Home АНДЕША ЧАРО БИСЁРЕ АЗ ОИЛАҲОИ ҶАВОН ПОШ МЕХӮРАНД?

ЧАРО БИСЁРЕ АЗ ОИЛАҲОИ ҶАВОН ПОШ МЕХӮРАНД?

by admin
284 views

Одинамо ШАРИПОВА, номзади илмҳои педагогӣ, дотсенти кафедраи забони ҳозираи руси Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ

Оила дар фарҳанги мардуми кӯҳанбунёди тоҷик ҳамчун ниҳоди муқаддас эътироф гардидааст, зеро беҳтарин арзишҳои инсонӣ, аз қабили муҳаббату садоқат, самимияту вафодорӣ ва ҳамдигарфаҳмиву таҳаммулгароӣ маҳз дар оила ташаккул меёбад.

 Эмомалӣ РАҲМОН

Пеш аз он ки дар бораи вайроншавии оилаҳо ҳарф занем, аввал бояд маълум кард, ки заминаи бунёди ин оилаҳо чӣ буд ва чаро барҳам хӯрданд? Сабаби пош хӯрдани оилаҳо дар кишвар пеш аз ҳама ба ҳаёти оилавӣ омода набудани ҷавонон аст. Вақте ки ҷавонписар ё ҷавондухтар касб надорад, аз нигоҳи иқтисодӣ худашро таъмин карда наметавонад, чӣ ниёзе ба бунёди оила дорад? Аксари оилаҳои имрӯз аз ҳисоби падару модарон бунёд мешаванд. Ин гуфтаро бештари равоншиносони масоили оилавӣ таъкид мекунанд.

Мутаассифона, ба чашм мерасад, ки барои пош хӯрдани оила ҳарду тараф — ҳам мард ва ҳам зан гунаҳгоранд. Пеш аз ҳама, бояд ҳар як модар ба хотири ояндаи дурахшони фарзандаш ӯро ҳам аз ҷиҳати ҷисмонӣ ва ҳам аз ҷиҳати ақлонӣ ба ҳаёти оилавӣ омода кунад. Ҳамин холигоҳи тарбия дар як гурӯҳ духтарони ҷавон ба он боис шудааст, ки вақте онҳо ба ҳаёти оилавӣ қадам мегузоранд, аз оддитарин маданияти рӯзгордорӣ бехабаранд. Ҳамин ноогоҳӣ ва бетасаввурот будан аз гардишҳои рӯзгору пасту баландиҳои он боис ба моҷароҳои домандор дар оилаҳо ва парокандашавии онҳо гаштааст.

Агарчи оиладорӣ ҳодисаи муқаррарӣ менамояд, масъулияти зиёд доштани онро фаромӯш набояд кард. Зеро оила пойдевори ҷомеа, асоси пойдории насли инсон мебошад. Ҷомеашиносон оиларо ячейкаи хурди ҷамъият номида, таъкид доштаанд, ки инсон тарзи муносибат бо афроди ҷомеаро маҳз дар муҳити оила меомӯзад. Аз ин рӯ, инсоне, ки аз муҳити оилаи солим маҳрум мемонад, на танҳо дар ҷомеа мавқеъ намеёбад, балки бо ҳамроҳ шудан ба ҳаёти ҷамъиятӣ мушкилиҳои бе ин ҳам зиёди ҷомеаро афзунтар мегардонад.

Аз шумораи зиёд шудани ҷудошавии оилаҳо равшан маълум мегардад, ки таваҷҷӯҳи мақомот ва ҷомеа ба ин масъалаи муҳим кам шудааст. Маълум мешавад, ки пеши роҳи кам кардани ин мушкилоти иҷтимоиро дар якҷоягӣ метавон гирифт.

Ташкили оилаи солим ва интихоби дурусти ҳамсар яке аз мавзӯъҳои муҳими ҳаётӣ ба шумор меравад. Падару модар бо ҳазор умеду орзу фарзандонро ба воя мерасонанд ва ба онҳо дуои нек медиҳанд, то оила бунёд кунанду хушбахт шаванд.

