Home АНДЕША ДИРАФШИ КОВАЁНӢ

ДИРАФШИ КОВАЁНӢ

by admin
451 views

(ё пешинаи парчамдории тоҷикон дар бостон ва имрӯз)

Парчам, дирафш (арабиаш байрақ, ливо) дар ҳама давру замон рамзи давлати миллӣ дониста шудааст.

Пайдоиши парчамҳо реша дар гузаштаҳои дури фаротаърихӣ доранд. Илми парчамшиносӣ, ки зодаи Аврупо буда, «вексюкология» унвон дорад, пайдоиши парчамҳои нахустинро дар садсолаи IХ пеш аз мелоди Масеҳ гуморидаанд. Таърихнигорони аврупоӣ, чун ҳамеша пайдоиши ҳар он чиро ки ба фарҳангу тамаддун пайвастагӣ дорад, дар таърихи Руму Юнони бостон ҷӯста, нақши Эрону Хуросони Бузургро мехоҳанд ҳеҷ нишон бидиҳанд. Дар мавриди пайдоиши парчам низ парчамшиносони (вексюкологҳои) русиву аврупоӣ таваҷҷӯҳи алоқамандонро ба Юнони бостон ҷалб карда, нахустин парчами аз матоъ таҳияшударо ба сарлашкари юнониён, Фемистокл, ба соли 480 пеш аз мелод нисбат доданӣ мешаванд. Воқеан, асри V пеш аз мелод замоне буд, ки Рум ба императории Эрони Бузург боҷ мепардохт. Дар нигари таърихнигорони рус, то соли 480 лашкардорон аз қабзаи алафи хушк, ё думи бофтаи асп парчам таҳия мекардаанд. Аммо китобхондагон огоҳанд, ки пайдоиши парчам реша дар таърихи беш аз шашҳазорсолаи давлатдории эронитаборон дорад. Бигзор достони «Коваи оҳангар»-и Ҳаким Фирдавсиро устураву афсона дониста, оғози парчамдориро аз он замон нашуморанд. Лек дар осори гузаштаи дури тоҷикон аз арҷгузорӣ ба дирафши коваёнӣ, аз рангҳои дирафш суханҳои ҷолиб гуфта шудааст.

Аз ҷумла, дар модари китобҳои ҷаҳон, «Авасто», чунин матнҳое ҷой доранд:

«Фурӯҳарҳои некутавони поку муқаддасро меситоям, ки лашкари бешумор биороянд ва силоҳи ба камар баста бо дирафшҳои барафроштаи дурахшон….»

Ва ё: «Фурӯҳарҳои Соми Гаршосбро меситоям, ки барои душманон бозувони қавӣ дорад ва бо санги фароху бо дирафшҳои паҳн, бо дирафшҳои кушудаву сарафроз барои муқовимат кардан дар баробари роҳзанони вайронкунанда ва ҳавлнок мебошад». («Авасто», Теҳрон, 1378 — 1999, Яшти 10-ум, банди 139).

Дар «Таърихи Табарӣ» навишта шудааст, ки «Дирафши коваёнӣ аз пӯсти шер буд ва подшоҳон онро ба зевар биёростанд ва зару симу гавҳар бар он пӯшонданд. Онро ахтари коваёнӣ низ меномиданд…»

Фирдавсии бузургвор пешинаи дирафши коваёниро бо назардошти нахустин шоҳаншоҳии иронитаборон 6600 сол (дар замони пешдодиёну каёниён) хондааст.

