Home МАҚОЛОТИ ТАҲЛИЛӢ ВА НАЗАРПУРСӢТАҲЛИЛ ҲАМСОЛИ ДОНИШГОҲ

ҲАМСОЛИ ДОНИШГОҲ

by admin
409 views

Бахшида ба 75-солагии омӯзгор, нависанда, шоир, публисист, таърихнигор, ходими калони Осорхонаи мероси адабӣ ва осори хатии ба номи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Раҷаб Асозода

Интихоби касб яке аз масъалаҳои бениҳоят муҳим ба шумор меравад. Дар интихоби касб роҳбари синф нақши ниҳоят калон мебозад. Роҳбари синф ҳар як шогирдашро ба касбҳои гуногун шавқманд мегардонад, дар шуури онҳо оид ба ин ё он касб меҳри беандоза мепаварад, то ки шогирдон ба касби интихобкардаашон содиқ монанд.

Дар як соати тарбиявӣ бо тавсияи роҳбари синф хонандагон касби интихобкардаи худашонро пеша карданд. Роҳбари синф ба дафтари махсуси интихоби касб қайд намуд.

Навбати Раҷаб расид. Ҳоло муаллим напурсида гуфт.

-Ман муаллими фанни забон тоҷикӣ мешавам. Инчунин, шоир, нависанда мешавам дар мактаби олӣ дарс медиҳам ва обу рӯи ноҳияи Муъминободро баланд мебардорам.

Аҳли синф аз ҷавоби Раҷаб хандиданд. Раҷаб суст наомада гуфт:

-Чӣ механдед, ман ҷиддӣ гуфта истодаам, ана мебинед.

Ин соли 1960 буд. Раҷаб ба хона омада, дар оянда чӣ шуданашро ба падару модараш гуфт. Онҳо аз ин касби интихобкардаи писарашон хурсанд шуданд.

Бо як шавқу ҳавас ва розигии волидайн Раҷаб баъди хатми мактаб-интернати бачагони деҳаи Сармайдони ноҳияи Мӯъминобод соли 1961 барои амалӣ гардидани орзуяш ба Омӯзишгоҳи педагогии шаҳри Кӯлоб (ҳоло Коллеҷи омӯзгории ДДК ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ) дохил мешавад. Дар солҳои таҳсил дар омӯзишгоҳ ӯро бештар фанни забон ва адабиёти тоҷик ба худ ҷалб менамуд. Соли 1964 Раҷаб Асозода омӯзишгоҳи педагогиро бо баҳои хубу аъло хатм мекунад ва ҳамон сол донишҷӯи Донишкадаи давлатии омӯзгории ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ мешавад ва ба омӯзиши фанни забони модарӣ сахт камар мебандад.

Чор соли таҳсил дар мактаби олӣ ба муваффақият гузаштанд. Баъди хатми донишкада ӯро ба кор ба ҳайси муаллими кафедраи забони тоҷикӣ ба кор гирифтанд. (Дар ин солҳо донишҷӯи фаъол ва бо дипломи аъло тамоммекардагиро ба кор мегирифтанд. Раҷаб низ дар донишкада бо баҳои аъло мехонд ва донишкадаро бо дипломи аъло хатм намуда буд). Ӯ аввалин донишҷӯе буд, ки донишкадаро бо стипендияи ленинӣ хатм намуда буд.

Орзуи падару модар ва писар ҷомаи амал пӯшид. Раҷаб, ки қариб ҳамаи фанҳоро хуб медонист ва бисёр китоб мехонд, мардуми кӯҳистони Мӯъминобод мегуфтанд, ки ана боз як Соҳиб Табари дигар дар ноҳия пайдо шудааст.

Раҷаб Асозода бо завқу маҳорати баланд дар кафедраи забони тоҷикии факултети забон ва адабиёти тоҷики Донишкадаи шаҳри Кӯлоб ба кор сар кард. Омӯзгори ҷавон аз рӯзҳои аввали кор ба ин касб аз таҳти дил машғул шуда, дар як муддати кӯтоҳ дар факултет синфи намунавии забон, маҳфили «Забоншиносони ҷавон» ташкил кард ва ба роҳи ҷӯстуҷӯи беҳтар гардонидани сифати таълими фанни забони модарӣ афтод. Худи муаллими ҷавон ҳар сол ду-се маротиба тахтаи синфро ранг мекард, то ки хоно навишта шавад. Бо ташаббуси вай дар факултет дӯстдорони фанни забон зиёд гардида, шавқу ҳаваси донишҷӯён нисбат ба ин фан афзуд. Сари вақт рӯзномаи девории «Забоншинос» бароварда мешуд.

