Пешвои миллатро ҳамчун ғамхории падарона ба зиндагии шоистаи мардум арзёбӣ карданд. Ҳамзамон, баъзе шаҳрвандон шикоятҳояшонро изҳор намудаанд, ки бо истифода аз иштироки намояндаи барқрасонии шаҳрӣ дар ҳайати гурӯҳи корӣ, норасоиҳо дар сари маврид ислоҳ гардиданд. Баъзе аз шаҳрвандон барои беҳсозии таъмини нерӯи барқ пешниҳодҳои худро низ баён карданд. Аз ҷумла, хоҳиш ба амал омад, ки дар оянда шабакаи гармидиҳии шаҳр барқарор карда шавад.

Ба гуфтан меарзад, ки шумораи иштирокдорон дар вохӯриҳо бо аҳолии кӯчаву маҳаллаҳо ба таври умумӣ наздик ба 1100 нафарро ташкил дод.

Ин воқеъиятро мебояд хотирнишон сохт, ки аҳолӣ бо як таваҷҷуҳи хоса суханрониҳои аъзои гурӯҳро, ки ҳайати он аз донишмандон ва сарварони донишкадаву коллеҷҳо иборат буд, бодиққат гӯш карда бо як самимияти хоса ва боварии том омодагириҳои худро дар роҳи татбиқи нишондодҳои Пешвои миллат баён намуданд.

Бовар дорем, ки кори анҷомдодаи гурӯҳҳои кории бо амри раиси шаҳр тартиб гардида, самараи дилхоҳ хоҳад овард.

 

Related Articles

Leave a Comment