Home МАҚОЛОТИ ТАҲЛИЛӢ ВА НАЗАРПУРСӢТАҲЛИЛ МАТНШИНОС, МУНАҚҚИД ВА ОМӮЗГОРИ ПУРКОР

МАТНШИНОС, МУНАҚҚИД ВА ОМӮЗГОРИ ПУРКОР

by admin
438 views

Бахшида ба 75-солагии профессори кафедраи

назария ва адабиёти навини форсӣ — тоҷикии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Кӯчаров Аламхон

Барои зиёиёни кишвар, бахусус, олимону маҳаққиқони соҳаи илмҳои филологӣ шодиовар аст, ки дар ин рӯзҳои фараҳафзову сафобахши кишвар, ки мардуми шарафманди Тоҷикистон дар остонаи 30 — солагии бузургтарин дастоварди миллӣ — Истиқлоли давлатӣ қарор доранд, олим, адабиётшинос, доктори илмҳои филологӣ, профессор, Узви вобастаи АМИ ҶТ Аламхон Кӯчаров ҷашни мубораки 75 — солагӣ доранд.

Вақте дар бораи устод Аламхон Кӯчаров сухан меронем, беихтиёр шоҳбайти мутафаккири барҷастаи Шарқ Носири Хусрави Қабодиёнӣ сари забон меояд:

Беҳин коре, ки андар зиндагонист,

Накӯхоҳӣ ба кас роҳатрасонист.

Дарвоқеъ, устод Аламхон Кӯчаров накӯхоҳу ба одамон роҳатрасон аст. То имрӯз нафареро вонахӯрдаам, ки аз устод нороҳат гашта бошад, ё ба ҷуз хотираву андешаи нек чизи дигар гуфта бошанд. Сазовор шудан ба чунин маҳбубият кори чандон саҳлу осон нест. На ҳар кас метавонад, ки дар зиндагӣ ба чунин дастовард- соҳиб шудан ба эҳтироми умум ноил гардад. Аз бозе ки устодро мешиносам, ба ҷуз некӣ ва тавсияҳои илмиву дастгириҳои холисонаву беғаразона чизи дигаре надидаам. Рафтораш ибратбахшу суханонаш самимӣ ва қонеъкунандааст. Дар кирдораш ба ҷуз ростиву покӣ чизи дигар мушоҳида намешавад. Хусусияти тамоман фарқкунандаи дигари устод, ки танҳо марбути эшон аст, ин мебошад, ки вақте бори нахуст бо устод ҳамсуҳбат мешавӣ, гумон меравад, ки кайҳо боз ӯ туро мешиносад ва ошноии амиқ дорад, яъне бисёр самимӣ ҳаст ва қалби меҳрабон доранд, махсусан, он нафаронеро, ки ба корҳои илмӣ машғул ҳастанд, фарзандвор дуст медораду бо майли том дастгириву роҳнамоӣ менамояд. Илова бар ин, устод ҳамеша худро дар мавқеи шогирдон мебинаду эҳсос менамояд. Банда низ аз роҳнамоиву кӯмакҳои софдилонаашон баҳравар гардидаам.

Дар ҳақиқат, устод барои мо шогирдон машъали шабафрӯзро мемонад, ки дар зулмоти шаб самти дурусти ҳаракати роҳи маърифатро нишон медиҳад.

 Бароям мояи ифтихор ва шарафмандист, ки бо устод шиносоӣ дорем ва чандин маротиба ҳам дар ҷои кор ва ҳам дар хонаашон меҳмон шудаам. Аз ин лиҳоз, мушоҳидаи дигаре, ки аз устод бардоштаам ин аст, ки кадом вақту соате, ки ба назди устод Кӯчаров рафтаам, эшонро ё машғули навиштан ва ё мутолиа кардан дидаам. Боре нашудааст, ки устодро дар ҳолати истироҳат дида бошам. Албатта аз ин ҷост, ки устод Аламхон Кӯчаров бо донишмандиву фазилат ва ҳалимиву хоксорӣ шуҳраи давру замон гаштааст.

Дар баробари хислатҳои ҳамидаву писандидаи инсонӣ, ҳамчунин, осори илмиву таълимӣ ва мақолоти устод наздики 300 ададро ташкил дода, ғайр аз ин мавсуф матни илмии ду асари Садриддин Айнӣ (қиссаҳои «Одина» ва «Марги судхӯр»), ду асари Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ («Рисолаи қудсия» ва «Маърифати нафс») ва феҳристи осори Соҳиб Табаровро ба чоп додаанд, ки маҳсули фаъолияти бевоситаи матншиносии устод аст. Мувофиқи маълумоти дастраснамуда миқдори асарҳои тақризнамудаи устод Кӯчаров аз 30 адад зиёд мебошад.

Устод Аламхон Кӯчаров фидоии роҳи илму тадқиқ ҳастанд. Чунин менамояд, ки ӯ ба равияи тадқиқоти хеш чун ба фарзандаш муносибат мекунад. Ҷустуҷӯяш мунтазаму ғояҳои илмиаш поя бар таҳкурсии устувори пажӯҳиш дорад. То кунун чизе чоп накардааст, ки ин ё он андешаи илмии ӯро зери шубҳа гузошта бошад. Ӯро ҳамчун олими соҳибмактаб ва пуркор эътироф менамоянд.

