Home ОЗМУНҲО «НАВҚАЛАМИ УМЕДБАХШ» — ОЗМУНИ ВИЛОЯТӢ БАРОИ КӮДАКОНИ ЭҶОДКОРИ ХАТЛОН

«НАВҚАЛАМИ УМЕДБАХШ» — ОЗМУНИ ВИЛОЯТӢ БАРОИ КӮДАКОНИ ЭҶОДКОРИ ХАТЛОН

by admin
357 views

Дар вилояти Хатлон байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ дар соли 2020 озмуни вилоятии “Навқалами умедбахш” доир карда мешавад. Дар ин бора қарори раиси вилояти Хатлон ба тасвиб расидааст.

Ҳадафи асосии ин озмун, ки бо ибтикори раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода барпо мегардад, дарёфти хонандагони эҷодкор, баланд бардоштани малакаи эҷодкории кӯдакону наврасон, таҳким бахшидани шавқу ҳаваси онҳо дар самти омӯзиши таърихи пурғановати ниёгон, баланд бардоштани завқи китобхонию илмдӯстӣ, шеърдӯстӣ ва эҷодкории насли наврас, эҳсоси ватандӯстӣ, зебоиҳои табиат, азиз доштани хоку оби диёр ва баёни афкори солим унвон мешавад.

Озмуни “Навқалами умедбахш” ба ҷашни умумимиллии 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷ

икистон бахшида шуда, аз рӯйи се номинатсия: “Шеъри беҳтарин”, “Афсонаи беҳтарин” ва “Ҳикояи беҳтарин” доир мегардад.

Шарти озмун ин аст, ки иштирокчиёни он дар навиштаҳояшон бояд мавзӯъҳои тарбияи ватандӯстӣ, ифтихор аз тамаддуни бой ва қадимаи миллати тоҷик, ҳурмати падару модар, арҷ гузоштан ба хизмати устодон, ҳифзи анъанаҳои миллӣ, парвариши муҳаббат ба касбу ҳунар, тарғиби ҷойҳои сайёҳӣ, васфи ахлоқи ҳамида, хислатҳои неки инсонӣ, эҳтиёткорӣ аз хатарҳои ҷаҳони муосир, чун шахсият ба воя расидани насли ҷавону ояндасоз, эҳтироми арзишҳои волои миллӣ ва дигар масъалаҳои марбут ба истиқлолиятро фаро бигиранд.

Озмун дар поёни соли 2020 ҷамъбаст гардида, ғолибони он дар ҳар як номинатсия барои ҷойи якум 2000 сомонӣ, барои ҷойи дуюм 1500 сомонӣ ва барои ҷойи сеюм 1000 сомонӣ мукофот хоҳанд гирифт.

Барандаи Шоҳҷоизаи озмун бо 3000 сомонӣ мукофотонида мешавад.

Иштирокчиёни фаъол ва омӯзгорони онҳо бо Ифтихорномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ хоҳанд шуд. Инчунин, маводҳои беҳтарин дар шакли китоб ҷамъоварӣ ва нашр карда мешаванд.

Шуъбаи иттилоотию таҳлилии

дастгоҳи раиси вилояти Хатлон

Related Articles

Leave a Comment