Home ХАБАР ТАҶЛИЛ АЗ ҶАШНИ ИСТИҚЛОЛ

ТАҶЛИЛ АЗ ҶАШНИ ИСТИҚЛОЛ

by admin
178 views

Санаи 8-уми сентябри соли ҷорӣ бахшида ба пешвози 29-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ чорабинӣ баргузор гардид.

Нахуст, ректори донишгоҳ доктори илмҳои педагогӣ, профессор Мирализода Абдусалом Мустафо бо сухани шодбошӣ чорабиниро оғоз бахшида, қайд намуданд, ки: “Боиси хурсандист, ки пиру барнои кишварамон ҷашни фархундаи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар фазои сулҳу ваҳдат ва якдиливу ҳамдигарфаҳмӣ бо ҷонибдорӣ аз сиёсати оқилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва шукргузорӣ аз барқароршавии адолати таърихӣ бо як ҷаҳон ифтихору саодат, бо рӯҳияи баланди ватандорию меҳанпарастӣ истиқбол мегиранд”.

Дар қисмати фарҳангии чорабинӣ кормандони Хонаи маданияти донишгоҳ табъи ҳозиринро бо суруду мусиқӣ болида гардониданд.

Related Articles

Leave a Comment