Санаи 18-уми ноябри соли ҷорӣ дар факултети таърих, ҳуқуқ ва муносибатҳои байналмилалӣ бо ташаббуси кафедраи ҳуқуқ ва муносибатҳои байналмилалӣ маҳфили « Ҳуқуқшинос» бо иштироки омӯзгорон ва донишҷӯён гузаронида шуд.
Дар аввлал роҳбари маҳфил ассистенти кафедра Қурбонова Зарина суханронӣ намуда, маҳфилро ҳусни оғоз бахшид. Баъдан, донишҷӯи курси 4-уми ихтисоси муносибат ҳои байналмиллалӣ, Музафарова Бону дар мавзӯи «Пешвои миллат рисолати уст» ва донишҷӯи курси 4-уми ихтисоси таърих ва ҳуқуқ, Ёрмуҳаммади Пирмуҳаммад дар мавзӯи «Аҳамияти Иҷлосияи XVI – Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» суханрони намуданд.Дар охир бошад саволу ҷавоб сурат гирифт.