Рӯзи 19-уми сентябр бо мақсади тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим, оммавӣ гардонидани варзиш ва ҷалби ҷавонону наврасон ба варзиш ва тамрину машқҳои пагоҳирӯзӣ, инчунин пешгирии ҷавонон аз ҳар гуна амалҳои номатлуб дар назди бинои асосии Донишгоҳи давлати Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ бо ҷалби васеи омӯзгорон ва донишҷӯён машқҳои пагоҳирӯзӣ гузаронида шуд.