Аслан нафаре, ки оиладор мешавад, набояд оиларо ҳамчун воситаи татмини нафс бинад, балки дарк кунад, ки оила муассисаи муқаддас буда, дар он афроди ҷомеа ба воя мерасанд. Барои барпо кардани оилаи мустаҳкаму устувор интихоби ҳамсар муҳим аст. Пеш аз ташкил кардани оила тарафайн бояд хислати якдигарро донанд ва ҳамеша дар нишебу фарози зиндагӣ дастгири ҳамдигар бошанд. Барои бунёд кардани оилаи мукаммал, бешубҳа, падару модар нақши муҳим дошта, намунаи оила ба ҳисоб мераванд. Онҳо бояд фидокор бошанд, ҳамеша дар фикри дигарон бошанд, худпараст набошанд, якдигарро ҳурмату эҳтиром намоянд, ҳамеша паҳлӯи хуби воқеаро бинанд, сабур бошанд ва хушмуомилаву беозор бошанд. Ҳама вақт унсурҳои маънавиро дар мадди аввал гузоранд ва донанд, ки пулу мол, мақому мансаб, зебоиву шуҳрат абадӣ набуда, ҳеҷ вақт оиларо устувор нигоҳ намедорад. Дар баробари ин, волидайн бояд ҳамеша аз истеъмоли машруботи спиртӣ, қиморбозӣ, зинокорӣ ва дигар корҳои зишт дур бошанд, зеро агар дар ҷое, ки ин гуна аъмоли зишту гуноҳ мавҷуд бошад, он ҷо ҳузур, садоқат ва эътимод дида намешавад. Ин амалҳои зишт боиси гусаста шудани пайвандии оила ва рафоқату дӯстии аҳли оила мегардад. Донистани ҳаққу хуқуқи ҳамдигар низ барои устувор нигоҳ доштани оила муҳим аст.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат дар яке аз баромадҳояшон аз ҷудошавии оилаҳо изҳори нигаронӣ карда, чунин гуфтаанд: «Сабаби ҷудошавии оилаҳо, пеш аз ҳама, омода набудани ҷавонон ба зиндагии мустақилона мебошад… Сабаби дигари пош хӯрдани оилаҳо дар он аст, ки бисёре аз волидайн фарзандонро бе муоинаи пешакии тиббӣ хонадор карда, вазъи саломатии онҳоро ба эътибор намегиранд… Бояд гуфт, ки масъалаҳои маърифати оиладорӣ, баланд бардоштани масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд, омода кардани фарзандон ба ҳаёти мустақилона ва пойдории оила аз ҷумлаи проблемаҳое мебошанд, ки диққати доимии тамоми мақомоти давлатӣ, муассисаҳои таҳсилотӣ ва кулли аъзои ҷомеаро тақозо мекунад».

Бояд қайд намуд, ки оила ин ранҷу заҳмат ва меҳнати пурҳосил аст. Ҳаёти оилавӣ ин сабру тоқат, гузашту бахшишҳо, муҳаббати дутарафа ва кор аз болои камбудиҳои худро дорост! Баъзеҳо шикоят мекунанд, ки дар байни онҳо муҳаббат намондааст!? Дар ҳақиқат, агар байни зану шавҳар ягон мақсад набошад, пас муҳаббат низ коста мегардад, хоҳиши барқарор намудани муносибатҳо гум мешавад ва аз ҳамдигар «сер» мешаванд. Барои ҳамин, инро дуруст дарк намудан зарур аст ва муҳимиятро дуруст баҳо дода, муносибатҳоро дар дигар сатҳ инкишоф додан лозим меояд. Тавре шахсони рӯзгордида, мегӯянд, ки «Зиндагии ширин дар як бахту як саодат аст».

Рӯзҳои охир тариқи расонаҳои ахбору шабакаҳои иҷтимоӣ хабару видеоҳои оилавайроншавиро бисёртар дида истодаем. Бештари онҳоро оилаҳои ҷавон ташкил мекунанд, ки баъзан аз тӯҳмати зиёд, аз нангу номус ва орият даст ба куштор мезананд.

