Home МАҚОЛОТИ ТАҲЛИЛӢ ВА НАЗАРПУРСӢТАҲЛИЛ ҶАШНИ МЕҲРГОН САРЧАШМА ДАР ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ ДОРАД

ҶАШНИ МЕҲРГОН САРЧАШМА ДАР ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ ДОРАД

by admin
426 views

Ҷашни Меҳргон чун Наврӯз дар миёни лаҳнҳои мусиқии суннатии мо — «Дувоздаҳмақом» ном бурда шудааст. Дар китоби Абӯ Насри Форобӣ ба унвони «Мусиқии кабир», лаҳни «Меҳргон» ҳамчун мақоми ёздаҳум ёд шудааст. Низомии Ганҷавӣ дар достони «Хусрав ва Ширин», бо ёдоварӣ аз си лаҳни Борбад, лаҳни бистуякумро «Меҳргонӣ»донистааст.

Ин ҳама гувоҳ бар он аст, ки оҳангофарони барҷастаи бостон ба ин ду ҷашни бузург мусиқиҳои вижа бахшида, ба ҳангоми гиромидошти ин ойинҳо, хунёгарон мусиқии маросимӣ менавохтаанд.

Сипоси бешумор ба Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки бо биниши баланди шинохти гузашта ва имрӯзаи мардумони мо ҳамеша дар пайи зиндасозӣ ва посдошти андешаҳои неки гузаштагонамон мебошанд!

Пешинаи таърихии мардумони тоҷиктаборро ба ёд оварда метавон пай бурд, ки гузаштагони мо ҷараёни зиндагӣ ва кори худро аз рӯи гоҳшумории озмудашуда пеш мебурданд. Ҳамин аст, ки дар солшумории яздигурдӣ, ё авастоӣ ҳар моҳ аз си рӯз иборат буда ҳар як рӯз, чун ҳар моҳ дорои номи вижа мебошад. Яъне ҳар рӯзи ин си рӯз ба худ номи мушаххас дорад ва рӯзҳо ба амшосипандону эзадон (фариштагон) бахшида шудаанд. Рӯзҳои ҳамноми моҳҳо бо шукӯҳи вижа ҷашн гирифта мешуданд. Ба монанди рӯзи Фарвардин дар моҳи фарвардин — оғози баҳор, (ҷашни Фарвардагон — Наврӯз), рӯзи Тир дар моҳи тир — оғози тобистон, (ҷашни Тиргон), рӯзи Меҳр дар моҳи меҳр — оғози пойиз (тирамоҳ), (ҷашни Меҳргон) ва монади он. Барои равшан шудани вижагиҳои моҳҳо ва рӯзҳои гоҳшумории яздигурдӣ ин мисраъҳоро аз осори гаронбаҳои Масъуди Саъди Салмон меоварем:

Рӯзи меҳру моҳи меҳру

                ҷашни фаррух Меҳргон.

Меҳр бифзо эй, нигори

                         моҳчеҳри меҳрубон,

Меҳрубонӣ кун ба ҷашни

                       Меҳргону рӯзи Меҳр,

Меҳрубонӣ кун ба рӯзи

                       меҳру ҷашни Меҳргон.

Ҷашнҳои дигари сол иборат буданд аз Урдабиҳиштгон, Хурдодгон, Умрдодгон, Шаҳриваргон, Обонгон, Озаргон, Хуррамрӯз, Баҳмангон, Исфандгон.

Аз ин ки сарнавишти эронитаборон ҳамвора ба заминдориву ободсозӣ пайваст буд ва ин мардум ғолибан шаҳрнишиниву деҳнишинӣ ихтиёр доштанд, гоҳшумориашон низ ба шумули номи моҳҳо, ба киштварзӣ иртиботи ногусастанӣ доранд. Ҷашнҳои бузургтарини бостонии эронитаборон дар баробари ситоиши офариниши офтоб, замин, об, оташ, одам, дарахт ҳар кадом ба тағйири боду ҳаво, киштукори зироат иртибот доранд. Бузургтарини ин ҷашнҳо Наврӯз, Меҳргон Сада ва Тиргон мебошанд, ки ба фаслҳои баҳор, тобистон, тирамоҳ, (хазон — пойиз), зимистон бахшида шудаанд. Дар бостон фазилати ҷашни Меҳргонро аз Наврӯз боло медонистаанд ва ончуноне аз сангнавиштаҳои Дориюши Бузург дар Бесутун бармеояд, соли нави эрониаслон дар ибтидо айёми хазон баргузор шуда, ҷашни Меҳргон низ аз ҳамон замон баргирифта шудааст.

