Home ОЗМУНҲО ОЗМУНИ «БЕҲТАРИН МУАССИСАИ ТИББӢ»

ОЗМУНИ «БЕҲТАРИН МУАССИСАИ ТИББӢ»

by admin
332 views

ҚАРОРИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН № 45, АЗ 15.02.2019

Дар бораи озмунҳои вилоятии «Беҳтарин муассисаи тиббии сол», «Беҳтарин табиби сол», «Беҳтарин корманди миёнаи тиббии сол» ва «Беҳтарин дастоварди соҳаи тиб дар вилоят»

Бо мақсади рушди соҳаи тандурустии вилоят, ҳифзи саломатӣ ва беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ, фароҳам овардани шароити мусоид барои табобати беморон мутобиқи моддаҳои 19, 20 ва 33 — и Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» ва моддаи 25-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» ҚАРОР МЕКУНАМ: 

1. Ҳамасола то 1 декабр озмунҳои вилоятии «Беҳтарин муассисаи тиббии сол», «Беҳтарин табиби сол», «Беҳтарин корманди миёнаи тиббии сол» ва «Беҳтарин дастоварди соҳаи тиб дар вилоят» гузаронида шаванд.

2. Низомнома ва ҳайати Кумитаи тадорукоти озмунҳои вилоятии «Беҳтарин муассисаи тиббии сол», «Беҳтарин табиби сол», «Беҳтарин корманди миёнаи тиббии сол» ва «Беҳтарин дастоварди соҳаи тиб дар вилоят» тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1, 2).

3.     Сарраёсати молияи вилоят вазифадор карда шавад, ки ҳамасола маблағи мукофотонии озмунҳои вилоятии «Беҳтарин муассисаи тиббии сол», «Беҳтарин табиби сол», «Беҳтарин корманди миёнаи тиббии сол» ва «Беҳтарин дастоварди соҳаи тиб дар вилоят»-ро, ки ба ҳар як озмун 5000 (панҷ ҳазор) сомонӣ, дар маҷмӯъ 20000 (бист ҳазор) сомонӣ пешбинӣ шудаст, аз ҳисоби маблағи фонди захиравии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ба дастгоҳи раиси вилояти Хатлон ҷудо намояд.

4. Роҳбари дастгоҳи раиси вилояти Хатлон вазифадор карда шавад, ки маблағи ҷудошударо мақсаднок истифода намуда, аз натиҷааш ба Сарраёсати молияи вилоят ҳисобот пешниҳод намояд.

5. Рӯзномаҳои «Хатлон», «Новый Хатлон», «Дӯстлик», раёсати телевизион ва радиои вилоят ташкили озмунҳо ва низомномаи онҳоро дар саҳифаҳои рӯзнома ва барномаҳои телевизиону радио чоп ва пахш намоянд.

6. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини соҳавии раиси вилоят гузошта шавад.

Раис               Қ. Ҳакимзода

Замимаи 1

Ба қарори раиси вилояти Хатлон аз 15.02.2019, №45

НИЗОМНОМАИ

озмунҳои вилоятии «Беҳтарин муассисаи тиббии сол», «Беҳтарин табиби сол», «Беҳтарин корманди миёнаи тиббии сол» ва «Беҳтарин дастоварди соҳаи тиб дар вилоят».

1.     Муқаррароти умумӣ

1. Солҳои соҳибистиқлолӣ дар ҷумҳурӣ заминаҳои ҳуқуқии рушди соҳаи тандурустӣ бунёд гардида, қонуну қарорҳо ва як қатор ҳуҷҷатҳои меъёрии соҳа бо назардошти талаботи замони нав ва таҷрибаи ҷаҳонӣ ҷавобгӯ таҳия ва қабул гардиданд, ки барои рушди соҳаи тандурустӣ мусоидат ва барои инкишофи босуръати он замина муҳайё намудаанд.

2. Масъалаи ташхис ва табобати беморон, пешгирии бемориҳои сироятию ғайрисироятӣ, ворид намудани таҷҳизоти муосири тиббӣ, ҳавасмандкунии моддию маънавии роҳбарони муассисаҳои тандурустӣ, табибон ва кормандони миёнаи соҳаи тиб, дар ин замина баланд бардоштани сатҳи хизматрасонии тиббӣ, дар меҳвари сиёсати имрӯзаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дода шудаанд.

3. Гузаронидани озмунҳо барои дарёфти «Беҳтарин муассисаи тиббии сол», «Беҳтарин табиби сол», «Беҳтарин корманди миёнаи тиббии сол» ва «Беҳтарин дастоварди соҳаи тиб дар вилоят» (минбаъд озмунҳо) дар рушди соҳаи тандурустӣ мусоидат мекунад.

