Федератсияи байналмилалии футбол -ФИФА барои дарёфти ҷоизаи беҳтарин футболбози соли 2020 сегонаи номзадонро пешниҳод кард.
Барои соҳиб шудани унвони беҳтарин футболбози сол ҳуҷумкунандаи тими мунтахаби Португалия ва бошгоҳи «Ювентус» -и шаҳри Турин Криштиану Роналду, ҳамлагари тими мунтахаби Аргентина ва дастаи «Барселона» -Лионел Месси ва форварди мунтахаби Лаҳистон ва тими «Бавария» — Роберт Левандовски мубориза хоҳанд бурд. Барои ҷоизаи ФИФА ба ҷуз аз ин се нафар, ҳамчунин ниммуҳофизатгари дастаи “Ливерпул”-Тяго Алкантара , ниммуҳофизатгари бошгоҳи “Манчетер Сити” -Кевин де Брейне , ҳуҷумкунандаи сенегалии бошгоҳи “Ливерпул” -Садио Мане , ҳамлавари дастаи “Пари Сен-Жермен” — Килиан Мбаппе , сарвони тими милли Бразилия — Неймар Ҷуниор, дифоъгари бошгоҳи шоҳонаи “Реал Мадрид” -Серхио Рамос, ҳамлавари мисрии дастаи “Ливерпул” -Муҳаммад Салоҳ ва муҳофизатгари тими миллии Ҳолланд — Вирҷил ван Дейк довталаб буданд. Ҳамчунин дар маросими ҷоизасупорӣ беҳтарин дарвозабон, беҳтарин сармураббӣ , беҳтарин футолбоззан ва беҳтарин футболбози сол муайян карда мешавад.
Номзадҳо барои ҷоизаи беҳтарин дарвозабони сол:
Ян Облак -(Сербия, «Атлетико Мадрид»),
Алиссон Беккер- (Бразилия, «Ливерпул»),
Мануэл Нойер -(Олмон, «Бавария»).
Номзадҳо барои ҷоизаи беҳтарин сармураббии сол:
Марсело Бйелса- (Аргентина, «Лидс Юнайтед»),
Ҳанс-Дитер Флик -(Олмон, «Бавария»),
Юрген Клопп -(Олмон, «Ливерпул»).
Номзадҳо барои беҳтарин футболбоззани сол:
Люси Бронз -(Англия, «Манчестер Сити»)
Пернилла Ҳардер -(Дания, «Челси»)
Венди Ренар -(Фаронса, «Лион»)
Номзадҳо барои беҳтарин футболбози сол:
Криштиану Роналду – (Португалия, “Ювентус”)
Лионел Месси- (Аргентина, “”Барселона)
Роберт Левандовски- (Лаҳистон, “Бавария”)
Ёдовар мешавем, соли гузашта Месси беҳтарин бозигари сол эълон шуда буд. Ӯ барои дарёфти ин ҷоиза аз Роналду ва Вирҷил ван Дейк пеш гузашт. Месси шаш бор ва Роналду панҷ бор беҳтарин бозигари сол аз рӯи фарзияи ФИФА эътироф шудаанд. Маросими ҷоизасупорӣ ба беҳтаринҳои соли 2020 аз рӯи фарзияи FIFA 17-уми декабр доир мегардад. Ба далели пандемияи коронавирус чорабинӣ дар шакли онлайн баргузор мешавад.
