Home СИЁСАТПРЕЗИДЕНТ ИНЪИКОСИ МАСОИЛИ ҶАҲОНИ МУОСИР ДАР «ТОҶИКОН ДАР ОИНАИ ТАЪРИХ»

ИНЪИКОСИ МАСОИЛИ ҶАҲОНИ МУОСИР ДАР «ТОҶИКОН ДАР ОИНАИ ТАЪРИХ»

by admin
298 views

Баъди рӯи чоп омадани асари машҳури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Тоҷикон дар оинаи таърих» тамоми аҳли зиё, шаҳрвандони ҷумҳурӣ, тоҷикони бурунмарзӣ ва ҷомеаи ҷаҳониро водор намуд, ки онро хонанд, таҳлил кунанд хулосаҳои даркорӣ бароранд.

Дар атрофи ин масъала бисёр донишмандон дар матбуотхои даврӣ, навиштаҷотҳояшон ақидаҳои худро иброз намуда, ба ин китоб баҳои сазовор доданд. Ҳангоме, ки ин китобро банда мавриди омузиш қарор додам, фикре дар қалби ман пайдо шуд, ки ба ҷаҳонишавии мушкилоти мухталифи ҷаҳони муосир эътибор диҳам.

Дар асри ХХ ва оғози асри ХХ1 инсоният шоҳиди рӯйдодҳои бузург ва ҳайратангези ҷаҳони пурталотун гардид. Аз шарофати вусъати тамаддуни иттилоотӣ, телекомуникатсия ва дастовардҳои илми муосир мо кишварҳои дуртарини сайёраро қариб ҳар рӯз, ҳар соат мебинем, аз воқеаҳои ҷаҳон, фалоктҳои табии, муноқишаҳои сиёсӣ, бархӯрди манфиатҳои иқтисодӣ, рақобатҳои фарҳангӣ ва ихтилофи ошкору ниҳони огоҳ мешавем. Ба ақидаи Президенти кишвар раванди ҷаҳонишавӣ пеш аз ҳама коҳиш ёфтани ахлоқ, маънавиёт, одоб, суннат, фарҳанг ва дигар унсурҳои иҷтимоӣ, ки бе онҳо ҳастии ҳақиқии инсон амалан ғайри имкон аст, мебошад. Инсоният бо вуҷуди он, ки бо нерӯи ақлонӣ дар фатҳи сайёраи хеш ва кашфи кайҳони беҳудуд ба дастовардҳои бесобиқа ноил шудааст, ҳанӯз ҳам ба як рӯзгори осуда, поку озода ноил нагардидааст. Дар фазои шабакаҳои телевезионӣ, филмҳои моҷароҷӯёна, ҷангу куштор, ғорату таҳқир, зуроварию таҳрибкорӣ, фасодию ахлоқӣ, инсонӣ ва ниҳоят аз асолати азалии хеш дур шудани одамизод торафт меафзояд. Инсоният гарчанде бар асари фатҳу нусратҳои илмию дастовардҳои технологӣ бо суръати кайҳонӣ пеш рафта, қудрати беинтиҳоеро соҳиб гашта бошад ҳам, сайёраи сабзи замин дар қиёси бомбаҳои атомию силлоҳҳои термоядроӣ ва дигар хатарҳои глобалӣ шишаи нафису нозукеро меномад, ки аз рақобати кишварҳои абарқудрат ва судпарастию манфиатҷӯии давлатдорон хатари шикастанаш рӯз то рӯз меафзояд.

