Home СИЁСАТПРЕЗИДЕНТ АНДАР ШИНОХТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

АНДАР ШИНОХТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

by admin
298 views

Зиндагинома

Эмомалӣ Раҳмон 5-уми октябри соли 1952 дар ноҳияи Данғараи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар оилаи деҳқон таваллуд шудааст.

Фаъолияти меҳнатиашро соли 1969, баъд аз хатми Омӯзишгоҳи касбию техникии № 40-и шаҳри Калининобод (ҳоло Сарбанд), ба ҳайси устои барқ дар Корхонаи равғанкашии шаҳри Қӯрғонтеппа шурӯъ намудааст.

Солҳои 1971-1974 дар Флоти уқёнуси Ором дар хизмати ҳарбӣ буд. Пас аз хизмати ҳарбӣ ба зодгоҳи худ баргашта, дар совхози ба номи Ленини ноҳияи Данғара кор кардааст.

Соли 1982 факултети иқтисоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм намудааст.

Солҳои 1976-1987 дар вазифаҳои котиби раёсат, раиси Кумитаи иттифоқҳои касабаи совхози ба номи Ленини ноҳияи Данғара буд. Сипас дар мақомоти ҳизбӣ фаъолият дошт.

Аз соли 1987 то соли 1992 директори совхози ба номи Ленини ноҳияи Данғара буд.

Соли 1990 Эмомалӣ Раҳмон вакили мардумӣ дар Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ХII интихоб мешавад. Тирамоҳи соли 1992 Раиси Кумитаи иҷроияи Шӯрои намояндагони халқи вилояти Кӯлоб интихоб гардид.

19 ноябри соли 1992 дар иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуд.

6 ноябри соли 1994 Эмомалӣ Раҳмон бо роҳи овоздиҳии умумихалқӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуд.

6 ноябри соли 1999 Эмомалӣ Раҳмон дар асоси алтернативӣ ва бо овоздиҳии умумихалқӣ бори дуюм ба мӯҳлати ҳафт сол Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид.

6 ноябри соли 2006 Эмомалӣ Раҳмон дар интихоботи озоду шаффофи демократӣ дар асоси алтернативӣ бори сеюм ба мӯҳлати ҳафт сол Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуд.

6 ноябри соли 2013 Эмомалӣ Раҳмон бо 84,23% овози интихобкунандагон дар интихоботи навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пирӯз гардид.

Мувофиқи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат ба тасвиб расидааст, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ки барои халқи Тоҷикистон хизматҳои бузургу беназир кардааст ба сифати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат эътироф карда шудааст.

Қаҳрамони Тоҷикистон (аз 11 декабри соли 1999) мебошад.

Оиладор ва падари нӯҳ фарзанд аст.

Муносибатҳои хориҷӣ

Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро беш аз 150 кишвари ҷаҳон ба расмият шинохтааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон бо эътироф кардани Ойинномаи Созмони Милали Муттаҳид, Санади хотимавии Хелсинки, Баёнияи Париж ва дигар созишномаҳои байналхалқӣ сиёсати дохилӣ ва хориҷии худро амалӣ сохта, ҳифзи ҳуқуқи инсонро, сарфи назар аз мансубияти миллӣ, маҳаллӣ ва мазҳабиву нажодӣ, муроот менамояд.

Ҳамзамон, дар баланд бардоштани нуфузу эътибори байналмилалии Тоҷикистон ва ҳаллу фасли масъалаҳои глобалӣ талошҳои Эмомалӣ Раҳмон ниҳоят бузург ва саривақтианд. Ӯ борҳо аз минбари баланди Созмони Милали Муттаҳид баромад карда, дар баробари мушкилоти Тоҷикистон таваҷҷӯҳи ҷомеаи ҷаҳониро ба қазияи Афғонистон, масъалаҳои мубориза бо терроризму экстремизм, қочоқи маводи мухаддир, рушди нобаробари давлатҳои ҷаҳон, масъалаи таъминоти оби тоза ва ғайраҳо ҷалб мекунад. Ниҳоят, ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ҳалли қазияи Афғонистон, ки ба пойгоҳи терроризму экстремизм табдил ёфта буд, рӯ овард.

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаҳои муҳимтарини ояндаи инсоният низ муносибати дурбинона ва ҷиддӣ дорад. Бо пешниҳоди Эмомалӣ Раҳмон Созмони Милали Муттаҳид соли 2003-юмро Соли байналмилалии оби тоза, солҳои 2005-2015-умро Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об барои ҳаёт» эълон кард. Айни ҳол аксари чорабиниҳои ҷаҳонию минтақавии вобаста ба об дар чаҳорчӯби ҳамин даҳсола гузаронда мешаванд, ки боиси ифтихору сарфарозии ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон аз ин иқдоми Сардори давлат аст.