2.     Мақсади озмунҳо

4. Озмунҳо бо мақсади баланд бардоштани мақоми муассисаҳои тандурустӣ, табибон ва кормандони миёнаи тиббӣ дар ҷомеа ва рушди муассисаҳои соҳа, ҳавасмандкунии моддию маънавии роҳбарони муассисаҳои соҳаи тандурустии вилоят, табибон ва кормандони миёнаи тиббие, ки дар баланд бардоштани сатҳи хизматрасонии тиббӣ ба дастовардҳои баландтарин ноил гардидаанд, ҷорӣ карда мешавад.

3.     Кумитаи тадорукот

5. Бо мақсади дар сатҳи баланд гузаронидани озмунҳо Кумитаи тадорукот таъсис дода мешавад, ки аз раис, муовини раис, котиб ва аъзо  иборат аст. Кумитаи тадорукот масъулияти ташкилу гузаронидан ва ҷамъбасти озмунҳоро ба зимма дорад.

6. Кумитаи тадорукоти озмунҳо бо қарори раиси вилояти Хатлон тасдиқ карда мешавад.

4.     Вазифаҳои Кумитаи тадорукоти озмунҳо

7. Кумитаи тадорукот:

— пешниҳодҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳоро оид ба иштироки муассиса, табиб, корманди миёнаи тиббӣ ва беҳтарин дастовардҳои соҳаи тиб дар вилоятро дар ҷаласаҳои Кумитаи тадорукот баррасӣ менамояд;

— муассисаҳо, табибон, кормандони миёнаи тиббӣ ва беҳтарин дастовардҳои тибби хусусӣ, барои иштирок дар озмунҳои «Беҳтарин муассисаи тиббии сол», «Беҳтарин табиби сол», «Беҳтарин корманди миёнаи тиббии сол» ва «Беҳтарин дастоварди соҳаи тиб дар вилоят» аз тарафи Сарраёсати Хадамоти назорати давлатӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар вилоят пешниҳод карда мешаванд;

— интихобан фаъолияти муассисаҳои тиббӣ, табибон ва ҳамшираҳои тиббии ба озмун пешниҳодшударо мавриди таҳлилу омӯзиш қарор медиҳад;

— барои арзёбӣ ва баҳодиҳии воқеӣ ва фаъолияти довталабони пешниҳодшуда коршиносони мустақилро ҷалб менамояд;

— дар муҳлатҳои муқарраршуда ҳуҷҷатҳои пешниҳодшударо баррасӣ менамояд;

— ҷаласаи озмунро гузаронида, ба раиси вилоят протоколи ҷаласаро барои тасдиқ пешниҳод менамояд.

5. Теъдод ва ҳаҷми мукофотҳо

8. Дар ҳар як озмун як ғолиб муайян шуда, ғолибон бо туҳфаҳои пулию молӣ сарфароз гардонида шуда, ба онҳо шаҳодатномаҳои «Беҳтарин муассисаи тиббии сол», «Беҳтарин табиби сол», «Беҳтарин корманди миёнаи тиббии сол» ва «Беҳтарин дастоварди соҳаи тиб дар вилоят» дода мешавад.

Ҳаҷми мукофотпулӣ 5000 (панҷ ҳазор) сомонӣ барои ҳар як озмун муқаррар шудааст.

6. Шартҳои озмунҳо

9. Барои озмуни «Беҳтарин муассисаи тиббии сол»:

— таъминнокӣ бо кадрҳои ихтисосманди тиббӣ;

— воридоти таҷҳизоти муосири тиббӣ;

— ҷорӣ будани усули нави табобат;

— симои зоҳирии бино, таъмиру тармими саривақтӣ ва ба талаботҳои санитарию гигиенӣ ҷавобгӯй будан;

— таъмин будани муассиса бо сомона;

— мавҷудияти гулу гулбуттаҳо дар дохил ва ҳавлии бино;

— риояи тартиботи ҷорӣ дар муассиса;

— омодагӣ ба таҷлили ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

— иҷроиши катҳо (дар сохторҳои госпиталӣ);

— қабули дармонгоҳии беморон ва солимгардонии беморони диспансерӣ ва маъюбон (дар сохтори КАТС ва сохторҳои госпиталӣ);

— иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 декабри соли 2008, №600 “Дар бораи тартиби хизматрасонии тиббӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои давлатӣ”;

— иҷроиши барномаҳои миллию соҳавӣ;

— насби шиору овеза ва риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар муассиса ва ҳуҷҷатгузорӣ;

— риояи дастурамали коргузорӣ дар ҳуҷҷатгузории муассиса;

— ба роҳ мондани истифодаи либосҳои ягонаи кормандони муассиса;

— фавти дохили беморхонагӣ (дар сохторҳои госпиталӣ);

— бақайдгирии саривақтии таваллуду фавт (дар муассисаҳои КАТС);

— ҳамкории муассиса бо дигар муассисаҳои тиббӣ дар самти истифодаи дастовардҳои тиббии муосир.

