Home ХАБАР ПАЁМИ ТАБРИКИИ РЕКТОР БА ИФТИХОРИ РӮЗИ ДОНИШ

ПАЁМИ ТАБРИКИИ РЕКТОР БА ИФТИХОРИ РӮЗИ ДОНИШ

by admin
236 views

ПАЁМИ

табрикии ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, доктори илмҳои педагогӣ, профессор Мирализода Абдусалом Мустафо ба ифтихори Рӯзи дониш

Ҳамватанони азиз!

Ҳайати профессорону омӯзгорон ва донишҷӯёни гиромӣ!

Ба ҳамаи мо маълум аст, ки ҳамасола дар ватани азизамон Тоҷикистон Рӯзи дониш ба унвони гиромидошти илму дониш бошукӯҳ ҷашн гирифта мешавад. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки Ҳукумати мамлакат, махсусан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи пайваста ва эҳтироми хос ба аҳли илму маориф доранд.

Аз ин хотир, пеш аз ҳама Рӯзи донишро, ки саршавии соли таҳсил аст, ба хонандагону донишҷӯён, маорифчиён, мардуми сарбаланди тоҷик ва кӯдакону наврасоне, ки аввалин маротиба ба мактаб қадам мегузоранд, табрик гуфта, ба шумо саломатӣ, зеҳни бурро ва хониши хубу рафтори намунавиро таманно дорам.

Мутаассифона, соли таҳсили 2019-2020 дар кишвар бемории коронавирус ба қайд гирифта шуд. Бо мақсади ҳифзи саломатии хонандагону донишҷӯён, омӯзгорон ва кормандони соҳаи маориф бо қарори Ситоди ҷумҳуриявӣ соли таҳсил барвақт қатъ гардид ва муҳлати таътил ҳам дарозтар карда шуд.

Хушбахтона, бо талошу заҳматҳои шабонарӯзии Ҳукумат ва хизмати фидокоронаи кормандони соҳаи тиб шиддати беморӣ хеле паст гардид ва ҳоло дар тамоми муассисаҳои таълимӣ дарс рафта истодааст.

Ҳайати омӯзгорону донишҷӯён ва кормандони Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ аз таваҷҷуҳи рӯзафзуни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мактабу маориф ва илму фарҳанг, аз ҷумла ба Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ рӯҳбаланд гардида, дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллатро дар мулоқот бо зиёиёни кишвар, Паёмҳои солона ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Дарси сулҳ, ки ҳамасола дар муассисаҳои таълимӣ бо кормандони соҳаи маорифи кишвар баргузор мегардад, ҳамчун ҳуҷҷати раҳнамунсоз сармашқи фаъолият дониста, баҳри татбиқи онҳо пайваста саъю кӯшиш менамоянд. 

Раёсати донишгоҳ бо иштироки фаъоли омӯзгорон ва донишҷӯён дар соли таҳсили 2019-2020 дар як қатор чорабиниҳои ҷамъиятӣ, аз ҷумла, бахшида ба «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ», “Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Рӯзи Модар”, “Ҷашни байналмилалии  Наврӯз”, “Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон” ва корҳои фаҳмонидадиҳӣ ҷиҳати пешгирии бемории сироятии коронавирус фаъолона иштирок намуданд.

Ҳамзамон дар давраи авҷгирии бемории сироятии коронавирус аз ҷониби омӯзгорони донишгоҳ ба таври ихтиёрӣ ба 60 нафар духтурони беморхонаи сироятии шаҳри Кӯлоб маводи ниёзи аввалия кӯмак расонида шуд. 

Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дар рейтинги муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз рӯи 36 нишондиҳандаи таълимию илмӣ роҳандозӣ мегардад, дар даҳгонаи дуюм қарор дорад. 

Раванди таълим дар ин давра муътадил идома ёфта, назорати асосӣ, ҷамъбасти пурраи сессияи санҷишию имтиҳонии зимистона ва тобистонаи соли таҳсили 2019-2020, омодагӣ ва дар сатҳи зарурӣ ҷамъбаст намудани кори Комиссияи аттестатсионии хатми соли таҳсили 2019-2020, таъмини донишҷӯён бо стипендия, назорати давомоти донишҷӯёни таълими рӯзона, ғоибона, таҳсилоти фосилавӣ ва магистратура равона карда шуд. 

