Санаи 16 декабри соли 2020 дар шаҳри Душанбе Конференсияи ҳисоботӣ-интихобии Федератсияи футболи Тоҷикистон бо иштироки ҷомеаи футболии кишвар баргузор гардид. Яке аз масъалаҳои муҳими ин Конференсия интихоби Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон барои солҳои 2020-2024 ба шумор мерафт, ки бо дастгирии якдилонаи иштирокчиёни конференсия муҳтарам Рустами Эмомалӣ маротибаи дигар Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон интихоб гардид.
Маҳз зери роҳбарии ин марди оқилу дурандеш тайи 8 соли охир футболи тоҷик ба як қатор дастовардҳои назаррас ноил гардида, мафҳуми оммависозии футбол дар тамоми манотиқи ҷумҳурӣ руи даст гирифта шуд ва барномаҳои зиёди рушди футбол низ ботадриҷ амалӣ гардиданд. Марҳилаи муаррифии Тоҷикистони соҳибистиқлол дар арсаи байналмилалӣ фароҳам гашт ва кишвари офтобруяи мо ҳамчун мизбони ташаббускору масъулиятшинос дар мусобиқаҳои сатҳи бошукӯҳ шинохта шуд.