Дар «Авасто», пиромуни рамзҳои дар рангҳо нуҳуфта, ба гунаи зер матне ҷой дорад: Ранги сафед вижаи табақаи аввал, ё рӯҳониён ва ранги сурх намояндаи табақаи дувум, ё ҷанговарон ва ранги сабз (бунафш), ё обӣ нишони табақаи севум, ё кишоварзон — пешаварон мешавад. (ба ишораи банди 126 дар Яшти даҳум.) Ҳошими Разӣ, «Таърихи мутолиоти динҳои Ирон», Т., 1371 (1993), саҳ.55)

Дирафши коваёнӣ ҳамеша рамзи шаъну шарафи миллияти эронитаборон ва парчамбардор будан мояи ифтихори радони сарбаланди корзорҳо будааст. Дар аҳди бостон аз даст додани дирафши миллӣ нангбору бешарафӣ арзёбӣ мегаштааст. Муноддии аслу насаби ориёӣ дар «Шоҳнома»-и беҳамтои худ лаҳзаҳои ҷолиби пурэҳсоси арҷгузорӣ ва ҷоннисории радону диловарсаронро, ба ҳангоми наҷоти парчами миллӣ, бо як маҳорати устодона бозтоб намудааст. Ва яке аз он саҳнаҳоро, ки ниҳоят рӯҳангезу ҳассос аст, ба таври фишурда дар ин ҷо бозгӯ менамоем:

Ба ҳангоми набарди хунин бо туркони Чин, родмарди озодае бо номи Гиромӣ мебинад, ки парчамбардор кушта шуда, «дирафши ҳумоюн пур аз хоку хун» нагун аст, худро дар яки он ба корзор расонда, дирафшро бармеафрозад ва бо як даст шамшеру дигар дирафш, бо туркон меразмад:

Ба як даст шамшеру дигар дирафш,

Бигирад бад-он ҷо дирафши бунафш.

(«Шоҳнома», ҷ. VI, с. 109)

Душманон ҳамла оварда, дар набарди нобаробар дасти Гиромиро бо шамшер мебурранд. Аммо Гиромӣ бо дандон дирафшро дошта, ба разми диловаронааш идома медиҳад:

Гиромӣ ба дандон бигирад дирафш,

Бидорад ба дандон дирафши бунафш.

(«Шоҳнома», ҷ. VI, с. 123)

Туркон ба ғазаб омада, аз дур вайро бо тир меафкананд. Ин лаҳзаро родмарди озода, Настӯҳ пури Зарир дида аспашро ба пеш меронад ва шаст тан аз душманони дар гирди дирафш гирдомадаро кушта, дирафшро аз замин бармедорад. Ҷолиб он аст, ки чунин саҳнаи пурэҳсоси офаридаи Ҳакими Тусро синамогарони шӯравиву аврупоӣ, пас аз 1000 сол дар бозтоби саҳнаҳои қаҳрамониҳои Ҷанги Дувуми Ҷаҳонӣ (солҳои 1941 — 1945), борҳо такрор кардаанд.

Бузургону сипаҳбадони гузаштаи мо, ҳар кадоме дирафшҳои вижае доштанд, ки рӯяшон намодҳое тарсим гашта, аз рӯи онҳо тафовути як сипоҳ аз сипоҳи дигар муайян мегардид. Чунин дирафшҳои вижаро, пас аз солиёни дароз дар Аврупо ба унвони «штандарт» ҷорӣ намуда буданд. Дар номаи бостони Ҳаким Фирдавсӣ дирафшҳои сипаҳбадону гурдон, ба сурати зер бозтоб шудаанд: Дирафши Рустам — аждаҳопайкар, дирафши Тӯс — пилпайкар, дирафши Гев — гургпайкар, дирафши Гударз — шерпайкар, дирафши Исфандиёр — ҳумопайкар, дирафши Фарибурз — говмешпайкар, дирафши Гуроза — гӯрпайкар, дирафши Фарҳоди Қубод — оҳӯпайкар, дирафши Ашкаш — пайкарпаланг, дирафши Занга — пайкарҳумо ва ғайра.

