Санаи 4-уми декабр дар саҳни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ аз субҳ то шом Бозори китоб ороста шуд.
Дастаи кормандони нашрияи «Адиб» ва шоирону нависандагони номдори тоҷик бо роҳбарии директори нашрия, шоири шинохтаи тоҷик Давлат Сафар ва ҳамраҳонаш шоирони халқии Тоҷикистон Муҳаммад Ғоиб, Камол Насрулло, нависанда — доктори илмҳои фалсафа Абдуфаттоҳ Абдуҷаборов, ҳунарманди шоиста Чиллахон Холов ва ҷамъе аз кормандони нашрия дар саҳни донишгоҳ намоиш ва фурӯши китобҳои ба тозагӣ нашршударо доир намуданд. Донишҷӯён, омӯзгорон, равшанфикрон ва дӯстдорони бешумори китоб даста — даста ба сӯи ин бозори китоб шитофта, бо чеҳраҳои хандон ва бағалҳои пур аз китоб бармегаштанд. Якчанд омӯзгорон бо сарварии ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ доктори илмҳои педагогӣ, профессор Мирализода Абдусалом аз 10 то 15 ҷилд китоб харида, дигаронро ба дастгирии амали худ ташвиқ мекарданд.
Ин намоиш ва фурӯши китоб баёнгари он буд, ки мардуми Тоҷикистон, бавижа ҷавонони донишварз аз ташаббусҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бардошти нек ва баҳраи фаровон бурда, китобро дар роҳи инсони комил шудан василаи асосӣ медонанд.