Home СИЁСАТПРЕЗИДЕНТ АНДЕШАИ СИЁСАТМАДОРОНИ ҶАҲОН ДАР БОРАИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

АНДЕШАИ СИЁСАТМАДОРОНИ ҶАҲОН ДАР БОРАИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

by admin
448 views

Си Ҷинпин, Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин

Ман муҳаббати беназири Шумо ва мардуми кишваратонро сидқан эҳсос намудам. Ба самъи Шумо мерасонам, ки ман ба рушди муносибатҳои Чину Тоҷикистон аҳамияти ҷиддӣ медиҳам ва дар таҳкиму тавсеаи онҳо муносибати корӣ ва дӯстонаи ҳардуямонро муҳим арзёбӣ менамоям.

Боварии комил дорам, ки минбаъд низ муносибатҳои шарикии ҳамаҷонибаи стратегӣ миёни Чину Тоҷикистон бе таваққуф ба сатҳи нав хоҳанд расид, ки он ба манфиати кишварҳоямон ва халкҳоямон хоҳад буд. Маҳз дар ин ҷода мо бояд дар якҷоягӣ кӯшиш ба харҷ диҳем.

Владимир Владимирович Путин, Президенти Федератсияи Россия

Бо фаъолияти бисёрсолаи худ дар маснади Сарвари давлат, Шумо ба эҳтироми шоистаи ҳамватанон ва аҳли башари бурунмарзӣ ноил гаштед. Таҳти роҳбарии Шумо мардуми Тоҷикистон дар арсаи рушди иқтисодӣ ва иҷтимоӣ ба комёбиҳои қобили таҳсину назаррас муваффақ шуд.

Дар Россия саҳми шахсии Шуморо дар таҳкими муносиботи шарикӣ ва иттифоқчигии стратегии миёни кишварҳои мо, инчунин иштироки фаъолатонро дар талошҳои дастаҷамъӣ ҷиҳати таъмини амнияту субот дар Осиёи Марказӣ ва умуман, дар фазои авруосиёӣ, баланд арзёбӣ менамоянд.

Шавкат Мирзиёев, Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон

Тақдир ба халқи бародари тоҷик дар симои Шумо ходими барҷастаи давлатӣ ва шахсияти беназири таърихиро, ки дорои хирад, иродаи қавӣ ва истеъдоди муттаҳид намудани мардум мебошад, тақдим кардааст.

Таҳти роҳбарии ғамхоронаи Шумо ва бо шарофати сиёсати дурандешонаву меҳнати фидокоронаатон, Тоҷикистон имрӯз давлатест, ки дар он дар фазои сулҳу оромӣ рушди устувори иҷтимоиву иқтисодӣ таъмин гардида, эътибораш дар арсаи ҷаҳонӣ боло рафта истодааст.

Бо қаноатмандии амиқ фаъолгардии муколама дар ҳама сатҳҳо, афзоиши босуръати ҳаҷми тиҷорати мутақобила, татбиқи лоиҳаҳои муштараки ҳамкорӣ дар соҳаҳои афзалиятноки иқтисодиёт, робитаҳои густаришёбандаи минтақавӣ ва мубодилаи фарҳангиву гуманитариро зикр менамоям.

Қосим-Жомарт Токаев, Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон

Шумо бо хизмати содиқона ба Ватан, ки асоси онро таҷрибаи ғании ҳаётӣ сатҳи баланди касбият ташкил медиҳанд, миёни ҳамватанонатон иззату эҳтироми самимӣ ва дар ҷомеаи байналмилалӣ обрӯву эътибори баландро соҳиб гаштаед.

Таҳти роҳбарии оқилонаи Шумо Тоҷикистон роҳи бомуваффақияти рушди иҷтимоиву иқтисодиро тай карда, имрӯз дигаргунсозиҳои муҳимро, ки ба таъмини рушди босуботи кишвар ва минбаъд баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум нигаронда шудаанд, амалӣ мегардонад.

 

Сооронбой Жээнбеков, Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон

Ба шарофати фарзонагию дурандешии хеш Шумо сулҳро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон эмин нигоҳ доштед ва дар ҳамаи арсаҳо бар нафъи ояндаи неки мардуми Тоҷикистон рушди устувори давлатро пайваста таъмин менамоед.

Имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Шумо тавассути ибтикороту иқдомоти қатъии худ на танҳо дар минтақа, балки дар чаҳорчӯбаи Созмони Милали Муттаҳид ҷойгоҳи шоистаашро соҳиб гаштааст.

Итминони комил дорам, ки муносиботи воқеан дӯстона ва неки ҳамсоягӣ миёни ду давлат минбаъд низ бо дастгирии шахсии Шумо бар нафъи манофеи мардумони Қирғизистон ва Тоҷикистон таҳким хоҳанд ёфт.

