Home АНДЕША ИНСОНИ ШАРИФ ВА НЕКӮХИСЛАТ

ИНСОНИ ШАРИФ ВА НЕКӮХИСЛАТ

by admin
792 views

Бахшида ба 60-солагии доктори илми педагогика, профессор, ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ Мирализода Абдусалом Мустафо

Рисолати муҳимми олимони кишвар поку бегазанд нигоҳ доштани забони давлатӣ, густариши доираи истифодаи он, суфтаву ғанӣ гардонидани забони адабӣ, тоза нигоҳ доштани забони муошират, эҳёи фарогири забони илмии тоҷикӣ, арҷгузорӣ ба арзишҳои таърихиву фарҳангӣ, ба ҷаҳониён муаррифӣ намудани дастовардҳои ниёгони мо, ки дар ғанисозии тамаддуни ҷаҳонӣ саҳми босазо гузоштаанд, соҳибӣ намудани мероси онҳо ва мубориза бо таҳрифгарони таърихи пурифтихори халқамон мебошад.

Асосгузори сулҳу ваҳадати миллӣ,

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Номи нек волотарин унвон барои ҳар як инсони комил аст. Агар инсон ҳазор унвону ордену рутба дошта бошаду дигарон ба некӣ дар борааш ҳарф назананд, бефоида аст. Барои соҳибдилон маълум аст, ки барои соҳиби номи нек шудан одамон солҳои мадид меҳнати софдилона мекунанд ва саҳми муносиби худро дар рушди ҷомеа мегузоранд ва ин сабаб мешавад, ки шоистаи таҳсину маҳбуби дилҳо ва муқбили хоссу ом мегардад. Офарин ба он инсоне, ки дар зиндагӣ тири муродаш ба ҳадаф расидаасту ҷойгузини кӯйи некномӣ гаштааст.

Шахсе, ки мо дар борааш ҳарф заданӣ ҳастем, инъикоскунандаи симои барҷастаи инсони комил буда, аз зумраи он нафаронест, ки кайҳо боз бо хизмати шоиставу дилу дасти пок сазовори ҳурмату эҳтироми мардум гаштааст.

Ин кас омӯзгор, физик, доктори илми педагогика, профессор, Аълочии маорифи халқ, Корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ муҳтарам Мирализода Абдусалом Мустафо мебошад. Устод шахси ботадбир, донишманд, сахтгиру серталаб ва дар айни замон хеле мушфиқу меҳрубон мебошанд.

Устод Мирализода Абдусалом Мустафо  22-юми марти соли 1961, дар деҳаи Баҳористони ноҳияи Фархор ба дунё омадааст. 

Ӯ собиқаи зиёди омӯзгорӣ дошта, дар вазифаҳои масъулиятнок адои хизмат кардааст. Устод ҳамчун хизматчии давлатӣ одоб ва рафтори хуби инсонӣ дорад ва пайваста барои рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ кӯшишу талош менамояд. Устод Мирализода Абдусалом хизмати содиқона ба Ватан ва ҷомеаи Тоҷикистонро вазифаи аслии худ мешуморад. 

Фаъолияти кории устод аз лаборанти кафедраи физикаи Институти хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон (солҳои 1987-1988) оғоз шуда, минбаъд дар вазифаҳои муаллими Техникуми политехникии шаҳри Душанбе (соли 1988); раиси Иттифоқи касабаи муаллимон ва донишҷӯёни Техникуми политехникии шаҳри Душанбе (солҳои 1988-1992); мудири шуъбаи таҳсилоти ғоибонаи Техникуми политехникӣ (солҳои 1992-1994); аспиранти ДДТ (солҳои 1994-1997); мудири шуъбаи таҷрибаомӯзии ДМТ (солҳои 1995-2004); декани факултети такмили ихтисос ва бозомӯзии кадрҳои ДМТ (солҳои 2004-2006); мудири кафедраи умумидонишгоҳии педагогикаи Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон (солҳои 2006-2011); сардори раёсати таълими ДМТ (соли 2011); муовини аввал, муовини ректори ДМТ оид ба таълим (аз соли 2012 то 15.08.2017) фаъолияти босамар кардааст.

Устод Мирализода Абдусалом тӯли шаш сол вазифаи муовини аввали ректори ДМТ оид ба таълимро ба дӯш дошт, ки ин мақоми андаке нест. Тамоми масъулияти сангини таълим ба дӯши он кас гузошта шуда буд. Мақоме, ки донишу истеъдод, кордонӣ, ҷаҳонбинӣ, зеҳнияти фарох ва муҳим аз ҳама бархурди шоиста ба ҷомеаи бузурги омӯзгорону донишҷӯёнро мехоҳад, аммо бо вуҷуди ин, дар ин самт кору фаъолияти хуб анҷом дод.

Дар миёни олимону донишмандони соҳаи педагогика устод ҷойгоҳи алоҳида дораду бо услуби эҷоди худ вижагии хос дорад. Солҳои зиёд аст, ки устод чун педагоги шинохта дар ҷумҳурӣ эътироф гаштааст.

Бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15-уми августи соли 2017 директори Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон» таъйин карда шуд.