Дар охирҳои фармонравоии Дориюши Бузург, соли навро ба рӯзи нахустини фарвардин, Наврӯз гузарониданд. Ҳамин аст ки ин ду ҷашн ба худ ҳамгуниҳое доранд.

Дар мавриди пайдоиши вожаи «меҳр» ва ҷашни Меҳргон сухан бисёр аст, ки дар ин фурсат таваҷҷуҳи хонандагонро танҳо ба маънии ин вожа ҷалб мекунем. Вожаи «меҳр» ба фурӯғ, рӯшноӣ, паймон, дӯстӣ, пайванду муҳаббат ишора дошта, зидди дурӯғу дурӯғгӯйӣ, паймоншиканӣ аст. Ва Меҳргон номи дигари Офтоб аст, ки воқеан офтоб чун меҳр рӯшноиву гармӣ мебахшояд ва гармии аз дӯстиву ҳампаймонии одамон пайдо гашта, ба замину инсонҳо хуррамиву шугуфоӣ арзонӣ медорад.

Меҳргон ба устураи Митра, яке аз худоёни пеш аз зартуштӣ, замони бовариҳои хуршедпарастии эронитаборон (митроизм) ишора дорад. (Гузаштагони дури мо то замони зуҳури Зартушт, бар он бовар буданд, ки худоён якчанданд. Ба монанди худои Митра (Mitra) — эзади паймон, дӯстӣ, пайвастагӣ, осудагӣ, худои Индра (Indra) — эзади ҷанговар, худои Аноҳито — эзадбонуи об, ноолудагӣ ва борварӣ, худои Ваҳрон (Wahr?n) — эзади пирӯзӣ, худои Атар, ё Агни, (?tar) — эзади озар, оташ), худои Тиштар (Tishtar — Tishtrya) — эзади нигаҳбони борон.

Зартушт чун паямбар хонда шуд, худоро ягонаву беҳамто, бо номи Аҳурамаздо эълом дошт, вале худоёни митроизмро пурра инкор накарда, онҳоро ҳамчун эзадон, яъне фариштагони бузург донист. Бад — ин тартиб паямбар Зартушт ба бори нахуст дар ҷаҳон тавҳид, яъне ягонагии худоро эълом доштааст

Рӯйи сангнавиштаи дар боло ёд шуда бо хати мехӣ ҷашни Меҳргон ба гунаи «Митрагана, — Митрогоно богйодӣ / бағёдӣ», (b?gay?d), ба маънии «ёди худо», ё «Меҳргони худодод» омадааст. («баға», яъне худо, аз ҷумла дар забонҳои славянӣ вожаи «бог», реша дар он дорад.)

Пизишки шоҳи ҳахоманишӣ Ардашери дуввум, ки аслан юнонӣ буд, ҷашнгирии эрониёнро мулоҳиза намуда, нақл кардааст, ки эрониён дар ин ҷашн ҷомаҳои арғувониранг пӯшида, ҳамроҳ бо дастаҳои хунёгарон ба рақсҳои дастаҷамъӣ мепардозанд.

Пажӯҳишгарони торихи гоҳшиносӣ чунин истидлол мекунанд, ки бахшҳои маросимие, ки дар Наврӯз ба кишоварзон иртибот доранд, баргирифта аз соли нави бостонии тирамоҳӣ, аз Меҳргон мебошанд.

Агар Наврӯз дар баробарии (эътидоли) баҳории шабу рӯз (12 соат шаб ва 12 соат рӯз), ҷашн гирифта шавад, гиромидошти Меҳргон дар баробарии тирамоҳии сол сурат мегирад. Ин ҳамсонии ду ҷашни бузургу муқаддасро Носири Хусрави Қубодиёнӣ чунин ёдовар шудааст:

Наврӯз беҳ аз Меҳргон гарчи,

Ҳар ду замонанд эътидолӣ.

