Давлати РАҲМОНИЁН
Бар шери қафас хории тан мемонад,
В — аз хории ҷон наъра задан мемонад.
Шере, ки даруни панҷара зода шудаст,
Шоҳест, ки бе гӯру кафан мемонад.
То зинда бувад, қафас барояш ватан аст,
Рӯзе, ки бимирад, аз Ватан мемонад.
Кас гӯр надидаст, ки шере хуфтаст,
Ин мурда ба каргасу заған мемонад.
Дил дар қафаси сина қиёмат дорад,
Шери қафасӣ бар дили ман мемонад!