Home АНДЕША РАВОНИ ДУРАХШОНИ ҶӮРАБЕК НАЗРӢ — ДОНИШМАНД ВА НАҒМАСАРОИ БЕҲАМТО, ШОД БОД!

РАВОНИ ДУРАХШОНИ ҶӮРАБЕК НАЗРӢ — ДОНИШМАНД ВА НАҒМАСАРОИ БЕҲАМТО, ШОД БОД!

by admin
417 views

Дар сӯги Аҳмад Зоҳир хонуми донишманд ва ширингуфтори кишвари Афғонистон, Фарида Анварӣ порчаи шеъреро хонда буд, ки онро ба Ҷурабек Назрӣ, шахсияти нотакрори Тоҷикистон, ошиқ ва гирифтори сухани дарӣ, пайвандгари навои шеър бо овои тарона, ҷӯяндаи комёби беҳтарин сурудаҳои адабиёти классикии форс — тоҷик, низ бахшидан баҷост:

Ба ҳар баҳор гуле барорад зи бӯстон сар,

Гуле бирафт, ки н — ояд ба сад баҳори дигар.

Кишвари фарҳангпарварони моро раҳо карда ба ҷаҳони ҳамешагӣ рахт барбастани фарҳангорои тоҷик, Ҷурабек Назрӣ зиёни ҷуброннопазири ҳунарист. Зиёни чашмрасе ба донишу шеъру таронаи ҳазорсолаамон.

Ҳар донишиву ҳунарманди худодод ҳамчун ситораи осмон ҷое дорад дар осмони истеъдодҳо, ки ҷойи ӯро каси дигаре наметавонад пур кунад. Дигар Аҳмад Зоҳир, Одина Ҳошим, Зафар Нозим, Абдулло Назрӣ, Кароматулло Қурбон нахоҳанд пайдо шуд ва ҳатто фарзандонашон натавонанд фароёфтаҳои падарони худро чун худи онҳо пеши рӯйи нозукхаёлону нуктабинон оваранд. Сухани зеборо аз миёни ҳазорон ҳазор офаридаҳо хушачин кардан ва онро бад — он гуна ки офаридгори он сухан хостааст суруда тавонистан, зебоиро бознамоёндан, худро ба таври боиставу шоиста дар назди бинандагон оростану перостан, на ба ҳар таронасаро зебанда аст. Ҷӯрабеки фақид бо чеҳраи дилкашу қаду қомати саҳнаоро ва ҳунари дилфиреби душизаҳои хиромонро ба рақс оваранда ва пайвастани сухани жарф бо оҳанги дилнишин ва бо ин ҳама бозтоб намудани саҳнаҳое дар тасвири бузургони адаби дарӣ бозгӯ шуда, камёфт буд.

Шояд касе бипурсад, ки Ҷӯрабек Назриеви рӯ ба донишу пажӯҳиши адабиёти ҳазорсолаи форс — тоҷик овардаро кадом ангеза водошта буд, ки соз ба даст ба саҳна барояд. Ба гумони мо зебошинохтӣ, инсонгароӣ, ормонгароӣ, биниши фарҳангии рӯзгори Ҳофиз. Ӯ ба тобишҳои тасаввуфии Ҳофиз, ки иддае аз адабпажӯҳони имрӯз мехоҳанд ғазалҳои лисонулғайбро саросар бо он ченак такурӯ кунанд, коре надошт. Ӯ дар сурудаҳои Ҳофиз ишқи заминиро медид, гаҳе дар саҳна як даме худро Ҳофизи барбатнавози ошиқи «сияҳчашмони шӯхи ширинкори шаҳрошӯб» мепиндошт ва ҳамин буд, ки дар дили нишастагони толорҳо шӯру валвала барпо мекард.

Сина аз оташи дил дар ғами ҷонона бисӯхт,

Оташе буд дар ин хона, ки кошона бисӯхт.

Танам аз воситаи дурии дилбар бигудохт,

Ҷонам аз оташи меҳри рухи ҷонона бисӯхт.