Ҷоизаи “Тӯби тиллоӣ”
“Тӯби тиллоӣ” ҷоизаи баландтарини инфиродии маҷаллаи France Football мебошад, ки ба беҳтарин футболбози сол дода мешавад. Соли 1956 Стенли Мэтюз аз дастаи “Блэкпул” футболи Англия аввалин барандаи ин ҷоиза шуд. Тақрибан 40 сол қоидаҳои интихоби бозингари беҳтарин бетағйир монданд, яъне рӯзноманигорон танҳо ба тарафдории бозингарони аврупоӣ, ки дар бошгоҳҳои аврупоӣ бозӣ мекарданд, овоз дода метавонистанд. Аммо дар ин ҳолат беҳтарин бозингарони ҷаҳон ҳеҷ гоҳ ин ҷоизаро ба даст оварда наметавонистанд. Аз соли 1956 то соли 1995 ҷоизаи “ Тӯби тиллоӣ” ба беҳтарин бозингари аврупоӣ тақдим карда мешуд. Сар карда, аз соли 1995 бозингари ҳар кишваре ,ки дар бошгоҳҳои қораи Аврупо бозӣ мекард, метавонист ин ҷоизаро ба даст орад. Аз соли 2007 инҷониб, новобаста аз миллат ва даста ба ҳар бозингар ҷоизаи мазкур инъом мегардид. Соли 2010 “Ballon d’Or”-и France Football бо ҷоизаи “ФИФА ” дар соли 2011 ҳамроҳ карда шуд, ки дар натиҷа ҷоизаи нав – “FIFA Ballon d’Or” таъсис ёфт. Бо гузаро шудани чанд сол боз соли 2016 ҷоизаҳоро дубора тақсим карданд, акнун “ФИФА” бозингари солро интихоб мекунад ва France Football ҷоизаи “ Тӯби тиллоӣ” медиҳад. Рӯзноманигорони варзишии тамоми ҷаҳон ба ҷоизаи «Тӯби тиллоӣ» -и Фаронса овоз медиҳанд. Ин тавсеаи қоидаҳо аз ҳайати таҳририя тақозо мекард, ки шумораи рӯзноманигоронро барои муайян кардани ғолиб афзоиш диҳад. Ҳоло ба ҷои 52 журналист аз Аврупо 96 журналист аз тамоми ҷаҳон ба интихоби панҷ футболбози беҳтарини сол шурӯъ карданд. «FIFA Best Player» -ро интихоб мекунад ва ҳамаи сарвонҳо ва мураббиёни тими миллӣ овоз медиҳанд, илова бар ин як журналист аз ҳар як кишвари 211 федератсияи FIFA ва мухлисон дар fifa.com овоз медиҳанд. Ҳар кадоме се бозингарро интихоб мекунад. Станли Мэтюз аз ҳайати дастаи “Блэкпул” аввалин ҷоизаи “тӯби тиллоӣ”-ро ба даст овард. Ҷорҷ Веаи Милан ягона бозингари африқоитабор ва аввалин футболбози ғайриаврупоӣ шуд, ки пас аз тағйири қоида ҷоиза гирифт. Роналду аввалин ҷоизаи “Тӯби тиллоӣ” – ро сазовор шуда, ба Амрикои Ҷанубӣ бурд. Ҳуҷумкунандаи тими мунтахаби Аргентена ва бошгоҳи “Барселона” Лионел Месси аз ҳама бештар сазовори ҷоизаи “Тӯби тиллоӣ”, яъне шаш маротиба гардидааст. Пас аз Месси ҳуҷумкунандаи тими мунтахаби Португалия ва дастаи “Ювентус” Криштиано Роналду панҷ маротиба ин ҷоизаро ба даст овардааст. Се бозингари дигар се маротиба ҷоизаи “Тӯби тиллоӣ”-ро ба даст овардаанд: Йохан Кройф аз дастаҳои “Аякс” ва “Барселона”, Мишел Платини аз тими “Ювентус” ва Марко Ван Бастен аз бошгоҳи “Милан” мебошанд. Намояндагони кишварҳои Олмон, Ҳолланд ва Португалия ҳафт маротиба ҷоизаи “ Тӯби тиллоӣ”- ро гирифтанд.
Аз ҳама бештар футболбозони дастаҳои “Реал Мадрид” ва “Барселона” ҷоизаи мазкурро ба даст овардаанд. Бошгоҳи шоҳонаи “Реал Мадрид” 11 мукофот ва Каталониҳо 12 мукофот дар хазина доранд.