Ҳамин тавр, хизмати таърихии Эмомалӣ Раҳмон аз он иборат аст, ки маҳз ӯ ихтиёри давлатдориро ба даст оварда, пеши роҳи хатари нобудии онро гирифт, оташи ҷанги дохилиро хомӯш намуд, сохтори фалаҷгардидаи ҳокимият, хусусан мақомоти ҳифзи ҳуқуқро, барқарор сохта, артиши миллӣ ва нерӯҳои посбони сарҳадро таъсис дод. Барои таҳкими ҳокимият ва давлат шароит муҳайё намуд, заминаи сулҳи миллиро матраҳ кард, гурезаҳо ва муҳоҷирони иҷбориро ба Ватан баргардонид, заминаи устувори эъмори ҷомеаи навини Тоҷикистонро гузошт. Ислоҳоти конститутсиониро дар мамлакат амалӣ гардонид, Конститутсияи (Сарқонуни) нави Тоҷикистонро эҷод кард. Ҷиҳати 27 июни соли 1997 ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ заминаҳои ҳуқуқиву сиёсиро фароҳам сохт, сулҳи тоҷиконро ба даст овард, ки барои ҷаҳониён таҷрибаи беназир аст. Заминаҳои эҳёи миллиро фароҳам сохт, ба корҳои азими созандагӣ ифтитоҳ бахшид, аҳволи иҷтимоӣ ва иқтисодии мардумро ба куллӣ беҳтар карда, хатари гуруснагиро аз байн бурд, эътибори сиёсии давлатро дар арсаи байналмилалӣ афзуд.

Сулҳ ва унвону ҷоизаҳои байналмилалӣ

Эмомалӣ Раҳмон ба ивази саҳми хеле арзишманди худ дар таъмини сулҳи Тоҷикистон ва таҳкими амнияти минтақа ва дигар хидматҳои шарофатмандонааш дар вусъати муносибатҳои дӯстона ва ҳамкории байни мардумон бо унвону нишонҳои олии давлатҳо ва созмонҳои гуногуни ҷаҳон сарфароз гардидааст.

Хизматҳои Эмомалӣ Раҳмон ҳам дар дохили кишвар ва ҳам берун аз он эътироф гардидаанд. Барои саҳми бебаҳо дар густариши ҷомеаи умумибашарӣ ӯ ба гирифтани Ситораи тиллоии Алберт Швейтсер ва унвони фахрии Профессори Академияи умумиҷаҳонии тиб дар соҳаи илмҳои гуманитарӣ сазовор дониста шудааст. Ӯ дар ҷаҳон аввалин сиёсатмадорест, ки ин мукофоти олиро соҳиб гардидааст.

Соли 2005 дар арафаи ҷашни Ваҳдат боз як ҷоизаи олӣ-медали тиллоии «Барои таҳкими сулҳ ва ризоияти байни халқҳо»-и Федератсияи байналмилалии сулҳ ва ризоият насиби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гардид. Эмомалӣ Раҳмон дар байни сарони кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аввалин касе мебошад, ки ба гирифтани ин ҷоиза мушарраф гардидааст.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар солҳои гуногун ҳамчунин бо Унвони шаҳрванди ифтихории пойтахти Қирғизистон, Доктори ифтихории Донишгоҳи давлатии Хуҷанд, Профессори ифтихории фалсафаи Академияи умумиҷаҳонии тиббӣ, Ситораи тиллои Алберт Швейсер, Ҷоизаи олии ҷамъиятии Бунёди байналмилалии хайрияи «Сарпарастони аср» -Ордени нахустини алмосдори «Ситораи сарпараст», ордени «Қаҳрамони миллии Афғонистон — Аҳмадшоҳи Масъуд», Медали тиллоии «Барои таҳкими сулҳу ризоияти байни халқҳо», Нишони рамзии Дани 5-уми камарбанди сиёҳи Карате-до, доктори фахрии Донишгоҳи Ғозии шаҳри Анқараи Ҷумҳурии Туркия, Профессори фахрии Донишгоҳи Евразияи Остона ба номи Лев Николаевич Гумилев, Медали тиллоии давлати Миср, Ситораи ёқути сурх «Миротворец» (Сулҳовар), Нишони фахрии ИДМ, Ордени княз Ярослави Ҳаким дараҷаи 1-и Украина, Доктори фахрии Донишгоҳи миллии Киев ба номи Тарас Шевченко, Ордени Шӯрои олимпии Осиё, Медали тиллоии ЮНЕСКО, Профессори фахрии Донишгоҳи давлатии кӯҳии Урал, Ордени «3 Ситора дараҷаи 1» бо занҷираи зарини Латвия, Ордени Ифтихории Иттиҳоди байналмилалии нақлиёти автомобилӣ, Профессори фахрии Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи Михаил Ломоносов, «Доктори фахрӣ» — и Институти шарқшиносии Академияи илмҳои Русия, Мукофоти олии Академияи илмҳои тиббии Федератсияи Русия — Медали тиллоии ба номи Николай Блохин, Мукофоти олии давлатӣ — Нишони Покистон, Ордени байналмилалии «Моҳи нав ва ситора», Мукофоти олии Пажӯҳишгоҳи муттаҳидаи тадқиқоти ядроии Федератсияи Русия-Медали тиллоӣ, Мукофоти олии давлатии Украина — орден «Барои хизматҳо» дараҷаи 1, унвони фахрии профессори Донишгоҳи миллии кӯҳкории Украина ва медали тиллоии академик Терпигорев, Профессори фахрии Донишгоҳи Сямэни музофоти Фуҷиан, Шаҳрванди фахрии шаҳри Шанхани музофоти Фуҷиани Ҷумҳурии Мардумии Чин, Медали тиллоии Кумитаи олимпии Чин, Мукофоти Давлати Кувайт ордени «Муборак Алкабир», Мукофоти олии давлатии Озарбойҷон — Ордени Ҳайдар Алиев, Ордени Президенти Туркманистон Битараплик (Бетарафӣ), Профессори фахрии Донишкадаи давлатии иқтисод ва идораи Туркманистон, Доктори ифтихории Донишгоҳи Мавлонои шаҳри Қуния, Медали «60 — солагии ЮНЕСКО», Мукофоти давлатии Баҳрайн «Ал-Қилод ал-Халифӣ»(ордени Подшоҳӣ), Профессори фахрии Донишгоҳи Давлатии Беларус, профессори фахрии Донишгоҳи Лимкоквинги Малайзия, профессори фахрии Донишгоҳи нафтию техникии Уфа, Профессори фахрии Маркази аврупоии тадқиқоти байналмилалӣ ва стратегӣ (CERIS) (ш.Брюссел), Доктори фалсафа ва иқтисоди Донишгоҳи Қоиди Аъзами Покистон, мукофоти олии Федератсияи Россия Ордени Александр Невский ва дигар мукофоту ҷоизаҳо сарфароз гардонда шудааст.