Дар тӯли солҳои охир низоми оромии нисбии ҷаҳон бештар коҳида, дар минтақаҳои мухталифи курраи арз ҷанг, куштор, сӯхтор, фалокату обхезӣ, террору таҳрибкорӣ, ғорату таҳқир; нашъамандию фасоди ахлоқӣ, инсонӣ ва ниҳоят ба ҳамдигар душманӣ варзидану торафт баҳона шудани одамон авҷ мегирад. Изофа бар ин, хатари табиию экологӣ ва фалокатҳои ғайричашмдошт аз қабили зилзила, обхезӣ тундбоду туфонҳои шадид, баландшавии ҳарорат ва обшавии пиряхҳо, хушксолӣ, боронгариҳои аз меъёр зиёд, мувофиқи маълумоти СММ ва ЮНЕСКО сол то сол барои инсоният хатарҳои бештари глобалӣ эҷод карда, садҳо миллиард доллари америкоӣ зарар расонидааст. Танҳо ба ёд овардани офати заминҷунбӣ дар шаҳри Бами Ҷумҳурии Эрон ва шаҳри Музафарободи Ҷумҳурии Покистон ва зилзилаю тӯфонҳои ҳалокатбори Уқиёнуси Ҳинд дар қаламрави Индонезия (бар асари он 200 ҳазор кас қурбон шуданд) ва тӯфонҳои Уқёнуси Атлантика (бо унвони Катрина ва Рута) дар Иёлоти Муттаҳидаи Америка бароямон кофист, ки зарари иқтисодии онҳоро коршиносон беш аз яксаду бист миллиард доллар арзёбӣ кардаанд.

Бар ҷамъи хатари ин гуруснагӣ нарасидани оби нӯшокӣ, коҳиши масоҳати заминҳои кишт ва захираҳои ғизо, сол то сол хароб шудани вазъи муҳити зист ва ифлосшавии ҳаво, афзудани бемориҳои сироятӣ ва даҳҳо омилҳои табиию иҷтимоӣ мушкилиҳои умумибашаре мебошанд, ки зарурияти ҳамдастию фаъолияти муштарак ва ҳамкориҳои мустақими кулли давлатҳою кишварҳоро пеш мегузорад.

Ҷароҳати мудҳиши саёраи мо аз асари ду ҷанги бузурги ҷаҳонӣ, ки ҳаёти зиёда аз шаст миллион нафарро рабурда буд, ҳанӯз шифо наёфтааст. Инсоният аз замони пайдоиши олам ин гуна ҷангҳои хонумонсӯз ва фоҷиаи мудҳиши умумиҷаҳониро аз сар нагузаронида буд. Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ аз рӯи миқёсу андоза даҳшатноктарин ҷанги таърихи башарият буда, дар он беш аз 72 давлатҳои хурду бузурги олам ширкат варзиданд, доманаи амалиётҳои ҳарбӣ ба ҳудуди 40 давлати ҷаҳон вусъат ёфтанд. Дар набардҳои доманадори ин ҷанг беш аз 110 миллион нафар афсарону сарбозон сафарбар шуда, тақрибан 30 миллиони онҳо дар задухурдҳои хунин ҳалок гардиданд.

Аз рӯи ҳисоби коршиносон зарари умумии ин ҷанг ба 4,5 триллион доллари америкоӣ расида, дар натиҷа кишварҳои зиёд хароб, бештар аз 50 миллион одам қурбон ва садҳо миллион аҳолии мамлакатҳое, ки ба гирдоби ҷанг кашида шуда буданд, ба маҳрумияту мӯҳтоҷиҳо гирифтор гардиданд. Таркиши бомбаҳои ядроӣ дар Хирасима ва Нагасаки бори дигар нишон дод, ки силоҳҳои ҳастаӣ ва мӯшакҳои дурпарвозу миёнапарвози балистикӣ қодиранд гавҳари ҳаётро аз рӯи замин нест кунанд.

Аз рӯи татқиқотҳои ирсию генетикӣ таҷзияи ҳастаи атомӣ ва фалокатҳои ядроӣ натанҳо муҳити зистро хароб сохта, манбаи ҳаётро аз рӯи замин мерабояд, балки таъсири шӯоъҳои ядроӣ ва баландшавии радиатсия ва часпиши хромосомҳо ва коҳидани генетикаи ирсии инсон оварда метавонад. Аниқтараш гавҳари ирсии инсон ва генафонди зотии ӯ аз асари заҳролудшавии ядроӣ осеби шифонопазир дида, ба қобилияти ҷисмонию рӯҳии наслҳои минбаъда таъсири ногувор мерасонад.