Устод ҳангоми фаъолият дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон ободкориҳои зиёд намуда, низоми нави замонавиро дар он ҷо роҳандозӣ намуд. Ҳангоми кор дар ин макони маърифат бадгӯиҳо дар ҳаққаш аз ҷониби иддае аз муғризин бисёр гуфта шуд, аммо мардум баҳои сазоворро ба ӯ доданд. Ин манзараеро мемонд, ки ба кӯҳе санг мезанӣ ва дар натиҷа ба кӯҳ на чизе зам мешаваду на чизе кам. Ба касбият ва салоҳиятнокии ӯ касе шубҳа надорад. Маҳорату малака, сифатҳои ташкилотчигӣ, ташаббускорӣ, қобилияти идоракунӣ, маҳорати роҳбарӣ ва ботаҷрибагӣ, ки асоси иҷрои муваффақонаи ҳар як масъули давлатӣ ҳаст, устод доро мебошанд.

Соли 1997  рисолаи номзадии хешро дар мавзӯи «Асосҳои иҷтимоию педагогии омодасозии хонандагон дар интихоби касб» ва соли 2006 рисолаи докториро дар мавзӯи «Системаи педагогии омодасозии донишҷӯён дар ташкили раҳнамоии касбӣ ва тарбияи меҳнатии хонандагон» сарбаландона дифоъ намудааст.

Самтҳои асосии тадқиқоти илмии устод Мирализода Абдусалом такмили маҳорати касбии муаллимони мактабҳои олӣ, касбинтихобкунии донишҷӯён ва хонандагони мактабҳои таҳсилоти умумӣ, роҳнамоии касбӣ ва тарбияи меҳнатии хонандагон мебошад. Он кас муаллифи 3 монография, 3 китоби дарсӣ (дар ҳаммуаллифӣ), 8 дастури методӣ ва зиёда аз 70 мақолаи илмӣ мебошад.

Осори таълифнамудаи устод: Паҳлӯҳои иҷтоимоию педагогии интихоби касб. – Душанбе: Сино, 2003. – 173 с.; Системаи роҳнамоии касбӣ ва тарбияи меҳнатии хонандагон. – Душанбе: Ирфон, 2004. – 273 с.; Тарбияи ахлоқии наврасони душвортарбия. – Душанбе: Сино, 2007. – 59 с.; Педагогика ва психология. Душанбе: Ирфон, 2007. – 343 с.; Дар Боғистони Саъдӣ. – Душанбе, 2008. – 35 с; Педагогикаи умумӣ ва касбӣ. – Душанбе: Ирфон, 2012. — 562 с. Мебошанд.

 Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21-уми январи соли 2020, №19 ба вазифаи ректори Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ» таъин карда шуд.

Аз рӯзе, ки ҳамчун ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб устод Мирализода Абдусалом Мустафо адои вазифа намуданд, дар як муддати кӯтоҳ дар донишгоҳ дигаргуниҳои назаррас ба амал омада, ба ободкориву созандагӣ машғул гардиданд, ки ин ба рушди донишгоҳ таъсир расонида истодааст. Он кас дар як муддати кӯтоҳ дар донишгоҳ ободиву бунёдкории симои берунии биноҳои таълимӣ, тақвият бахшидани базаи моддӣ ва илмии факултетҳо ва ҳавасманд гардонидани заҳмати устодон корҳои зиёдеро анҷом дод. Инчунин, дар ин муддати кӯтоҳи роҳбарӣ дар ин боргоҳи илму маърифат бо якҷоягии ҳайати профессорону омӯзгорони донишгоҳ дар рушди илм ва ба камол расонидани мутахассисони ҷавон саҳми назаррас гузошта истодааст.

Устод чун олими пурмаҳсул ва омӯзгори соҳибкасбу таҷрибадор ва маслиҳатгару тарбиятгари омӯзгорони ҷавон на танҳо дар миқиёси шаҳру вилоят, инчунин дар сатҳи ҷумҳурӣ низ машҳуру маъруф мебошад. Дар муддати соли 2020 ду нафар муҳаққиқони ҷавон бо роҳбарии устод рисолаи номзадиашонро ҳимоя намуданд.

Устод бо меҳнати ҳалолу дилу нияти пок ва заҳмати шабонарӯзӣ соҳибэҳтирому гули сари сабади маҳфилҳои илмиву фарҳангӣ ва ҳайати устодону омӯзгорон ва шогирдон гаштааст.

Устод Мирализода Абдусалом санаи 22-уми март ба синни мубораки 60 қадам мегузоранд. Аз ин рӯ, барояшон ин санаи муборакро табрику таҳният гуфта, ба он кас пеш аз ҳама, саломатӣ, саодати рӯзгор, хушбахтии оилавӣ, муваффақиятҳои илмӣ ва эҷодиро таманно менамоям.

Боварии комил дорем, ки профессор Мирализода Абдусалом Мустафо аз таҷрибаи мактаби ғании идории худ Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакиро дар муддати роҳбарии худ ба марҳилаҳои боз ҳам сазовортар бурда мерасонад.

Ҳолу молу солу фолу аслу наслу тахту бахт,

Бар муродат бод ҳар ҳашт, эй амони рӯзгор:

Ҳол–накӯ, мол–вофир, сол–фаррух, фол–саъд,

Асл–собит, насл–боқӣ, тахт–олӣ, бахт–ёр.

60-солагӣ муборак, ректори муҳтарам!

Ҳайати эҷодии

рӯзномаи “Анвори дониш”

Related Articles

Leave a Comment