Раҷаб Асозода дар факултет ва дар донишкада чун омӯзгори донишманду ташкилотчӣ, тарбиятгари мушфиқу ғамхор ном баровард.

Дарсҳои ин муаллими ҷавон дар факултет ҳама вақт рангорангу шавқовар мегузашт. Вай дар дарсҳои худ аз методҳои навтарини таълим, навигариҳои илмӣ, педагогикаю психология моҳирона истифода мебурд. Ӯ натанҳо дарсҳои худро хубу босифат мегузаранд, балки бо мақолаҳои илмӣ-методӣ дар саҳифаҳои матбуоти шаҳрию вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ баромад мекард. Барои такмили донишу маҳорати педагогиаш пайваста меомӯхт, ҷустуҷӯ менамуд, шабҳоро дар андешаи кори илмӣ рӯз мекард.

Мақолаҳои дар саҳифаҳои рӯзномаю маҷаллаҳо нашршудаи ӯ ба омӯзгорони фанни забони модарии мактабҳои миёна чун дастури бебаҳо хизмат карданд ва хизмат карда истодаанд. Шавқу ҳавас, хондани асарҳои илмию методӣ диққати муаллими ҷавонро ба корҳои илмӣ-тадқиқотӣ кашиданд.

Дониши баланду фаррох, тадқиқоти соҳаи ҷумлаҳои мураккаб, олими ояндаи илми забоншиносӣ, ҷавони меҳнатдӯст барин хислатҳои ӯ диққати олими намоёни соҳаи забоншиносии тоҷик Додоҷон Тоҷиевро ба худ ҷалб кард. Бо маслиҳат ва тавсияи ин олими забардасти соҳаи забон як қатор мақолаҳои илмӣ-методии Раҷаб Асозода дар рӯзномаю маҷаллаҳо рӯи чоп омаданд. Д. Тоҷиев қобилияти ӯро ба ҳисоб гирифта, зери роҳбарии ӯ ба навиштани рисолаи илмӣ дар мавзӯи «Ҷумлаи пайрави миқдору дараҷа дар забони адабии ҳозираи тоҷик» камар мебандад. Вай дар як муддати кӯтоҳ соли 1978 рисолаи номзадии хешро ҷамъбаст намуд. Мутаассифона, дар арафаи ҳимояи «Рисолаи номзадӣ» ин олими ҷавон ба беморӣ мубтало гашта, табибон ба ӯ муддати чанд сол кор карданро имконият надоданд.

Ҳамин тариқ, Раҷаб Асозода то соли 1978 аз ҷумлаҳои содда то ҷумлаҳои мураккаб як силсила мақолаҳо навишта, дар тадқиқи сохти синтаксисии забони адабии ҳозираи тоҷик хизмати шоиста кардааст.

Раҷаб Асозода дар давоми 12 соли фаъолияти омӯзгориаш дар таълими фанни забони модарӣ таҷрибаи бой ҳосил кардааст. Касе, ки дар дарсҳои ин муаллим иштирок мекард, хеле хурсанд мешуд. Аҷибаш дар он аст, ки дар дарси ӯ ягон нафар донишҷӯ бекор намемонд. Муаллим бо маҳорат корро бо шавқу ҳаваси донишҷӯён ташкил мекард. Вай дафтари махсуси ба ҳисобгирии донишҷӯён ташкил карда, дар он рафти аз тарафи донишҷӯён аз худ карда шудани мавзӯъро қайд мекард, ба донишҷӯёни сустхонҳо супоришҳои ҷудогона дода, бо донишҷӯёни пешқадам баробар шудани онҳоро таъмин мекард. Вай кӯшиш макард, ки шогирдонаш, пеш аз ҳама, ба ин фан шавқу ҳавас пайдо кунанд. Аз ин ҷост, ки бисёр дастпарварони ин омӯзгор фанни забони модариро интихоб карда, мутахассиси ин соҳа шуданд.

