Home ХАБАР МУРОҶИАТНОМА БА СОКИНОНИ ШАҲРИ КӮЛОБ

МУРОҶИАТНОМА БА СОКИНОНИ ШАҲРИ КӮЛОБ

by admin
308 views

МУРОҶИАТНОМАИ

ҲАЙАТИ ОЛИМОНУ ОМӮЗГОРОН, ДОНИШҶӮЁН ВА КОРМАНДОНИ ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ КӮЛОБ БА НОМИ АБӮАБДУЛЛОҲИ РӮДАКӢ БА СОКИНОНИ ШАҲРИ КӮЛОБ ЗЕРИ УНВОНИ «БИЁЕД, ШАҲРАМОНРО ОБОД СОЗЕМ!»

Ҳамшаҳриёни азиз! Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд: «Мо бояд суръати ободонӣ ва бунёдкориро боз ҳам вусъат бахшем, мушкилоти ҷойдоштаро бартараф созем ва барои рушди деҳот, сайёҳӣ ва тақвияти омӯзиши ҳунарҳои мардумӣ тадбирҳои иловагиро роҳандозӣ намоем».

Дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба роҳбарӣ гирифта, Узви маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Кӯлоб муҳтарам Вализода Абдуқодир Исуф дар доираи таҷлили ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаи ободу зебо, оростану рӯшноикунонӣ ва азнавсозии кӯчаву хиёбонҳо, боғҳову растаҳо, манзилҳои истиқоматӣ ва маъмуриву маишӣ, муҳити атрофи шаҳри Кӯлоб, диққати роҳбарони идораву муассисаҳо, ҷамоатҳо ва ҳамаи аҳолии шаҳрро ҷалб намудааст, ки ин тадбирҳо дар як муддати кӯтоҳ ба шаҳри мо ҳусни тоза бахшида истодааст. Бунёдкориву созандагӣ танҳо дар ҳудуди шаҳр маҳдуд нашуда, қаламрави ҷамоатҳои деҳотро фарогир мебошад.

Ҳайати олимону омӯзгорон, донишҷӯён ва кормандони Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ сиёсати роҳбарияти олии кишварро ҷонибдорӣ намуда, дар ободу зебо гардонидани шаҳри бостонии Кӯлоб саҳми шоиста мегузорад. Донишгоҳ дар баробари тайёр намудани кадрҳои баландихтисоси ҷавобгӯи талаботи замон, дар ободу зебо гардонидани шаҳр як қатор корҳои арзандаро ба субот расонидааст. Аз ҷумла, бунёди Боғи фарҳангӣ — фароғатии ба номи Сайдалӣ Вализода, кӯдакистони «Ситора», азнавсозии истироҳатгоҳи «Истиқлол» дар ноҳияи Муъминобод, пурра омода гаштан ба зимистони соли ҷорӣ ва амсоли инҳо гувоҳи гуфтаҳои боло мебошанд.

Қабули қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот”, “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо”, Барномаи рушди маҳаллаҳо барои солҳои 2019-2021, эълон намудани 1300 рўзи ободонӣ, 400 рӯзи кабудизоркунӣ, ҳамчунин бунёдкориҳо ба пешвози 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумлаи иқдомҳои созандаи роҳбарияти олии кишвар ҷиҳати ба як кишвари пешрафта табдил додани Тоҷикистон дониста шудааст. Ин иқдомот ҳар як сокини баору номуси кишварро водор месозад, ки фарҳанги зебоипарастиро дар замири наздикону насли ҷавон ҷой дода, дар бунёдкории як гӯшаи Ватан саҳм бигзорад ва барои шукуфоии кишвар бетараф набошад.

Ҳамдиёрони гиромӣ!

Имрӯзҳо, ки корҳои ободониву созандагӣ вусъати тоза гирифтааст, ба шумо — ҳамшаҳриёни азизамон муроҷиат мекунем, ки мо бояд ба хотири пешрафти давлати соҳибихтиёрамон ва Ватани аҷдодиамон – Тоҷикистони озоду маҳбуб, бо ҳамёриву иштироки шахсии худ ба василаи ҳашарҳои дастаҷамъӣ шаҳрамонро ба шаҳри ҳозиразамони озодаву рушдёфта табдил дода, номи мардумони сарбаланд ва заҳматкашу покниҳоди диёри мардону занони вафопарвар — Кӯлоби бостониро боз ҳам шуҳратёр гардонем. Дар ин кори хайру ояндасоз шахсони ботадбиру ташаббускор, фаъолону собиқадорони меҳнат, зиёиён ва ҷавонони меҳнатқарин пешсафи маъракаҳои ободонӣ гашта, бояд ба он ноил гарданд, ки шаҳри Кӯлоб дар кишвар намунаи шаҳрҳои ободу зебо бошад. Дарвоқеъ, бо қарори махсуси Кумитаи иҷроияи Мамлакатҳои муштаракулманофеъ, ба шаҳри Кӯлоб мақоми МАРКАЗИ ФАРҲАНГИИ ДАВЛАТҲОИ МУШТАРАКУЛМАНОФЕЪ дода шудааст.

Дар ин бобат вазифаи виҷдониву инсонии ҳар яки мост, ки номи шаҳрамонро гиромӣ дошта, дар пешрафту ободии он саҳми шахсии худро гузорем.

Боварии пурра дорем, ки мардуми бонангу номуси Кӯлоби бостонӣ гуфтаҳои болоро хуб дарк мекунанд ва ташаббуси ҳайати олимону омӯзгорон, донишҷӯён ва кормандони Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакиро дастгирӣ менамоянд.

Бо эҳтиром,

ҳайати олимону омӯзгорон, донишҷӯён ва кормандони Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ

Related Articles

Leave a Comment