10. Барои озмуни «Беҳтарин табиб»:

— дорои дараҷаи тахассусии олии касбии на кам аз 10 сол собиқаи корӣ дар муассисаҳои соҳаи тандурустӣ;

— баланд будани дараҷаи дониши касбӣ;

— гузаштан аз курсҳои такмили ихтисос;

— малакаи кор бо технологияи муосири компютерӣ;

— намунавӣ будани фаъолият ҳамчун табиб, аз ҷумла надоштани муҷозоти интизомӣ дар давраи фаъолияти меҳнатӣ;

— дар амал татбиқ намудани барномаҳои миллии соҳавӣ, талаботҳои фармоиш ва қарорҳои мушовараи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва раёсати тандурустии вилоят;

— воридсозии риояи талаботҳои протоколҳои клиникии тиббӣ дар амалия;

— беҳтар ба роҳ мондани сатҳи хизматрасонии тиббӣ;

— муоширати хуб доштан бо беморон ва коллективи меҳнатӣ;

— тарбияи мутахассисони ҷавон.

11. Барои озмуни «Беҳтарин корманди миёнаи тиббӣ»:

— дорои дараҷаи тахассусии миёнаи касбӣ ва на кам аз 10 сол собиқаи корӣ дар муассисаҳои соҳаи тандурустӣ;

— баланд будани дараҷаи дониши касбӣ;

— гузаштан аз курсҳои такмили ихтисос;

— намунавӣ будани натиҷаи кори номзад ҳамчун корманди миёнаи тиббӣ;

— истифодаи сару либоси ягонаи тиббӣ ва меъёрҳои талаботи дастурамалҳои коргузорӣ дар соҳа;

— беҳтар ба роҳ мондани сатҳи хизматрасонии тиббӣ;

— надоштани муҷозоти интизомӣ дар давраи фаъолияти корӣ;

— муоширати хуб доштан бо беморон ва коллективи меҳнатӣ.

12. Барои озмуни «Беҳтарин дастоварди соҳаи тиб дар вилоят»:

— табибони дорои дараҷаи тахассусии олии касбии дорои на кам аз 5 сол собиқаи корӣ дар муассисаҳои соҳаи тандурустии вилоят;

— ихтирои маводи доруворие, ки табиб ба он ҳуқуқи муаллифӣ дорад;

— амалӣ намудани усулҳои нави табобат, ки дар ҳудуди вилоят бори аввал амалӣ мешаванд, аз он ҷумла ҷарроҳиҳои муосир;

— дастовардҳои табиб, ки аз рӯи он муаллиф соҳиби патенти ихтироот ва сертификати байналмилалӣ шудааст.

7. Тартиби гузаронидани озмунҳо

13. Озмунҳо барои дарёфти «Беҳтарин муассисаи тиббии сол», «Беҳтарин табиби сол», «Беҳтарин корманди миёнаи тиббии сол» ва «Беҳтарин дастоварди соҳаи тиб дар вилоят» дар ду давр гузаронида мешавад. Даври аввал то моҳи сентябр дар шаҳру ноҳияҳо ва даври дуюм моҳи декабр дар сатҳи вилоят баргузор мегарданд.

14. Баъди қабули қарори интихоби «Беҳтарин муассисаи тиббии сол», «Беҳтарин табиби сол», «Беҳтарин корманди миёнаи тиббии сол» ва «Беҳтарин дастоварди соҳаи тиб дар вилоят» протоколи озмун барои тасдиқ ба раиси вилоят пешниҳод карда мешавад.

15. Кумитаи тадорукоти озмун то 1 декабр «Беҳтарин муассисаи тиббии сол», «Беҳтарин табиби сол», «Беҳтарин корманди миёнаи тиббии сол» ва «Беҳтарин дастоварди соҳаи тиб дар вилоят»-ро тибқи Низомномаи мазкур муайян мекунад.

8. Тартиби баҳодиҳии озмунҳо

13. Муайян намудани «Беҳтарин муассисаи тиббии сол», «Беҳтарин табиби сол», «Беҳтарин корманди миёнаи тиббии сол» ва «Беҳтарин дастоварди соҳаи тиб дар вилоят», тариқи овоздиҳии ошкоро гузаронида мешавад.

9. Муқаррароти хотимавӣ

14. Мукофотҳо ба ғолибони озмунҳои «Беҳтарин муассисаи тиббии сол», «Беҳтарин табиби сол», «Беҳтарин корманди миёнаи тиббии сол» ва «Беҳтарин дастоварди соҳаи тиб дар вилоят» аз тарафи раиси вилоят супорида мешаванд.

15. Такроран пешниҳод намудани муассиса, табибон ва ҳамшираҳои тиббие, ки дар озмунҳо мукофотонида шудаанд, баъди панҷ сол мумкин аст.

16. Тағйироту иловаҳо ба Низомномаи мазкур аз тарафи раиси вилоят ворид карда мешавад.

Related Articles

Leave a Comment