Дар бораи рангҳои парчамҳо ва умуман рамзи рангҳо, донишиёни мағрибиву машриқӣ нигоҳҳои гуногун дошта, ҳар кадоме аз зовияи биниши мардуми худ фалсафаи рангҳоро бозгӯ кардаанд. Воқеан, дар таърихи фалсафаи ҷаҳонӣ файласуфон тобиши рангҳоро ба гунаи худ дарёфтаанд. Масалан, модигароиҳо (материалистҳо) бар он боваранд, ки ранги сурх далолат ба хун ва мубориза баҳри озодиро дорад, ранги сафед бознамоёнгари барфу покизагӣ аст, ранги зард ишора ба биёбону бодияҳо дорад ва ғайра.

Метафизикҳо бар он гумонанд, ки рангҳо дорои рамзҳои ба ҳам зидду нақиз мебошанд. Чунончи, ранги сиёҳ баёнгари азодорӣ ва ҳамзамон муносиботи таносулӣ мебошад, ранги сафед ифодагари иффату беолоишӣ ва ҳамзамон марг, ранги сурх ба ишқ ва нафрат, зард ба садоқату самимият ва ҳамзамон ба хиёнат ишора мекунад.

Дар «Авасто», ҷуз аз бастагии рангҳо ба табақаҳои ҷомеа, ки дар боло гуфта шуд, рангҳои писандидаи ориёиҳо бо диди вижае бозгӯ шудааст. Аз ҷумла, оварда шудааст, ки сурх — нерӯмандӣ, мардонагӣ, ҷасорат; зард — бузургӣ, шукӯҳ, сарватмандӣ; сабз (бунафш) — озодӣ, тандурустӣ, умед ба оянда; сафед — покӣ, хирад, андешаи некро далолат мекунанд.

Ба нигар мерасад, сухангустарӣ дар ростои рангҳои парчамҳо, бидуни ёдкарди алоҳидаи рангҳову кайфиятҳои дирафши коваёнӣ пурра нахоҳад буд. Чуноне дар оғози ин навиштор ишора гардид, ба бори нахуст таърихи пайдоиши дирафши коваёнӣ дар «Шоҳнома»-и Ҳаким Фирдавсӣ бозтоб гардидааст; Кова пешбанди чармини оҳангарии худро ба найза баста, бармеошӯбад ва он дирафши қиёми мардум мегардад. Ба ҳангоме ки Кова ба назди Фаридун меравад ва шоҳ пешдомани чармини ба найза барбастаро мебинад, бо гавҳари дурахшон ва дебои (матои нафиси) Рум онро меорояд. Аз ситораи он дирафш рангҳои сурху зарду бунафш ҷило медиҳад:

Биёрост онро бо дебои Рум,

Зи гавҳар бар ӯ пайкару зар-ш бум.

(«Шоҳнома», ҷ. I, с. 100)

Пас аз он ҳар шоҳе, ки бар тахти каёнӣ нишаст, ба он чарм гавҳари нав ба нав баровехт. Баъдҳо дирафши коваёнӣ дебову аз парниён сохта шуда, мояи ифтихори озодагон гардидааст:

Зи дебои пурмояву парниён,

Бар он гуна гашт ахтари коваён.

(«Шоҳнома», ҷ. I, с. 102)

Ин нукта дархӯри таваҷҷуҳ аст, ки Ҳаким Фирдавсӣ дар «Шоҳнома»-и беҳамто, парчами душманонро, аз ҷумла Сова ва Афросиёбро, бо ранги сиёҳ ба тасвир оварда, сар ба зер афкандани дирафши сиёҳро рамзи мағлуб сохтани душман бозтоб намудааст. Бад-он гуна, ки Бежан дар набарди хунин турконро мағлуб карда, парчами сиёҳашонро сар ба зер меафканад:

Ки Бежан ба пирӯзӣ омад чу шер,

Дирафши сияҳро сар оварда зер.

