ДУШАНБЕ, 03.09.2020 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Кохи Борбад Анҷумани XIV Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар кори он вакилон, аъзои Раёсат, Кумитаи Иҷроияи Марказӣ, Фраксияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Парлумон, намояндагони ташкилоти ҷамъиятӣ, Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарони як зумра сохтору идораҳои дахлдор, кормандони масъули дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказӣ, кумитаҳои иҷроияи ҳизб дар вилоят ва шаҳру ноҳияҳо, намояндагони воситаҳои ахбори оммаи ҳизбӣ, аъзои фаъоли ҳизб ва Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» ширкат варзиданд.
Раиси дастгоҳи ҲХДТ Абдураҳмон Хонов ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, ки дар анҷуман аз тарафи вакили Анҷуман Зубайда Шарипова, директори мактаб-интернати №3 барои кӯдакони имконияташон маҳдуди шаҳри Душанбе номзадии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ гардид, ки он аз ҷониби ҳамаи вакилони Анҷумани XIV якдилона ҷонибдорӣ ёфт. Инчунин Низом Қосим, раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Шукурҷон Зуҳуров, собиқадори ҳизб, Абдумубин Абдушукуров, директори корхонаи саноатии “ЗиревЭко”-и шаҳри Хуҷанд, Гулбарг Боқиева, роҳбари Маркази ҳунармандии “Чирадаст”- и ноҳияи Мӯъминобод, Гулнора Тайғунова, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шуғнон, Саидбек Мирзомиддинов, роҳбари қабулгоҳи ҷамъиятии ҲХДТ дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия (тариқи онлайн) ва дигарон изҳори назар карда, пешбарӣ гардидани номзадии Эмомалӣ Раҳмонро ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра ҷонибдорӣ намуданд.
Дар анҷуман муовини якуми Раиси ҳизб Абдуҷаббор Азизӣ бо пешниҳоди далелҳои мушаххас таъкид намуд, ки бо натиҷагирӣ аз фаъолияти анҷомшуда ҳамаи нишондиҳандаҳои барномаи номзад ба мансаби Президенти мамлакат аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон барои 7 сол, ки дар соли 2013 пешбинӣ шуда буд, дар маҷмӯъ иҷро гардиданд.
Зикр гардид, ки номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба Интихобот бо барномаи ҷадид, ки фарогири ҳама самту соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат аст, ворид мегардад. Барномаи пешазинтихоботии номзади пешбаринамуда ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳои муҳими рушди ҷомеаро фаро мегирад. Аз тарафи А. Азизӣ махсус таъкид шуд, ки номзади Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон барои иҷрои барномаи пешазинтихоботии худ се имконияти ҷиддӣ дорад: якум — таҷрибаи бузурги сиёсӣ; дуюм — собиқаи амалии идоракунӣ ва сеюм — неруи бузурги кадрӣ ва ҷонибдорони зиёди мавқеи ҳизб.
Мавриди зикр аст, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон беш аз 494 ҳазор нафар аъзо дорад. Аз ин шумора 48 фоизи аъзои ҳизбро занон ва 37 фоизашро ҷавонон ташкил медиҳанд.
АКС аз бойгонии АМИТ «Ховар»