Home АНДЕША БОҒБОНЕ, КИ СОЗИ АРҒУНУНРО ДАР…

БОҒБОНЕ, КИ СОЗИ АРҒУНУНРО ДАР…

by admin
347 views

 

Устоди зиндаёд дотсент Тилло Бобоев аз ҷумлаи чунин нафароне мебошанд, ки бо лаёқати комил, истеъдоди худодод ва илми волояш тавонист, ки дар сафи яке аз олимони хеле варзидаи илмӣ-табиатшиносиро пеша кунад.

Баъди кӯшишу талошу заҳматҳои бисёр бунёди боғи наботот дар шаҳри Кӯлоб бо ташабуси марди заҳматкаш, олими варзидаи соҳаи табиатшиносӣ Тилло Бобоев дар як қитъаи замини лалмӣ бунёд гардид.

Дар як муддати кӯтоҳ тухму қаламчаву ниҳолҳои наврустаи беш аз 250 намуди дарахтон ва гулу буттаҳои гуногун ба боғ оварда шуда шинонида шуданд, аммо мушкилоти дигаре ташабускори боғро дар пеш истода буд, ин ҳам норасоии об, зеро ҳар як дарахту гулу буттаҳоро об додан лозим буд. Танҳо бо дастгирии раиси ҳамонвақтаи вилоят Табаров Ҳабибулло дар боғ лӯлаҳои обкашӣ ҷудо карданд ва об ба заминҳои лалмии ташналаби боғ рӯҳу ҷон бахшид. Баъди сафарҳои сершумори Тилло Бобоев ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, аз ҷумла, боғҳои набототи шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Хоруғ, инчунин, Самарқанд, Тошканд, Аашқобод, Алмаато, Сухуми, Батуми, Қрим аз он ҷойҳо овардани тухмиву қаламчаҳои дарахтону буттаҳои нодир боз ҳам колексияи боғро рангину зебо гардонид. Ба ҳамагон маълум аст, ки фарде, ки шуғл ба парвариши гулу дарахт ва илму фарҳанг дорад, барои ҳама солу замон рафтори намуна, фурӯтанӣ, меҳрубонӣ ва зиндагиофарин мешавад.

Ин афрод доимо оламро гулафшон, саморо беғубор, ақлҳоро тавоно, танро пурқувват, зиндагиро гуворо дарк мекунанд. Ба гуфтаи бузургон: «Дар ҳар замон, дар ҳар марҳала инсонҳое вуҷуд доранд, ки дар замони онҳо дили дунё метапад». Ҳангоми донишҷӯ буданаш дар Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон бо чанде аз донишҷӯёни дастаи овозхони «Наврӯз»-ро созмон дода, якчанд суруд хонда, ба овозхон Зафар Нозимов тақлид мекард. Дар дастаи ҳунарии «Наврӯз» истеъдодҳои шинохтаи ҷумҳурӣ, ки он замон донишҷӯ буданд, аз ҷумла устоди зиндаёд Ҷурабек Назриев, устод Дона Баҳромов, София Бадалбоева, шоираи маъруфи тоҷик Гулрухсор Сафиева, ровии радиову телевизион Абдурашид Хоҷамқулов ва чанде дигарон ҳамрои Тилло Бобоев ҳунарнамоӣ мекарданд.

Тилло Бобоев ҳангоми таҳсил дар аспирантураи Ленинград ба дунёи мусиқии урупоӣ дил баста буд. Санъати мусиқиро дӯст медошт, мухлиси ашадии овозхони машҳури Фаронса Энрике Масиес буд ва бо кӯмаки модархонди русаш бо ӯ вохурда, гулдаста туҳфа намуда, акси хотиравӣ мегирад, ки то ҳол дар хонаи устод боқӣ мондааст. Дар шаҳри Ленинград ҳангоми таҳсил дар консертҳои овозхонҳои машҳури дунё Шарл Ознаур, Марк Ариян, Ив Монтан иштирок намудааст. Намоишномаҳои «Гамлет», «Шоҳ Лир» «Эдип»-ро тамошо кардааст. Аз ҳунари волои ситораи кинои тоҷик ва артисти хизматнишондодаи собиқ Шӯравӣ (СССР), Ҳошим Гадоев ки нақши асосиро дар ин се намоишнома иҷро намудааст, ба ваҳҷ омада, ӯро ба Шекспиру Софокл наздиктар медонист, зеро медонист, ки Тоҷикистонро бо чунин фарзандонаш дар Урупо мешиносанд. Ҳангоми сафараш дар шаҳри Таллин-пойтахти Эстония бо даъвати як дӯсташ ба шоми мусиқии Орган меравад ва бад аз шунидани мусиқии сеҳрнок, ки бо асбоби арғунун навохта мешуд, дилбастагӣ пайдо мекунад. Баъди шунидани ин асбоб ва дилбастагӣ пайдо намуданаш Тилло Бобоев ҳар моҳ ба шаҳри Таллин мерафт, то ки овози арғунунро шунавад. Пас аз баргаштанаш ба Тоҷикистон устод дар барои худ пианино мехарад, ки то ҳол дар хонааш боқӣ мондааст. Абармард будан дар соҳаи илм ва дар рӯзгор ин кори саҳл нест ва заҳмати зиёдеро талаб мекунад. Аз ин рӯ, дар мартабаи аҳли зиё қарор доштан ин аз одамгарӣ, фарҳанги бой доштан, фурӯтан ва таҳаммулпазир буданро тақозо менамояд. Чи хеле ки мегӯянд, олим будан ин ифтихор ва таърихи миллат буда, давраҳо ва солҳои хеле тӯлониро дар бар мегирад.