Александр Лукашенко, Президенти Ҷумҳурии Беларус

Шумо ҳамчун сиёсатмадори ботаҷрибаву дурандеш ва ходими сиёсӣ, ки пешвои давлати хеш эътироф гардидааст, дорои обрӯву эътибори шоиста мебошед.

Тоҷикистон дӯсти боэътимоди Беларус, ки аз давраҳои пешин бо он робитаҳои неку судмандро роҳандозӣ намуда густариш медиҳад, мебошад. Саҳми Шуморо дар рушди шарикии стратегии Минск ва Душанбе баланд арзёбӣ менамоям.

Муносибатҳои шахсии эътимодбахши миёни моро, ки барои ҳалли самараноки масъалаҳои мубрами рӯзномаи дуҷониба мусоидат менамоянд, қадр мекунам. Итминон дорам, ки мо бо саъйю талошҳои муштарак метавонем муколамаи созандаи байни Беларус ва Тоҷикистонро тавсеа бахшем.

Илҳом Алиев, Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон

Таърихи соҳибистиқлолии Тоҷикистон, истиқрори суботу оромӣ дар кишвари Шумо, дастовардҳои он дар соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ бо шахсияти Шумо пайванди ногусастанӣ доранд. Кишвари Шумо ҳамзамон саҳми муҳимми худро дар таҳкими сулҳу эътимоди мутақобила дар ҷаҳон ва минтақа мегузорад.

Робитаҳои Озарбойҷону Тоҷикистон ба таври возеҳ анъанаҳои неки муносибатҳои дӯстиеро, ки миёни мардумони мо ташаккул ёфтаанд, инъикос менамоянд. Саҳми Шумо дар нигоҳ доштану ғанӣ гардонидани ин анъанаҳо бузург аст.

 

Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов Президенти Туркманистон

Таҳти роҳбарии Шумо Тоҷикистон дар ҷодаи таҳкими давлатдорӣ ва рушди иҷтимоӣ-иқтисодӣ дилпурона қадам мегузорад.

Итминон дорам, муносибати анъанавии дӯстонаи миёни Туркманистон ва Тоҷикистон, ки ба усули баробарӣ, эҳтироми ҷонибайн ва эътимод асос ёфтаанд, минбаъд низ бар нафъи мардумони мо рушд хоҳанд ёфт.

 

 

Армен Саркисян, Президенти Ҷумҳурии Арманистон

Бовар дорам, ки таҷрибаи бисёрсолаи фаъолияти давлатӣ, нерӯ ва ҳадафмандии Шумо ҷиҳати ноил гаштан ба ҳадафҳои гузошташуда минбаъд ҳам барои шукуфоии Тоҷикистони дӯст хидмат хоҳанд кард.

Инчунин муътақидам, ки муносиботи анъанавии дӯстонаи байни кишварҳоямон дар оянда низ ба таъмиқи ҳамкориҳои мутақобилан судманд, ки аз манфиатҳои мардумонамон маншаъ мегиранд, мусоидат хоҳанд кард.

Мун Чжэ Ин, Президенти Ҷумҳурии Корея

Ба туфайли ҳамкориҳои зич дар соҳаҳои мухталиф муносибатҳои дӯстонаи Кореяву Тоҷикистон тӯли солиён масири рушди босуботро касб кардаанд. Махсусан таъкид карданиам, ки ташрифи Сарвазир Ли Нак-Ён ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки моҳи июли соли ҷорӣ сурат гирифт, барои ба сатҳи боз ҳам баландар бардоштани муносибатҳои дуҷониба асос гузошт. Умедворам, ки кишварҳоямон минбаъд низ ҳамкории зичро таъмиқу таҳким ва ба он хусусияти барои ҷонибҳо судманд ва ба сӯи оянда нигаронидашуда хоҳанд бахшид. Бовар дорам, ки дӯстии ду кишвар низ дар оянда тақвияти бештар хоҳад ёфт.

 

Владимир Зеленский Президенти Украина

Итминон дорам, ки дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ асоси муътамади рушди минбаъдаи муносибатҳои байни кишварҳоямон ва таъмиқи ҳамкориҳои Украинаву Тоҷикистонро дар ҳамаи соҳаҳои барои ҷонибҳо судманд ташкил медиҳад.

 

Майтҳрипала Сирисена, Президенти Ҷумҳурии Демократии Сотсиалистии Шри Ланка

Итминопи комил дорам, ки муносибатҳои дӯстонаи миёни кишварҳоямон дар оянда низ сол ба сол қавӣ хоҳад гашт. Сидқан умедворам, ки дӯстии дарозмуҳлати побарҷо ва ҳамдигарфаҳмию ҳамкориямои дар оянда низ баҳри манфиатҳои тарафайн тақвият дода хоҳанд шуд.