Шоистаи ёдоварист, ки тоҷиктаборони бостон ба ҷуз гоҳшумории яздигурдӣ, аз тақвими ҷалолӣ кор мегирифтанд ва ҳоло низ гоҳшумории ҷалолӣ дар кишвари имрӯзини Афғонистон ривоҷи расмӣ дорад. (Осмон ба 12 бурҷ тақсим шуда, бо расидани офтоб ба яке аз ин бурҷҳо, моҳи дигар мерасад. Аз рӯйи ин тақвим баробарии шабу рӯз дар сол ду бор сурат мегирад; баробарии баҳорӣ дар бурҷи Ҳамал — Барра ва баробарии тирамоҳӣ дар бурҷи Мизон — Тарозу. Ҳамин аст, ки дар тақвими мардумии тоҷикони кӯҳнишин расидани офтобро ба бурҷи ҳамал, яъне 16 -21 март, ки баробарии баҳории шабу рӯз аст, «Офтобдархона» ва расидани офтобро ба бурҷи мизон, яъне 16 — 21 октябр, ки баробарии тирамоҳии шабу рӯз аст, «Офтобдартарозу » номидаанд. )

Дар сангнабиштаи кӯҳи Бесутун овардаанд, ки Дориюши Бузург моҳи Меҳр дар ҷанг бо Гавматаи Муғ пирӯз шудааст ва аз он сол эронитаборон ин рӯзро ҷашн мегирифтаанд ва дар ин бора таърихнигори шинохтаи бостон, Ҳеродот низ ёдкарде дорад, ки «эрониён ин ҷашнро «муғкушӣ» номидаанд.» (Ҳеродот, китоби III., Т.,1342,с.67) Аслан вожаи «муғкушӣ» ишора ба қурбонӣ кардани гови нарро дорад.

Бархе аз таърихнигорон бар онанд, ки Ҳаким Фирдавсӣ ва Асадии Тусӣ дар намоди пирӯзии Коваи Оҳангар бар Заҳҳоки ситамгари вайронкунандаи ниёишгоҳҳо ва бар тахт нишастани Фаридуншоҳ пирӯзии Дориюши Бузург бар Гавматаи Муғро дар нигар доштаанд. Ҳаким Фирдавсӣ дар «Шоҳнома», ба пайдоиши ҷашни Меҳргон дар замони шоҳаншаҳии Фаридун чунин ишораҳо дорад:

Фаридун чу шуд бар ҷаҳон комгор,

Надонист ҷуз хештан шаҳриёр.

Ба расми каён тоҷу тахти меҳӣ,

Биёрост ба кохи шоҳаншаҳӣ.

Ба рӯзи хуҷаста сари меҳрмоҳ,

Ба сар барниҳод он каёнӣ кулоҳ.

Замона беандӯҳ гашт аз бадӣ,

Гирифтанд ҳар кас раҳи бихрадӣ.

Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дар рӯзи ҷашни Меҳргон дар ситоиши шоҳ чунин сатрҳоро сурудааст:

Малико, ҷашни Меҳргон омад,

Ҷашни шоҳону хусравон омад.

Ту ҷавонмарду давлати ту ҷавон,

Май бар бахти ту ҷавон омад.

Аз шоирону донишмандони гузаштаи форс — тоҷик, ҷуз Рӯдакиву Фирдавсӣ ва Асадии Тӯсӣ ҳамчунон Абӯрайҳони Берунӣ, Саъолибӣ, Ҷаҳонгирӣ, Ҷоҳиз, Унсурӣ, Фаррухии Сиистонӣ, Манучеҳрии Домғонӣ, Масъуди Саъди Салмон ёдкардҳо ба ёдгор дорем.

Садриддин Айнӣ низ дар китоби «Ёддоштҳо» ёдовар шудааст, ки дар Бухоро дар моҳи мизон Меҳргонро ҷашн мегиранд.

Ҷашни Меҳргон чун Наврӯз дар миёни лаҳнҳои мусиқии суннатии мо — «Дувоздаҳмақом» ном бурда шудааст. Дар китоби Абӯ Насри Форобӣ ба унвони «Мусиқии кабир», лаҳни «Меҳргон» ҳамчун мақоми ёздаҳум ёд шудааст. Низомии Ганҷавӣ дар достони «Хусрав ва Ширин», бо ёдоварӣ аз си лаҳни Борбад, лаҳни бистуякумро «Меҳргонӣ»донистааст. Ин ҳама гувоҳ бар он аст, ки оҳангофарони барҷастаи бостон ба ин ду ҷашни бузург мусиқиҳои вижа бахшида, ба ҳангоми гиромидошти ин ойинҳо, хунёгарон мусиқии маросимӣ менавохтаанд.

