Home АНДЕША УСТОДИ АСИЛ, ФАЙЛАСУФИ ТАВОНО ВА ИНСОНИ КОМИЛ

УСТОДИ АСИЛ, ФАЙЛАСУФИ ТАВОНО ВА ИНСОНИ КОМИЛ

by admin
246 views

Дар байни халқ ҳикмате аст, ки агар дар дунё инсонҳои нек набошанд, ҳаёт дар рӯйи замин тира мегардад ва ҳатто бозмеистад. Хушбахтона, дар рӯзгори гузаштагон ва имрӯзиёни мо инсонҳои нек буданд ва ҳастанд, ки дар шукуфоии ҷамъият, зиндагии осоишта ва саодати мардум аз кӯчактарин имконоти худ кор гирифтаанд.

Аз ҷумлаи чунин шахсиятҳо инсони басо наҷиб, ҳалиму меҳрубон, инсондӯсту мушкилкушои одамон Маҳмадулло Ибодов мебошад, ки зиндагинома, фаъолияти эҷодӣ ва афкори ӯ, воқеан шоистаи таваҷҷуҳ аст.

Мусаллам аст, ки таърих чизе ҷуз шарҳи аҳволи мардони бузург нест, инсонҳои комилу мукаммал ва донишмандони мутабаҳҳиру ростин дар зиндагӣ монанди хуршеди ҷаҳонтобе ҳастанд, ки ба василаи худсӯзиву худафрӯзии хеш бар дилу ҷони инсонҳои дигар нуру зиё бахшида, роҳи ҳамзамонону пасовандонро то ҷовидон равшан месозанд. Дар иртибот ба ин масъала Мустамилии Бухороӣ андешаҳои ҷолибе дорад, ки бозтоби мухтасари бархе аз онҳоро дар ин ҷойгоҳ муносибу ногузир медонем, аз ҷумла: «Ҳар ки олимро зиёрат кард, гӯё илмро зиёрат кард ва ҳар ки илмро зиёрат кард, гӯё Худои таъолоро зиёрат кард. Ҳар ки Худоро зиёрат кард, Худо бар ӯ азоби оташро ҳаром кард». Аз ин иқтибос мантиқан ба чунин натиҷа расидан мумкин аст, ки савоби дидор, зиёрат ва арҷгузорӣ ба ашхоси донишманду фарҳехтаи замон бартару афзунтар аз дигар савобҳост. Шахсан барои ман ҳузур ва дидори шарифи устод Маҳмадулло Ибодов, ки як тан аз донишмандону пажӯҳишгарони камназир ва яке аз шахсиятҳои мунавварфикри даврони мост, мояи шарафу ифтихор буда, ҳамин манзалату мартабаро дорад. Эшон ба назари ман, дар донишмандӣ, инсонигарӣ, ҳимматбаландӣ, хоксориву фурӯтанӣ, одобу ахлоқ ва дигар хислатҳои ҳамидаву писандида фариди рӯзгор буда, назирашон натанҳо дар кишвар, балки берун аз кишвар ангуштшумор ба назар мерасад.

Устод Маҳмадулло Ибодов ба ҳайси як инсони покниҳоду охирбин ба сурат садаферо мемонанд, ки дар ниҳоди нозуку муборакашон гавҳарҳои тобноку қиматбаҳои ниёкони бузургамон нуҳуфтааст. Ба таври дигар, ин устоди гаронмоя ба манзалаи китоби бузурге мебошад, ки агар кас бо нигоҳи тааммулхиром онро мавриди мутолиа қарор диҳад, аз сурати ҳар ҳарфаш ба ҳазор фазилату маърифат ва панду ҳикмат дастрасӣ пайдо мекунад.

Пешгузаштагони мо, бахусус тоҷикон, ақида ва андешаро аз дер боз дар зеҳни худ мепарвариданд ва ба он муътақид буданд, ки омӯзгору пизишкро бояд арҷманду гиромӣ дошт, то ин ки эшон донишу таҷрибаи худро ба ҳамзамонон арзонӣ доранд, яъне агар пизишкро гиромӣ надорӣ, бояд бо дарди худ бисозӣ ва агар муаллимро бузургу муҳтарам нашморӣ, мунтаҳо бояд дар нодонӣ ва ҷаҳли мураккаб абадуддаҳр бимонӣ.

Ногуфта намонад, ки дар ҳама давру замон дар миёни ҳамаи табақаҳои ҷомеа мақому мартабаи файласуфону шоирон балантар аз ҳама баландиҳост. Олимону андешамандони воқеӣ дар ҳама асру замон назди ҷаҳониён ва ҷаҳонофарин азизу мукаррам будаанд. Донишманди азиз ва файласуфи тавонои муосири тоҷик, устоди устодон Маҳмадулло Ибодов имрӯз дар шумори тобноктарину беолоиштарин чеҳраҳои фарҳангии ҷумҳурӣ ва ҳатто хориҷ аз ин марз қарор доранд. Фаъолияти ибратбахшу босамар, номи муборак ва пажӯҳишоти арзишманди эшон дар риштаи илм, таълиму тадрис, ки дар саргаҳи он хиради воло ҳокимият дорад, барги заррине дар таърихи илму фарҳанги Тоҷикистон маҳсуб мешавад.

Устод Маҳмадулло Ибодов аз ҷумлаи мардони илму фарҳанги диёри тоҷикон аст, ки умри пурбаракати худро сарфи тадрису таҳқиқ карда, мутахассисони баландпоя ва шогирдони бешумореро барои ҷомеа тарбия намудааст. Шогирдони устод имрӯзҳо ҳам дар муассисаҳои илмиву таълимӣ ва ҳам дар идораҳои бонуфузи кишвар машғули фаъолияти пурсамар буда, ҳар як аз онҳо номи мубораку шарифи эшонро бо ифтихор ба забон мегиранд. Чунин меҳру муҳабат нисбат ба устод, ифтихор кардан аз шогирди устод будан бесабаб нест, зеро устод нисбат ба шогирдон ғамхору дилсӯз буда, аз камтарин нокомии шогирдон малулу ғамгин ва аз камтарин дастоварди онҳо хурсанду шодмон мешаванд.

Бо истифода аз фурсати муносиб устоди гиромиро ба ифтихори 72-солагиашон самимонаву содиқона табрику таҳният гуфта, нахуст аз офаридгор таманнои он дорем, ки бунёди кохи умри гиромиашонро пояндаву устувор дар паноҳи исмати хеш нигоҳ дорад ва дар ин замина саломатӣ, сарбаландӣ, болидахотирӣ, бахту саодат, иззату эҳтиром, барору мувафаққиятро насибашон гардонад.

 

Маҳмадсаид ҲАСАНОВ,

аспиранти кафедраи фалсафа

 

 

Related Articles

Leave a Comment