Ҷавонии Ҷурабек Назрӣ ба замоне рост меояд, ки дарахти пуршоху барги бо талошҳои устодон Садриддин Айнӣ, Мирзо Турсунзода, Абулқосим Лоҳутӣ, Шарифҷон Ҳусейнзода, Соҳиб Табар, Воҳид Асрорӣ, Ҳилол Карим, Солеҳ Ашӯрович Раҷабов, Муҳаммад Осимӣ ва дигар равшангарони солҳои 40 — 50 ӯми садсолаи гузашта парваронда пургул гашта, рӯ ба самардиҳӣ оварда буд. Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (ҳоло донишгоҳи миллии Тоҷикистон) маркази донишвариву фарҳангсолорӣ гашт. Академик Солеҳ Ашӯрович Раҷабов (ректори Донишгоҳ), ин сарвари пурдону пуркор бо як сарсупурдагӣ дил дар роҳи ба воя расонидан ва омодасозии ҷавонони закиву ҳушманде баста буд, то битавонанд бо донишварзони донишсароҳои пешинаи садсола дошта чун донишгоҳҳои Москва, Санкт Петербург, Киев, Боку, Таллин, Вилнюс дар як радиф ба сӯи қуллаҳои фарҳангу дониш гом ниҳанд. Акнун донишҷӯёни тоҷик дар симпозиумҳои баландҷойгоҳ иштирок мекарданд, дар мусобиқаҳои варзишии барои мардуми тоҷик ноошно, чун шамшерзании аврупоӣ (фехтование — рапира), қаиқронии якнафара (каноэ) шоистаи унвони қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ мегаштанд. Дар Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ҷамъияти илмии донишҷӯён, маҳфили адибони ҷавон ва дастаи ҳунарии «Наврӯз» бунёд гардида буд, ки ин конунҳои омӯзишу парвариш дар ҳалқаи худ истеъдодҳои умедбахши илмиву фарҳангиро гирд оварда буданд ва Ҷурабек Назриев дар он доира ҷойгоҳи намоёндан ва суфта кардани зеҳну ҳунари хешро пайдо карда буд. Овозаи зеҳну ҳунари адибони ҷавон ва имрӯз овозаманд Гулназар, Гулрухсор, Сайдалӣ Маъмур, Аскар Ҳаким, Абдунабӣ Сатторзода, Саттор Турсун, Кароматулло Олимов аз он доираҳои донишгоҳӣ фаротар рафта, дар байни мардум номвар гашт. Ҳамон рӯзҳо буд, ки студияи радиошунавонии Тоҷикистон ба бори нахуст таронасароии Ҷурабек Назриевро ба фазои кишвар пахш кард. Ногуфта нагузорем, ки сарояндагони дар он рӯзгор намоёну писандидаи мардум Зафар Нозим ва Ҷурабек Мурод низ чанде дар Донишгоҳи давлатӣ дарс омӯхта, дар шабнишиниҳои адабиву фарҳангии донишҷӯён иштирок мекарданд ва дигар шабнишиние набуд, ки Ҷурабек Назрӣ бо таронаи нави худ дар он нишастҳо дили ҷавононро ба ҷӯш наоварад.

Каси бо вазни арӯз ошно ба равшанӣ пай мебурд, ки Ҷӯрабек Назрӣ ҳамчун як донандаи вазну оҳанги шеър дар нисбат ба бисёре аз таронасароён бартарӣ дорад, зеро ӯ ба дарунмояи назми классикии форс — тоҷик, навои сухани тоҷикӣ — форсӣ ворид буд. Ӯ дар ин росто худрӯ набуда, мактаби шеършиносии устоди сахтгир Шарифҷон Ҳусейнзодаро гузашта буд, ки мутаассифона деворҳои он мактаб дар замони мо фарсуда ва майл ба ворунашавӣ дорад.

Ҷӯрабек Назрӣ пас аз хатми донишгоҳ саросар хешро ба мавҷҳои дарёи пажӯҳиши адабиёти форс — тоҷик афканда, беш аз ҳама сар ба омӯзиши дастхатҳои китобхонаи Абулқосим Фирдавсӣ мезад. Новобаста бар ин фурсатҳои ба даст омадаро бо созҳои мусиқӣ мегузаронд.

