Home ДАСТОВАРҲО ДОНИШҶӮИ ДОНИШГОҲ ҒОЛИБИ ҶОМИ АИ ГАРДИД!

ДОНИШҶӮИ ДОНИШГОҲ ҒОЛИБИ ҶОМИ АИ ГАРДИД!

by admin
223 views

Рӯзҳои 12-13-уми марти соли 2020 дар бинои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон даври ниҳоии Олимпиадаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардад. Барои шаффоф ва дар сатҳи баланд баргузор гардидани олимпиада ҳайати ҳакамон аз ҳисоби олимони Академия таъсис дода шуд.

Аз Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ низ донишҷӯён дар ин олимпиада иштирок варзиданд, ки дар ҷамъбаст Ҳусайнов Ҳусниддин, донишҷӯи соли 5-уми факултаи химия, биология ва география ғолиби ҷои аввал дар соҳаи химия ва Авалов Бахтиёр, донишҷӯи соли 3-юми факултаи физика ва математика дар соҳаи техналогияи иттилоотӣ ғолиби ҷои сеюм гардиданд.

Дар охир аз ҷониби роҳбарияти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ғолибони Олимпиада имтиёз дар намуди дохил шудан ба зинаҳои магистратура ва докторантура PhD дода шуд.

Related Articles