Home ХАБАР МАШҒУЛИЯТҲО БАРОИ ДОНИШҶЎЁНИ ИХТИСОСИ ЖУРНАЛИСТОН ОИД БА ЖУРНАЛИСТИКАИ ТЕЛЕВИЗИОНӢ

МАШҒУЛИЯТҲО БАРОИ ДОНИШҶЎЁНИ ИХТИСОСИ ЖУРНАЛИСТОН ОИД БА ЖУРНАЛИСТИКАИ ТЕЛЕВИЗИОНӢ

by admin
243 views

Ташкилоти ҷамъиятии «Хома» ҳамкориҳоро бо шўъбаю факултаҳои рўзноманигории донишгоҳҳои мамлакат сол аз сол густариш мебахшад.

Аз 17.02.2020 то 22.02.2020 ТҶ “Хома” барои донишҷўёни ихтисоси рўзноманигории факултаи филологияи тоҷик ва журналистикаи Донишгоҳи давлатии Кўлоб ба номи  Абўабдуллоҳи Рўдакӣ оид ба журналистикаи телевизионӣ: мусоҳиба дар ТВ, матни телевизионӣ, стендап, маҳорати наворбардорӣ ва танзим, асосҳои истеҳсоли барномаҳои телевизионӣ ва доир ба дигар ҷузъиёти кор дар ин самт машғулияти амалӣ баргузор намуд.

Омўзишро коршиноси ВАО, тележурналисти шинохтаи тоҷик Шаҳло Акобирова ва тренерони ВАО Худоёр Бархонов ва Маҳрам Холов гузарониданд.

Журналистикаи муосир тақозо менамояд, ки рўзноманигорон имрўз дар жанрҳо ва қолабҳои мухталиф кор карда тавонанд, яъне ба ќавле “универсал” бошанд, зеро рушди технологияҳои иттилоотӣ чунин имкониятро ба онҳо муҳайё кардааст. Аз ин нуқтаи назар, журналистони ҷавон бояд ҳар як самти журналистикаро ба хубӣ аз худ кунанд, то дар бозори иттилоотӣ оянда ҷойгоҳи худро пайдо намоянд.

Related Articles