Азхудкунӣ дар сессияи ҷамъбасти имтиҳонотии тобистона 91,9 %-ро ташкил дод, ки нисбат ба нимсолаи аввали соли таҳсил 13,8 зиёд мебошад.

Бо мақсади саҳми назаррас гузоштан дар рушду такомули илм омӯзгорон дар 29 кафедраи амалкунандаи донишгоҳ ба корҳои илмӣ-тадқиқотӣ машғул буда, ҳамасола ба табъу нашр ва таҳияи рисолаву монография ва китобҳои илмию таълимӣ машғул мебошанд.

Дар давраи ҳисоботӣ аз 588 нафар ҳайати омӯзгорон 521 нафарашон дар корҳои илмӣ-тадқиқотӣ машғул мебошанд, ки ин ба 88,6%-и теъдоди омӯзгорони донишгоҳ баробар буда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 11,3% зиёд мебошад. Яъне, аз 140 нафар омӯзгороне, ки ба корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ машғул набуданд, бо ташкили семинарҳои омӯзишӣ, машваратҳои илмӣ ва талаботи ҷиддӣ 73 нафарашон бо мавзӯъ ва роҳбари илмӣ таъмин гардида, корҳои илмӣ-таҳқиқотии худро оғоз намуданд. 

Ҳамасола маблағгузории самти илм аз тарафи Ҳукумати ҷумҳурӣ афзоиш меёбад. Вобаста ба ин, дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ  барои пешрафти илм ва омода кардани кадрҳои илмӣ-педагогӣ шурӯъ аз соли таҳсили 2013-2014 дар асоси қарори Шӯрои олимони донишгоҳ омӯзгорон барои ҳимояи рисолаҳои номзадӣ 3000 сомонӣ ва ҳимояи рисолаҳои докторӣ дар ҳаҷми 5000 сомонӣ ҳавасманд гардонида мешаванд. Аз соли 2013 то инҷониб аз ҳисоби суратҳисоби махсуси донишгоҳ барои ҳимояи рисолаҳои номзадӣ ва рисолаҳои докторӣ зиёда аз 110 000 (сад ҳазор) сомонӣ ҷудо карда шудааст, ки 10 000 (даҳ ҳазор) сомонии он ба 6 моҳаи аввали соли 2020 рост меояд. Ин иқдом минбаъд низ идома хоҳад ёфт.

Дар 6 моҳи 2020 ба 4 нафар омӯзгорон муяссар гардид, ки рисолаҳои илмии номзадии худро дифоъ намоянд. Зиёда аз 30 омӯзгорони донишгоҳ корҳои илмӣ-таҳқиқотии худро дар шакли рисолаи илмӣ ба охир расонида ба шӯроҳои ҳимоя пешниҳод карда истодаанд, ки аллакай санаи ҳимояи 4 нафар омӯзгорон маълум гардидааст.

Дар 6 моҳаи сипаригардида 13 конференсия, семинар ва дигар чорабиниҳои илмӣ дар сатҳи донишгоҳ ва шаҳр ташкил карда гузаронида шуд, аммо мутаассифона баргузории 2 конференсияи ҷумҳуриявӣ, ки мебоист моҳҳои май ва июни соли равон гузаронида мешуданд, бинобар сабаби ба таври фаврӣ ба таътил баромадани омӯзгорон ба таъхир гузошта шуд.

Ноил шудан ба дастовардҳои баланди таълимӣ-методӣ, илмӣ, тарбиявӣ ва молиявию хоҷагидорӣ дар ҳама самтҳо аз ҳадафҳои асосии Раёсати донишгоҳ ба ҳисоб рафта, барои баланд бардоштани сатҳу сифати таълим, нуфузу эътибори ин махзани илму маърифат дар арсаи ҷумҳурию байналмилалӣ, ҳамзамон, ҷиҳати татбиқи амалии сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста ҷаҳду талош сурат мегирад.

Дар охир омӯзгорону донишҷӯён, хонандагон, наврасону ҷавонон ва кулли мардуми кишварро ба Рӯзи дониш ва оғози соли нави таҳсил табрик мегӯям.

Рӯзи дониш муборак, ҳамкасбони гиромӣ!

Related Articles

Leave a Comment