  Дар шароити имрӯза раванди силоҳсозӣ бо ҳама мавҷудот хавфу хатараш боз ҳам бештар афзуда истодааст. Танҳо Иёлоти Муттаҳидаи Америка дар роҳи яроқнокшавӣ бошитоб дар як соли 2003- 379 миллиард сарф намудааст, дар оянда ин миқдор маблағ боз ҳам меафзояд. Мувофиқи маълумоти институти татқиқотии Стоголм беш аз 37%-и харҷи умумии буҷети ҳарбии ҷаҳонӣ ба Иёлоти Муттаҳидаи Америка рост меояд. Дар оғози асри ХХ1 беш аз 44 кишвари пешрафтаи ҷаҳон технологияи истеҳсолӣ силоҳи ядроиро аз худ намудааст.

Захираи сӯзишворию энергетикӣ ва боигариҳои табиӣ яке аз омилҳои асосии пешрафти иқтисодиёт ва афсудани иқтидори саноатию стратегии давлат мебошад. Мувофиқи тадқиқотҳои коршинос дар оғози ҳазорсолаи сеюм истифодаи ҳиссаҳои ҷаҳонии энергия, дар маҷмуъ 39,5% ба нафт, 21,3% ба ангишт, 22,2% ба гази табиӣ, 69 % ба нерӯгоҳҳои обии барқӣ, 6,3% ба пойгоҳҳои энергияи атомӣ рост меояд.

Захираҳои табиӣ ва бойгариҳои зеризаминӣ бо вуҷуди ҳама афзоишашон торафт кам шуда, ба раванди сиёсати ҷаҳонӣ таъсири ногувор мерасонад, хатарҳои нави глобалӣ дар сартосари курраи арз эҷод мекунанд. Мувофиқи таҳлили олимону муҳақиқон дар даҳсолаи дуру наздики асри XXI захираҳои ҷаҳонии бойгариҳои зеризаминӣ ва ашёи хоми саноатӣ ба поён расида, ихтилофҳои шадиди геонометикиро тезу тунд мекунанд.

Мувофиқи пешгӯии коршиносон истеҳсоли рух пас аз даҳ сол, захираи ҷаҳонии мис пас 25 сол, захираи ҷаҳонии нефт пас аз 35-40 сол ба поён мерасанд.

Рақобати тезу тунди давлатҳои абарқудрат барои таҳти васоят овардани манбаъҳои асосии тавлиди нафт, бойгариҳои нодири зеризаминӣ, манбаъҳои уран ва дигар захираҳои стратегии табиӣ тадриҷан ба ҷангҳои шадиди глобалӣ низ оварда мерасонад. Мувофиқи андешаҳои коршиносон захираҳои тавлиди нафт дар ин халиҷ хеле баланду пурмаҳсул буда, як нақб ба ҳисоби миёна дар як шабонарӯз аз 700 то 1300 тонна ашёи хом медиҳад.

Хулоса, асари ҷовидонаи Призиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳатрам Эмомалӣ Раҳмон “Тоҷикон дар оинаи таърих” моро ба олами пуртуғиёни замони муосир бо ҳамаи рукунҳои мухталифаш, аз ҷумла, ба масъалаҳои глобалии ҷаҳон, бо масъалаҳои косташавии фарҳангу маънавиёт, соҳаи маориф, масъалаҳои экологӣ, демографӣ, аз ҳама муҳимтараш рафъи камбизоатии аҳолии саёра, ҳифзи саломатии инсон, ҳимояи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон чун аризиши олӣ ҳидоят мекунад.

Зарина ҚУРБОНОВА,

ассистенти кафедраи ҳуқуқ ва

муносибатҳои байналмилалӣ

 

Related Articles

Leave a Comment