Воқеан, яке аз вижагиҳои парчамдории тоҷикон дар он аст, ки гузаштагони дури мо нахустин буданд, ки дар парчами давлатдории худ нақши се ранги рамздорро тарсим карда буданд. Чуноне Ҳаким Фирадавсӣ овардааст:

Фурӯ ҳишт з — ӯ сурху зарду бунафш,

Ҳаме хондаш «Коваёни дирафш».

(«Шоҳнома», ҷ. I, с. 100)

Имрӯз дар саросари ҷаҳон, аз ҷумла дар Русия парчами серанга («триколор») машҳур аст. Шумори зиёди халқиятҳои рӯи замин рангҳои вижаеро пазируфта, онҳоро рамзи миллату давлати худ гуморидаанд. Чуноне ки давлати Фаронса рангҳои сурху сафеду обӣ, Италия — сабзу сафеду сурх, Австрия ва Канада — сурху сафеду сурх, Русия — сафеду обиву сурх, Нидерланд — сурху сафеду обӣ ва монади он.

Дирафши коваёнӣ шӯрбахтона бар асари тозиши ваҳшиёнаи тозиён ба замин афтод ва то расидан ба истиқлолияти давлатӣ, беҳтараш бояд гуфт, то Иҷлосияи сарнавишстсози XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки чанд рӯз пеш 25-солагии он бо як тантанаи бошукуҳ арҷгузорӣ шуд, дигар барафрошта нагашт. Дар бораи сарнагунии дирафши коваёнӣ ва арзиши он Балъамӣ навиштааст: «Чун тозиён хазинаи мулуки Аҷам ғорат карданд, он дирафш пеши сарвари онҳо бимонд. Пас фармуд то он гавҳарҳо бигшоянд ва он пӯст бисӯхтанд.»

Расми дигаре, ки дар он замони бостон ривоҷ доштааст, ба мерос гузоштани дирафши шоҳону сипаҳсолорон ва ба рағми пайгирӣ аз корномаҳои онҳо, ғолибан шоҳ дирафши меросиро бӯсида, бо тантана ба сипаҳбади шоиста месупорид. Ҳамон гуна ки дар «Шоҳнома» омадааст, шоҳ Ҳурмуз дирафши аждаҳопайкари Рустамро пеш аз супоридан ба Баҳроми Чӯбин, бо як шукуҳи вижа мебӯсад:

Биёвард пас шаҳриёрӣ дирафш,

Куҷо пайкари аждаҳо буд бунафш,

Чу бибсуд, хандон ба Баҳром бидод,

Фаровон бар ӯ офарин кард ёд.

Ончуноне аз наворҳои телевизионии Иҷлосияи сарнавишстсози XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, лаҳзаҳои арҷгузории парчами миллиро бо як эҳсосоти фарогир тамошо кардем, Сарвари ҷавони кишвари рӯ ба озодиву осоиштагӣ оварда, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун давомдиҳандаи мероси ҳазорсолаҳои тоҷикон, дар назди омма ба рағми садоқату вафодорӣ, парчами ба тозагӣ офаридаи давлати навини тоҷиконро, бӯсида буд.

Таърихи парчамдорӣ баёнгари он аст, ки ниёкони сарбаланди мо шаъну шарафи дирафши коваёниро чи дар дохили кишвар, чи дар набардҳои сарнавиштсоз нигаҳбонӣ кардаанд.

Ҳоло хушбахтона дар саросари марказҳои навоҳи, вилоятҳо ва пойтахти кишвари азизамон — шаҳри Душанбе парчами давлати Тоҷикистон партавафшон мебошад ва ливои (штандарти) Президенти Тоҷикистон низ ҳамчун дирафши коваёнӣ дубора барафрошта буда, моро даъват месозад, ки ба арзишҳои миллии худ арҷгузорӣ карда, барои ба абад болидаву парафшон будани дирафши миллӣ, тану ҷон дареғ надорем.

Зафар МИРЗОЁН, ховаршинос,

профессори фахрии Донишгоҳи давлатии

Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ

Related Articles

Leave a Comment