Донишҷӯёни солҳои 1970-1975 устодро шухиомез «ҷарроҳи ҷумлаҳои мураккаб» ном мебурданд, донишҷӯёни солҳои 1975-1979 ӯро «падари ҷумлаҳои мураккаб» мегуфтанд. Беҳад сухани нарму ширин дошт.

Баъди чор соли ранҷу машақат устод саломатии худро барқарор намуд ва аз соли 1983 ба таълифу эҷоди асарҳои илмӣ-тадқиқотӣ, бадеӣ (назмию насрӣ), асарҳои таърихӣ, публисистӣ шуруъ намуд.

Аз қабили «Ҷумлаи пайрави миқдору дараҷа дар забони тоҷикӣ», (1979), Силсила мақолаҳо оид ба хусусиятҳои таълими синтаксис дар мактаби миёна ва олӣ (1970), «Вазифаҳои грамматикии пайвандаки «то» (1976), «Ҷумлаи пайрави миқдору дараҷа бо тобишҳои иловагии натиҷа» (1978), «Ба ибораҳои феълӣ баргаронидани ҷумлаи пайрави миқдору дараҷа» (1976), «Муноҷотнома» (маҷмӯаи ашъор) (2006), «Дуои субҳу оҳи шаб» (маҷмуаи ашъор) (2016), «Қиссаи ду дӯст» (2015), «Сафарномаи Самарқанду Бухоро» (2019), «Аз ривоят то ҳақиқат» (2015), » Фазилат ва фарҳангӣ салом» (2018), «Мусофирати роҳи ҳақиқат» ( 2019), «Бузургони диёри Мӯъминобод» (2019), «Оромгоҳи Ҳазрати Амирҷон» (1991), «Ривоятҳо дар бораи Ҳазрати Амирҷон» (193), «Мир Сайид Ҷалолиддини Гулдаста» «2001), «Мӯъминобод» (2002), «Мӯъминобод — диёри чашмасорон» (нашри якум) (2014), «Мӯъминобод — диёри чашмасорон» (нашри дуюм) (2014).

Инчунин, дар давоми чанд солҳои охир бо ҳамроҳии фарзандаш, номзади илмҳои филологӣ, детсент Ҳотам Асозода дар якҷоягӣ дар тартибу ташвиқи осори бузургони диёри кӯҳистони Хатлонзамин, аз қабили Мир Сайид Али Ҳамадонӣ хизматҳои бениҳоят калонро ба анҷом расондаанд, аз ҷумла » Шамае аз Захират -ул-мулук» (1992), » Авроди фатҳия»(1992), «Авроди асрия», «Насиҳатномаи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ» (1993), «Минҳоҷ-ул-орифин» (1993), «Хоҷа Исоҳоқи Хатлонӣ» (нашри якум) (2000), «Хоҷа Исоҳоқи Хатлонӣ» (нашри дуюми мукаммал) (2015), «Пирони кӯҳистони Хатлон» (2006), «Мухтасари зиндагӣ ва корномаи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ» (2014), «Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ: таълифоти илмӣ, ирфонӣ ва адабӣ» (2015) ва ғайра хонандаи тоҷикро бо ин шахсияту осори безаволи мутафаккири бузургвор аз наздик шинос кардаанд.

Бояд гуфт, ки то имрӯз устод Раҷаб Асозода зиёда аз 110 мақолаҳои илмию методӣ, 15 китоби илмию таърихӣ, бадеӣ ва дар ҳаммуаллифӣ зиёда аз 25 таълифоти пурарзишу пурмазмун анҷом додааст, ки онҳо мазмуни баланд доранд.

Соли равон барои устод Раҷаб Асозода, шогирдон, ҳамкорон ва фарзандону пайвандонаш соли махсус аст, чунки ӯ 75-сола шуданд. Устоди азизро ба ин муносибат аз самими қалб табрик гуфта, барояш тансиҳатӣ, умри бобаракат, хонаободӣ, рӯзгори шоиста, ҳузуру ҳаловати фарзандону наберагонро таманно дорем

Шариф БЕГИЕВ, 

саромӯзгори факултети

омӯзгорӣ ва фарҳанг

Related Articles

Leave a Comment