Устоди зиндаёд дотсент Тилло Бобоев аз ҷумлаи чунин нафароне мебошанд, ки бо лаёқати комил, истеъдоди худодод ва илми волояш тавонист, ки дар сафи яке аз олимони хеле варзидаи илмӣ-табиатшиносиро пеша кунад. Тилло Бобоев яке аз олимони нотакрори соҳаи боғпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Осиёи Миёна ба ҳисоб мерафт. Хизматҳои шоён ва арзандаи Тилло Бобоевро ба назар гирифта Ҳукумати Ҷумҳури Тоҷикистон ӯро ба унвони «Корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Аълочии маорифи Тоҷикистон» сарфароз гардонид.

Дотсент Тилло Бобоев аз солҳои 1986-2017 вазифаи директори Боғи набототи шаҳри Кӯлобро ба ӯҳда дошт. Дар ин вазифаи масъулиятнок эшон сарбаландона фаъолият карда, муаллифи зиёда аз 15 китобу дастурамал барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ ва 120 мақолаҳои илмӣ, илмӣ-методӣ мебошад. Таҳти роҳбарӣ ва тавсияи ӯ як қатор муҳаққиқони ҷавон, аз ҷумла, Ҳакимов Файзалӣ (айни ҳол директори Пажӯҳишгоҳи зоология ва паразитологияи АМИТ), Қадамов Дилшод (муовини директори оид ба илми Пажӯҳишгоҳи зоология ва паразитологияи АМИТ), Амиров Зайниддин (ходими калони илмии Пажӯҳишгоҳи зоология ва паразитологияи АМИТ), Давлатов Абдулазиз (ходими калони Пажӯҳишгоҳи зоология ва паразитологияи АМИТ), Исуфов Дилшод (декани факултаи химия, биология ва географияи ДДК ба номи А. Рӯдакӣ) рисолаҳои номзадии худро дифоъ намуданд. Ногуфта намонад, ки Азимов Баҳром (корманди маркази назорати давлатии санитарию эпидэмологии ш. Кӯлоб), Қадамов Абдуғафор (ноиби директори Маркази илмии Хатлон), Шарифов Фирдавс (омӯзгори кафедраи биология ва методикаи таълими он дар ДДК ба номи А. Рӯдакӣ), Қуллаев Шоҳмурод (и.в. мудири кафедраи биология ва методикаи таълими он дар ДДК ба номи А. Рӯдакӣ), Ботурова Зилқада (ходими хурди илмии Маркази илмии Хатлон) ва чанде дигарон дар Боғи набототи шаҳри Кӯлоб ба корҳои илмӣ-тадқиқотӣ машғуланд. Ҳамин тавр, лаҳзаҳои умри пурсамари худро Тилло Бобоев ин шахси фурӯтан, нексиришт бо амалҳои нек, бо омӯзиш ва бо пажӯҳиш давом дод ва боғеро бунёд намуд, ки дар ҷумҳурӣ мислаш ҳамто надорад. Таҳаммулпазирӣ, озор надодани мардум пешаи ҳаррӯзаи эшон буданд.

Дар ин рӯзҳои пурфайз, равони устоди зиндаёд, донишманд, боғпарвар, наботошинос Тилло Бобоев шод бод!

Шоҳмурод ҚУЛЛАЕВ,

мудири кафедари биология

ва методикаи таълими он

Related Articles

Leave a Comment