Ин воқеиятро бояд ошкор сохт, ки бо вуҷуди устоди хеш донистани ҳама таронасароёни чираманди тоҷик, дар ҷаҳони сарояндагони замонаҳо сабки вижаву нотакрори худро дошт. Ҳамин буд, ки ба зудӣ дар байни нағмапардозони ҷавон як зумра истеъдодҳои умедбахш ба сабки ӯ пайваста, дар паҳлӯяш бо аккордеон, ё рубоб ҳамовозӣ мекарданд. Ёдам ояд, ки дар оғози таъсис додани дастаи ҳунарии худ, донишҷӯи Донишгоҳи кишоварзии Тоҷикистон Саймуҳиддин Сафарзода, ки ҳоло номзади фанҳои кишоварзӣ, дар ноҳияи Ховалинг ба гиёҳшиносӣ шуғл меварзад, дар саҳнаву маҳфилҳо бо ӯ ҳамовозӣ мекард. Чанде пас ба чашм мерасид, ки ҷавони аккордеоннавози хушовоз Қурбоналӣ Раҳмон дар паҳлӯи Ҷурабек бо лаҳни ӯ ҳунармандона месуруд. Ва низ замоне Ҷамшед Исмоили ҷавон бо шеваи Ҷӯрабеки ба устодӣ расида ҳамнавоӣ мекард. Бо ин гуфтанӣ нестем, ки он нағмасароёни дар боло ёдшуда, тақлидгару нусхабардори Ҷӯрабек Назрӣ буданд. Гуфтанист, ки онҳо истеъдоди нотакрори худро дар эъҷозу ҳамоҳангӣ бо ин султони дилҳои ҷавонон пайдо карда, худ ба мартабаи устодӣ расиданд. Чуноне гуфта шуд дарёфти шеъре, ки оҳангсозу таронасаро битавонад мазмуни онро ба синаҳо ҷой кунад, кори ҳар кас нест. Ва ба ҳамин сабаб ҳам шумори зиёди ҳунарпешагон роҳи осонтареро пазируфта, аз шеърҳои фолклорӣ кор мегиранд. Дар оғози солҳои ҳафтодуми садсолаи гузашта сарояндаи навҷӯву хушсадо Аҳмад Зоҳир дар миёни ҳунардӯстони форсизабон ҳангома барпо карда буд ва шумори шефтагони сароиши ӯ рӯз аз рӯз афзуда мешуд. Дар ҳамон солҳо Ҷурабек аз тарафи Муассисаи ҳамкориҳои иқтисодии Иттиҳоди Шӯравӣ бо мамлакатҳои хориҷӣ (Внешэкономсвязи), ҳамчун тарҷумон ба кишвари Афғонистон сафарбар шуда буд. Дар он солҳо нигорандаи ин сатрҳо низ дар вилояти Қундӯзи Афғонистон кор мекард. Рӯзе барои анҷоми корҳои идорӣ ба Кобул рафтам ва дар он ҷо бо Ҷӯрабек ва дӯстамон Шаҳбоз Кабиров (забоншиноси шинохта) вохӯрдам, ки гуфтанд: «афсӯс, дирӯз наомадӣ, ки якҷоя бо Аҳмад Зоҳир суҳбат медоштем». Нишасти онҳо дар хонаи Шаҳбоз сурат гирифтааст ва бо лутфи кадбонуи Шаҳбоз, шоири чирасухан Меҳринисо сабти овозии он суҳбат ва таронасароиҳоро аз магнитофон гӯш кардам. Аз он гуфтумонҳо равшан буд, ки Аҳмад Зоҳирро овозхонии Ҷӯрабек Назрӣ хеле хуш омадааст. Ва хушбахтона ҳамсуҳбатони сарояндаи овозаманди кишвари шоирону нуктасанҷони шеъру таронаи форсӣ — тоҷикӣ Хуросони бостон, се шахсияти донишманду суханшиноси Тоҷикистон будаанд, ки он вохӯрӣ барояш мондагор буд. Чуноне баъдҳо он нишастро ёдовар шуд, ӯ таронаи зеринро бар ғазали Ҳофиз, ки ба тозагӣ рӯяш кор мекард, замзама карда «офарин» — ҳои Аҳмад Зоҳирро шунавидааст:

Сина моломоли дард аст, эй дареғо марҳаме,

Дил зи танҳоӣ ба ҷон омад, худоро ҳамдаме.

