Home ХАБАР КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМӢ-НАЗАРИЯВИИ УМУМИДОНИШГОҲӢ

КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМӢ-НАЗАРИЯВИИ УМУМИДОНИШГОҲӢ

by admin
223 views

Рӯзи 16-уми ноябр дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсияи илмӣ-назариявии умумидонишгоҳӣ миёни магистрантон ва докторантони PhD зери унвони «Саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушди илми муосир, маориф ва низоми нави таҳсилот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид.

Конференсияро ректори донишгоҳ доктори илмҳои педагогӣ, профессор Мирализода Абдусалом ҳусни оғоз бахшида, дар бораи нақши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушди илми муосир, маориф ва низоми нави таҳсилот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуд. Профессор Мирализода Абдусалом афзуд, ки раёсати донишгоҳ тасмим гирифтааст маводи илмиву оммавие, ки дар ин ҳамоиши илмӣ гирд оварда шудааст, нашр мекунем бовар дорем барои баланд бардоштани ҳисси худшиносиву худогоҳӣ ва гиромидошти Ватану қаҳрамонони фарзонаи он саҳми арзанда хоҳад гузошт.

Дар ин конференсия пажӯҳишгарони ҷавон мавзӯъҳои зеринро таҳлилу баррасӣ намуданд: Пешвои миллат – бунёдгузори сиёсати хориҷии Тоҷикистон, (Бадалов И., докторанти курси сеюми PhD-и факултети таърих, ҳуқуқ ва муносибатҳои байналмилалӣ); Саҳми корхонаи Воҳиди Давлатии Ширкати алюминийи тоҷик дар рушди саноатикунонии кишвар, (Хоҷаев Исроил, докторанти PhD-и курси сеюми факултети химия, биология ва география); Иҷрои лоиҳаҳои инвеститсионӣ дар соҳаи энергетика-омили рушди саноаткунонии кишвар, (Шамсов Сайидо-магистранти курси дуюми факултети иқтисод ва идора); Камоли Хӯҷандӣ-шоири бузурги ғазалсаро. (Ҷураев Сомон, магистранти курси якуми факултети филологияи тоҷик ва журналистика);

Бояд гуфт, ки конференсия дар фазои илмӣ доир гардида, маърӯзачиёни ҷавон бо як биниши тоза дарёфтҳои пажӯҳишии худро дар назди донишҷӯён, олимони ҷавон ва роҳбарияти донишгоҳу устодон матраҳ намуда, дар мавриди вижагиҳои дарёфтаҳои илмии худ ба таври хосса суханронӣ намуданд.

Дар қисмати дуюми конференсия иштирокдорон ба се бахш: илмҳои ҷомеашиносӣ ва гуманитарӣ, илмҳои дақиқ ва табиатшиноосӣ ва илмҳои иқтисодӣ тақсим карда шуданд. Ҳар бахш зери сарварии олимони варзида бо гуфтугӯҳои илмии мароқангез барпо гардиданд.

 

Related Articles

Leave a Comment