Чун сухан аз соҳибмактаб будани устод рафт, хотирнишон месозем, ки мактаби илмии устод ин як соҳаи мустаҳками илми адабиётшиносӣ, яъне матншиносӣ мебошад. Вобаста ба ин самт, устод асарҳое офаридаанд, ки пояҳои устувори илми матншиносиро гузоштаанд, аз қабили «Нақди матн ва масъалаҳои матншиносии насри Садриддин Айнӣ», «Нақди матни осори Садриддин Айнӣ», «Мавқеи танқиди матн дар адабиётшиносии тоҷик ва масъалаҳои матншиносии насри Садриддин Айнӣ», «Масъалаҳои матншиносии адабиёти тоҷик» ва ғайра. Дар номгӯи осори устод тақризу мақолаҳои илмӣ ҷои намоёне доранд, бахусус, навиштаҳое, ки бурду бохти эҷодиёти адибони муосирро фаро гирифтаанд. Дар баробари ин, аз ҷараёни адабӣ ва бурду бохти адабиёти муосир комилан огоҳ аст. Мунтазам тақризу мақолаҳояш оид ба эҷодиёти шоирону нависандагон, ҳамзамон, дар васоити ахбори омма ба табъ мерасад. Ба андешаи Ҳафиз Раҳмон ва Қарор Нурқаев — устодони кафедраи назария ва адабиёти навини форсии тоҷикии Дониишгоҳи миллии Тоҷикстон «Борҳо шудааст, ки болои мизи кориаш дастхати адибонро дидаем ва пай бурдаем, ки он дастхатҳо баъди мутолиа ва маслиҳату раҳнамоии устод ба табъ хоҳанд расид». Аз ин маълум мегардад, ки то ҷое ки мо аз устод бобати доишмандиву пажуҳишгариаш огаҳем, фаротар аз он ҳам Аламхон Кӯчаров қобилияти баланди зеҳнӣ доранд.

Қисмати бузурге аз тадқиқоти устод Кӯчаров ба масоили гуногуни матншиносӣ — нақди матн, таърихи эҷоди асар, муқоисаи матнҳои гуногуни асари бадеӣ, роҳҳои муаяйн кардани иродаи эҷодии нависанда, таҳаввули матн ва тафаккури бадеӣ, таҳқиқи хусусиятҳои услубии матн ва муаммоҳои дигари чопи илмии осори адибон иртибот доранд.

Фаъолияти густурдаи устод Кӯчаров иборат аз матншиносӣ, мунаққидӣ ва таълимӣ иборат аст. Устод то соли 1997 дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ кору фаъолият намуда, сипас ба Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба кор мераванд ва дар ин боргоҳи бонуфузи илмӣ кореро анҷом медиҳанд, ки боиси пайдо шудани илми нави соҳаи филология — матншиносӣ мегардад. Ёдовар бояд шуд, ки аз рӯи гуфтаи устодони факултаи филологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон қабл аз омадани устод Кӯчаров илми матншиносӣ ҳатто дар ҷадвали фанҳои таълимии факултаи филология мавқеъ надошт ва дарс ҳам дода намешуд.

Самти дигари фаъолияти густурдаи устоди гиромиро ноқидӣ ташкил медиҳад, ки ба як силсила маҷмӯаҳои ашъори шоирони муосир тақризу мақолаҳо навиштаанд, ки аз назари моҳиятбин ва ҳам тафаккури бадеии рушддидаи ӯ шаҳодат медиҳад. Навиштаҳои «Давоми нек роҳатро» (тақризи ашъори Ашӯр Сафар), «Номаи меҳри шоир» (нақди шеъри Иваз Неъматӣ), «Ман шеъри шоирам» (тақриз ба маҷмӯаи шеърҳои Қутбӣ Киром «Субҳи содиқ»), «Сузу сози қалби дардошно» (ба муносибати 50 — солагии Алимуҳаммади Муродӣ), «Таронаҳои баҳор», (тақриз ба маҷмӯаи «Турнаҳои»-и Муҳаммад Ғоиб) ва ғайраҳо аз ҳамин қабиланд.

Хулоса, дар бораи фаъолияти илмӣ, таълимӣ, мунаққидӣ ва хислатҳои неку шоистаи устод Аламхон Кӯчаров ҳар қадаре, ки сухан ронем, бозҳам сари ин масъала андешаҳи хубу ногуфта зиёд боқӣ мемонад, чаро ки воқеан ҳам устоди азиз чашмаи хушкнашавандаи илму эҳсонеро мемонад, ки ҳамвора дар ҳоли ҷӯшу хурӯш ва афзоишанд.

Вобаста ба ин, аз фурсати муносиб истифода бурда, мо низ дар радифи дигар дӯстону пайвандон ва ҳамкасбону шогирдон устоди арҷмандро ба ин санаи фархунда сидқан шодбош гуфта, барояшон саломатию умри бардавом ва саодати рӯзгорро тамано менамоем.

Гадомад Зулфиев, номзади илмҳои филологӣ, дотсенти Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ

 

Related Articles

Leave a Comment