Чашми осоиш кӣ дорад, аз сипеҳри тезрав,

Соқиё ҷоме ба ман деҳ, то биёсоям даме.

Зиракеро гуфтам ин аҳвол бин, хандиду гуфт,

Саъб рӯзе булъаҷаб коре парешон оламе.

Сӯхтам дар чоҳи сабр аз баҳри он шамъи чигил,

Шоҳи туркон фориғ аст аз ҳоли мо кӯ Рустаме.

Ҷӯрабек ғазали дар боло овардаро шарҳи фишурдае дода, дар мавриди Рустам ва ибораи «шоҳи туркон», ин нуктаро аз «Шоҳнома» — и Ҳаким Фирдавсӣ ба ёд овард, ки бо туркони чигил Рустами Дастон размида, онҳоро шикаст додааст, вале гуфтаи Ҳофиз бо овардани таъбири «шоҳи туркон», ишора ба зеборухсорест чун он туркон бераҳму сангдил.

Аз фазилатҳои Ҷурабек Назрӣ ёдовар шуда, дар пиромуни хӯшсуҳбатӣ, маҳфилороӣ ва чарбгуфториҳояш чизе нагуфтан, арзиши гуфторро коҳиш медиҳад. Ӯ дар баробари таронаҳояш, оҳангҳояш, овози нотакрораш, дӯст медошт, ки аз донистаҳояш, дарёфтҳои нобаш, ки мояи ҷусторҳои донишманде пуркор буданд, суҳбат биорояд . Медонист, ки бо бозгуфтани порчаи шеърие, тавсифи гуфтаҳои нозукхаёле, суҳбат маҷрои тозае гирифта, гарму гармтар мешавад. Худаш ҳамеша бо лабханд сухан мегуфт, бад — он сон ки мехост бар лабҳои дигарон низ гули лабханд бишкуфад.

Дар ҷавонӣ ҳар гоҳ бо дӯсте муроҷиа мекард, ҳатман аз вожаи «ҷон» ва гоҳе низ бо шеваи гуфтори мардуми Ховалинг «ҷун» кор мегирифт ва агар тарафи муқобили ӯ хурдсолу ҷавонтар мебуд, бо лаҳни шӯхиомез мегуфт «фалонии ҷун, ҷунум дар ҷунут..». Ҳатман ин шеваи муроҷиатро бо табассуми зебо, бо ҳаракати меҳрубононаи сару гардан иҷро мекард.

Даргузашти Ҷӯрабек Назрӣ дарднок ва ғуссабор аст ва барои фарзандон, янгаи зебову меҳрубон Мунира ва дӯстону ҳаводорони завқи латифу нотакрораш фоҷеабор аст. Ҷӯрабек бо вуҷуди ба сини беш аз камолот расидан, ҳанӯз ҷавону зебо буд, зеро дили зебо дошт.

Дар оғози ин гуфтор яке аз дӯстони Ҷӯрабек, Саймуҳиддин Сафарзодаро ба ёд овардем, ки дар ҷавонӣ чанде бо ӯ ҳамовозӣ мекард ва ҳангоми сароиши таронаи «Зи ғами ту зор — зорам, ҳала ту шод бошӣ…», мехонд: Зи ғами ту зор — зорам Ҷӯрабек ту шод бошӣ…

Имсол, ки соли ашк буд, дареғу дард бегуноҳони зиёдро ба шаҳри нобудӣ бурд.

Равони Ҷӯрабек Назрӣ — донишманду дорандаи овози тиллоӣ шод бод!

Зафар МИРЗОЁН,

ховаршинос, профессори фахрии

Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ

Related Articles

Leave a Comment