Мебояд ёдовар шуд, ки дар миёни мардуми оддӣ, гарчи номи аслии «Меҳргон» аз ёд рафта бошад ҳам, як идда аз вижагиҳои он вобаста ба кишоварзӣ ва хонадӯстиву деҳхудоӣ, нигаҳ дошта шудаанд. Деҳнишинон меваҳоро, ба монанди ангӯру анҷиру анор, себу биҳӣ, ноку нашпотӣ, пиставу чормағз ва дигар рӯёндаҳои хешро бардошта, барои зимистон захира мекунанд, пиставу чормағз ва меваҳои хушкро ба ҳамел мекашанд. Ёдам ояд, ки соҳибони чорпо, ба вижа онҳое ки гови нареро парваронда буданд, дар оғози тирамоҳ барои хайр ва захираи гӯшт (қайла), ҳалол мекарданд. (Дар қисмати шимоли Тоҷикистон ин кунишро «гӯспандкушӣ» меноманд). Бад — он гуна ки дар боло ёд шуд, ин куниши тоҷикон реша дар маросими куҳани «муғкушӣ» дорад. Дар ин рӯзҳо бозори молу ғалладона ниҳоят гардон ва аз ҳосили боғу киштаҳо фаровон буд. Дар миёни пирсолони мардуми Бадахшон ва Ванҷу Вахиё таркиби «Наврӯзи тирамоҳ» ҳанӯз ривоҷ дорад.

Гузаштагони мо дар ҷашни Меҳргон чун ба Наврӯз хони тирамоҳӣ барафрохта, онро ғолибан аз меваҳои ранги сурх дошта меоростанд. Меваҳои тоза ба сони себ, биҳӣ, анор, турунҷ, анҷир, санҷид, хурмо, ноку муруд, меваҳои мағздор ба монанди писта, чормағз, бодом. Нонҳову хӯрданиҳои меҳргонӣ аз ҳафт навъи ғаллаҳое ба монанди гандум, биринҷ, нахуд, наск, ҷав, мош, арзан ва шарбатҳо аз шакар, ширинӣ, асал, гулоб, таҳия мегашт. Хони меҳргонӣ бо ҷоми оташ (миҷмар), хушбӯйиҳои суда, обӣ ва дудӣ, чун испанд, мушки суда, мушки обӣ, заъфарон, уд, анбар, абир, гулоб озин мешуд. Дар миёни хони меҳрогонӣ, ки аз матоъи арғувониранг таҳия шуда буд, «гули ҳамеша шукуфон» гузошта, гирдогирди онро бо гулҳои тирамоҳӣ меоростанд. (Ба мо маълум нест, ки «гули ҳамеша шукуфон» чи навъ гул аст, аммо тахмин меравад, ки он гули довудӣ — хризантема бошад. Гули довудӣ дар миёни бархе мардумон, аз ҷумла барои ҷопониҳо яке аз гулҳои вижа ба шумор рафта, ҳар тирамоҳ дар он кишвар сайру гаште бо номи «сайри гули хризантема» доир мегардад.)

Гуфтани ин нуктаро низ зарур донистем, ки бузургони эрониасли дини ислом аз фазли ду ҷашни миллӣ — Наврӯз ва Меҳргон бо меҳр сухан гуфтаанд. Аз ҷумла Салмони Форс гуфтааст: «Мо дар аҳди Зартуштӣ будан мегуфтем, худованд барои зиннати бандагони худ ёқутро дар Наврӯз ва забарҷадро дар Меҳргон овард. Ва фазли ин ду бар айём монанди фазли ёқуту забарҷад аст бар ҷавоҳири дигар.» (А. Берунӣ, «Осор-ул-боқия», Д.1990 саҳ.242)

Ва дар поён мехоҳам ҳамвандони гиромиро дар ин рӯзи хуҷаста бо ёдкарди байти Унсурӣ шодбош гуфта, ба сарзамини меҳрбору меҳрофарини тоҷикон хушнудиву фаровонӣ, оромиву беҳрӯзгорӣ орзӯ намоям:

Некрӯзу некҷашну

                              неквақту некфол,

Меҳргон омад гирифта

                     фолаш аз некӣ мисол.

Дуруду ситоишу ниёиш бод, ба меҳр ва меҳргоноварон!

Зафар МИРЗОЁН,

ховаршинос, профессори фахрии

Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ

Related Articles

Leave a Comment