Китобҳои Эмомалӣ Раҳмон

Китоби 1. «Эмомалӣ Раҳмон наҷотбахши миллат» (Сиёсати дохилӣ ва хориҷии Президенти Тоҷикистон дар солҳои 1992 — 1995)

Китоби 2. «Эмомалӣ Раҳмон поягузори сулҳ ва ваҳдати  миллӣ» (Сиёсати дохилӣ ва хориҷии Президенти  Тоҷикистон дар солҳои 1996 — 1999)

Китоби 3. «Эмомалӣ Раҳмон ва оғози марҳалаи созандагӣ» (Сиёсати дохилӣ ва хориҷии Президенти Тоҷикистон дар солҳои 2000-2003)

Китоби 4. «Эмомалӣ Раҳмон ва соле, ки ба қарнҳо баробар аст» (Сиёсати дохилӣ ва хориҷии Президенти Тоҷикистон дар соли 2004).

 Китоби 5. «Эмомалӣ Раҳмон ва соли фарҳанги оламгир» (Сиёсати дохилӣ ва хориҷии Президенти Тоҷикистон дар соли 2005)

 Китоби 6. «Эмомалӣ Раҳмон ва соли тамаддуни ориёӣ» (Сиёсати дохилӣ ва хориҷии Президенти Тоҷикистон дар соли 2006)

Китоби 7. «Эмомалӣ Раҳмон: Оғози марҳилаи нав» (Сиёсати дохилӣ ва хориҷии Президенти Тоҷикистон дар соли 2007)

Китоби 8. «Эмомалӣ Раҳмон ва соли Рӯдакӣ» (Сиёсати дохилӣ ва хориҷии Президенти Тоҷикистон дар соли 2008)

Китоби 9. «Эмомалӣ Раҳмон ва соли Имоми Аъзам» (Сиёсати дохилӣ ва хориҷии Президенти Тоҷикистон дар соли 2009)

Китоби 10. «Эмомалӣ Раҳмон ва соли маориф ва фарҳанги техникӣ» (Сиёсати дохилӣ ва хориҷии Президенти Тоҷикистон дар соли 2010)

Китоби 11. «Феҳристи таърихнигорӣ оид ба фаъолияти Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон» 2011.

Китоби 12. «ПРЕЗИДЕНТ» (Нақши Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими ҳокимияти давлатӣ ва истиқлолияти миллӣ.)

Китоби 13. «Тоҷики оламшумул»

Китоби 14. «Эмомалӣ Раҳмон ва ҷомеаи ҷаҳон»

Китоби 15. «Эъҷози Раҳмон» (Маҷмӯаи шеърҳо дар васфи Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон)

Китоби 16. «Тоҷикистон-20» (Бахшида ба 20-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон)

Асарҳои Пешвои миллат

 — Тоҷикон дар оинаи таърих.

 — Аз Ориён то Сомониён.

 — Ориёно.

 Таҳияи

«Анвори дониш»

Related Articles

Leave a Comment