 

 

 

 

Халтмаагийн Батулга, Президенти Муғулистон

Аз ҳамкорӣ бо Шумо, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Президент, ҷиҳати рушду тавсеаи муносибатҳои дӯстонаи Муғулистону Тоҷикистон ба нафъи мардумону инкишофи минтақаамон шодам.

Бовар дорам, ки муносибатҳои мо минбаъд ҳам соҳаҳои нав ба нави ҳамкориҳоро фаро гирифта, рушду тавсеа хоҳанд ёфт.

 

 

SG Anthony Guetaras official portrait

Антониу Гутерриш Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид

Дар ин вазъи мураккаби замони муосир ҳамкории байналмилалӣ нисбат ба ҳар вақти дигар зарур мебошад. Вақте, ки “Мо мардумон” бо нияти нек барои сулҳ, рушди устувор ва ҳуқуқи инсон ба ҳам меоем, аз ин тамоми ҷаҳон бурд менамояд.

Дар ҳоле, ки Шумо рӯзи миллии кишваратонро таҷлил менамоед, ман ба фаъолияти муассири мамлакати Шумо дар таҳкими Созмони Милали Муттаҳид ва пешбурди талошҳои мо ба сӯи ояндаи беҳтар барои ҳама эътимод дорам.

 

 

Владимир Норов, Дабири кулли Созмони Ҳамкории

Халқи Тоҷикистон бо интихоби таърихии худ роҳи бунёди давлати нав ва мустақилро пеш гирифт. Ҷумҳурии Тоҷикистон тавонист дар муддати кӯтоҳ ба ҳадафҳои асосии стратегӣ – истиқлолияти энергетикӣ, баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ ва амнияти озуқаворӣ ноил гардида, таҳкими давлатдориро устуворона идома дода, дар самти иҷтимоиву иқтисодӣ рушд мекунад.

Кишваре, ки роҳи аввали ташаккули давлатдориро тай намуда, дар роҳи рушди рӯзафзун пеш меравад, дар самтҳои суботи сиёсӣ, рушди иқтисодиёт ва энергетика, беҳтар кардани зиндагии мардум ва боло бардоштани нуфузи байналмилалии давлат муваффақиятҳои калонро ба даст оварда, дар кори давлатсозӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардид.

Шумо, ҳамчун яке аз асосгузорон, дар саргаҳи пайдоиши Созмони Ҳамкории Шанхай қарор дошта, пайваста ба рушди он таваҷҷуҳи зиёд зоҳир мекунед.

Нақши Шумо дар пешбурди нуфузи он дар арсаи байналмилалӣ, дар таҳкими дӯстӣ, ҳамкорӣ ва ҳамгироии кишварҳои аъзои СҲШ далели раднопазир аст. Пешниҳодҳои амиқи андешакоронаи Шумо мундариҷаи фаъолияти бисёрҷонибаи Созмонро ғанӣ месозанд ва дар кори таҳкими СҲШ ҳамчун як иттиҳодияи бонуфузи байналмилалӣ саҳми бузург мегузоранд.

 

Реҷеп Тайип Эрдоган, Президенти Ҷумҳурии Туркия

Туркия, аз рӯзҳои аввалини истиқлолияти кишвари дӯсти Тоҷикистон ҳамеша дар паҳлӯи он қарор гирифта буд ва минбаъд низ дар қарор хоҳад гирифт.

Ба Ҷаноби Олӣ тансиҳативу хушбахтӣ ва ба мардуми дӯсти Тоҷикистон беҳбудиву осудаҳолӣ таманно дорам.

 

 

Ҳасан Руҳонӣ, Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон

Хушбахтона тайи бисту ҳашт соли гузашта муносиботи бародаронаи байни ду кишвар дар чорчӯби манфиатҳои муштарак ва пайвандҳои деринаи тамаддуниву фарҳангӣ, раванди рӯ ба рушдеро шоҳид буда ва дар натиҷаи саъю кӯшишҳои муштараки мақомоти олии ду кишвар, чашмандози умедбахше гушуда шудааст. Умедворам муносиботи ду кишвар дар ҳамаи заминаҳо ва дар ҷиҳати таъмини субот ва амнияти минтака тавсеаву таҳким ёбад.

Аз Худованди мутаол саломатӣ ва муваффақияти он Ҷаноб ва некӯаҳволӣ ва беҳрӯзии мардуми Ҷумҳурии Тоҷикистонро орзу дорам.

Таҳияи «Анвори дониш»

Related Articles

Leave a Comment