Home ХАБАР ДАСТОВАРДИ ДОНИШГОҲ: ҶОЙИ 1-УМ ДАР ОЗМУНИ «ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ»

ДАСТОВАРДИ ДОНИШГОҲ: ҶОЙИ 1-УМ ДАР ОЗМУНИ «ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ»

by admin
407 views

Санаи 18-уми соли ҷорӣ дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ маросими тантанавии ҷамъбасти Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид. Дар он гирандаи Шоҳҷоизаи озмун ва ғолибони номинатсия муайян гардида, бо туҳфаҳои Кумитаи тадорукот, диплому ифтихорномаҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ шуданд.

Дар даври ҷамъбастии озмун, ки аз  7 то 15 декабр дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон баргузор гардид,  269 нафар довталаб- аз он 10 нафар аз ВМКБ, 60 нафар аз вилояти Суғд, 79 нафар аз вилояти Хатлон, 58 нафар аз шаҳри Душанбе ва 62 нафар аз шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ иштирок намуданд.

Қурбонов Хуршед, саромӯзгори кафедраи менеҷмент ва маркетинги факултети иқтисод ва идораи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ аз рӯи номинатсияи «Хондан ва аз ё кардани осори адабиёти ҷаҳон» дар даври ҷумҳуриявии озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» сазовори ҷои 1-ум гардида, насиби 30000 сомонӣ гардид.

Комиссияи озмун ва ҳайати ҳакамон аз рӯи меъёрҳои зерин ба дараҷаи маҳорат ва истеъдоди довталабон баҳо доданд:

— шарҳи мухтасари асар;

— маълумот оид ба қаҳрамонони асосии асар;

— баёни лаҳзаҳои ҷолиби асар;

— озодбаёнӣ ва санъати суханварӣ;

— ҳунари ровӣ ва наққолӣ;

— қобилияти луғатдонӣ ва тавзеҳи он;

— дарки дурусти мазмун ва муҳтавои асар;

— таассуроти довталаб аз хондани осор.

Қурбонов Хуршед намунаҳои осори адибони ҷаҳон Ҷек Лондон, Виктор Гюго, Ги де Мопассан, Марк Твен, Эрнест Хеменгуэй, Ромен Роллан, Виллям Шекспир, Ийҳан Гёте, Алигери Данте, Франсуа Рабле, Рюноскэ Акутагава, Александр Пушкин, Лев Толстой, Юрий Лермонтов, Антон Чехов, Владимир Маяковский, Максим Горкий, Абдулло Қодирӣ, Ғафур Ғулом, Мухтор Авезов, Олжас Сулаймонов, Чингиз Айтматов, Расул Ғамзатов, Теодор Драйзер, Олес Гончар, Янн Купала, Яккуб Колас, Самад Вурғун, Нодир Думбадзе, Оттар Чилладзе, Грант Матевосян, Муҳаммад Иқбол, Ҷуброн Халили Ҷуброн, Рашод Нури, Робендранат Тагор, Стефан Тсвейг, Муртазо Мушфиқ Козимӣ, Фурӯғи Фаррухзод, Нодири Нодирпур, Аҳмади Шомлу, Халилуллоҳи Халилӣ, Нусрати Раҳмонӣ, Бориқ Шафеӣ, Восифи Бохтарӣ, Саид Нафисӣ, Мо Ян (Гуан Мое) ва асарҳои насрии адибони муосири тоҷик ва хориҷӣ: ҳикояву новелла – 50-то, роман – 20-то, повест – 30-то, ёддоштҳо – 15-то, афсонаву қиссаҳои насрӣ -20-то, асарҳои насри ривоятӣ – 10-то, дигар асарҳои халқӣ – 10-то (ба ин миқдор осори адибони ҷаҳонӣ низ ворид мешаванд) мутолиа намуда, ба саволҳои ҳайати ҳакамон ҷавобҳои дуруст гардонид.

Раёсат, ҳайати профессорону омӯзгорон ва донишҷӯёни донишгоҳ саромӯзгори кафедраи менеҷмент ва маркетинги факултети иқтисод ва идора  Қурбонов Хуршед Нуралиевичро барои ин муваффақият ноил гардидан самимона табрик гуфта, дар корҳои минбаъдаи илмиву таълимӣ комгорӣ таманно дорад.

Related Articles

Leave a Comment