Дар ин дунё яке аз дард бимирад,

Дигар аз туҳмати номард бимирад.

Худоё мешавад оё ягон рӯз,

Ки номарде ба ҷои мард бимирад?

Сабабҳои вайроншавии оилаҳо хеле зиёданд ва метавон чанде аз онҳоро номбар кард:

— орзуи ҷудо зистани навхонадорҳо (на ҳамаи оилаҳо, бахусус дар деҳот, имконияти фавран пайдо намудани манзили алоҳидаи зистро доранд);

— надонистани фарҳанги зиндагӣ (китоби зиндагӣ хеле бузург ва душворфаҳм аст);

— омода набудани ҷовонон ба ҳаёти мустақилона (барвақт хонадор намудан ва сатҳи пасти иҷтимоӣ);

— набудани иззату ҳурмати якдигар, падару модар;

— эркагиҳои зиёд;

— набудани меҳру муҳаббат;

— хусумат нисбат ба зан аз тарафи мард;

— беақлии зану мард (паст будани шуурнокии яке аз тарафҳо);

— бекории онҳо;

— рашки зиёд;

— хиёнати бешармонаи занҳо ба шавҳару оила ва кӯдакони бехабар аз ин олам;

— хиёнати мардон, беаҳамиятии онҳо нисбат ба зану фарзандон ва ғулом донистани зан;

— аз бефарзандӣ;

— дахолат ба зиндагии оилаҳо (хушдоману янаҳо);

— аз хабарчинӣ;

— ғайбати хонаводагӣ;

— камбизоатӣ;

— ношукрӣ, таъна намудани тарафайн;

— беимонӣ, бесабрӣ;

— якдигарфаҳмӣ набудан миёни якдигар;

— худпарастӣ;

— бесаводӣ,

— истифодаи телефон муддати тулонӣ (1-2 соат);

— дар интернет вақти зиёдро гузаронидан;

— рақобати ҷиҳозонидани хона бо ҳамсоязан;

— дур мондан аз ахлоқи ҳамидаи инсонӣ (шарм, ҳаё, эҳтиром, якдигарфаҳмӣ) ва ғайраҳо.

Дар ҷомеаи имрӯза омилҳои вайроншавии оилаҳо гуногун мебошанд. Як омили ҷудоӣ муҳоҷирати мардон мебошад. Онҳо муддати дароз аз оила дур мемонанд ва гапу калочаҳои беасос пайдо гардида, оиларо хонавайрон мекунад. Сабаби дигари пош хӯрдани оила ин беморӣ ва бетарафии калонсолон мебошад.

Дигар тарафи масъала ин аст, ки инсон барои интихоби ҳамсари ҳаётиаш набояд ба саросемагӣ ва беаҳамиятӣ роҳ диҳад, то сабаби вайроншавии оила ва ятим мондани фарзандон гардад.

Дар шароити имрӯза бо мақсади пешгирии пошхӯрии оилаҳои ҷавон омода намудани фарзандон ба ҳаёти оиладорӣ, ба роҳ мондани дарсҳои маърифати оиладорӣ дар мактабҳои оли касбӣ, таъсиси комиссияҳои ҷамъиятӣ дар шаҳру деҳотҳо ва вохӯрӣ гузаронидан дар байни ҷавонписарону ҷавондухтарон лозим аст. Зеро, ки оилаи солиму хушбахт ва маърифати хонаводагии падару модар дар оила асоси тарбияи фарзанд ба ҳисоб рафта, ҷомеаи солим низ ба насли бомаърифат, донишманд, ватанпараст, забондон ва дорои ахлоқи ҳамида ниёз дорад. Аз одобу рафтори шоистаи инсон, меҳнати фидокорона, оилаи солим боқӣ монда, фарзандони зираку ҳушёр ба ҷомеа нафъ мерасонанд. Аз ин рӯ, аз аввалин рӯзҳои оиладорӣ месазад меҳру муҳаббат ва ҳамдигарфаҳмӣ барин омилҳои асосии оиладориро абадӣ дар хонадон ҷойгузин намуд.

Related Articles

Leave a Comment