Home СОХТОР МУҲАРИРОН

МУҲАРИРОН

by admin
1302 views

Рӯзномаи “Анвори дониш” ҳамчун нашрияи расмии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ инъикосгари фаъолияту дастовардҳои донишгоҳ, омӯзгорону донишҷӯён ва дар маҷмуъ, дастовардҳои истиқлолу ваҳдати миллии кишвари азизамон буда, дар минтақа хонандаи сершумор дорад.

Нахустшумораи рӯзномаи “Анвори дониш”-и Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ 1-уми сентябри соли 1994 нашр мешавад.

Рӯзнома бо ташаббус ва дастгирии ректори ҳамонвақтаи донишгоҳ доктори илмҳои химия, профессор, академики АИТ Самариддин Каримов таъсис ёфтааст. Он дар Вазорати матбуот ва ахбори Ҷумҳурии Тоҷикистон (ҳоло Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон) таҳти №285, аз 14.03.1994 ба қайд гирифта шуда буд. Азнавбақайдгирии нашрия дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31.03.2023 таҳти №364/РЗ-97 ба расмият дароварда шудааст.

Рӯзнома аз рӯи барнома ва вазифаҳои дар Оиннома дарҷгардида фаъолият карда, мақсаду вазифаҳои худро дар тарғибу ташвиқи илму маърифат, инъикоси рӯйдодҳои ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ба роҳ мондааст. Доир ба пойдор гардонидани дӯстии ҷавонони миллат, ҳимояи манфиатҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, амалӣ гардонидани дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, расонидани фармонҳо ва супоришоти Вазорати маориф ва илм ва ректори Донишгоҳ ва ёрии амалӣ дар тарбияи донишҷӯён дар рӯҳияи ахлоқи ҳамидаи инсонӣ, тарғиби комёбиҳои илмии устодону донишҷӯён ва олимони ватанию хориҷӣ, тақвият бахшидан ба ҳисси ватандӯстии ҷавонон ва парваридани ҳисси ифтихори миллӣ дар замири онҳо мақолаҳои илмӣ-оммавӣ чоп мекунонад.

Дар маркази диққати рӯзнома инъикоси сиёсати хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, иҷрои дастуру супоришҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарони вилояту шаҳр ва роҳу нишондодҳои роҳбарияти донишгоҳ мебошад. Ҳамчунин дар ҳар шумора роҷеъ ба ҷараёни таълим, роҳҳои беҳтар кардани сифати таълим, ҳаёти рӯзмарраи донишгоҳ, набзи ҷамъомаду чорабиниҳои илмӣ-фарҳангӣ, варзишии донишгоҳу ҷумҳурӣ хабару мақолаҳои пурмуҳтаво чоп мегарданд.

Солҳои аввал рӯзномаи «Анвори дониш» дар ҳаҷми 2 саҳифа дар формати А3 ҳафтае як маротиба бо теъдоди 200-300 нусха нашр мегардид. Мазмуну муҳтавои мақолаҳо ва шумораҳои рӯзнома сол ба сол беҳтар ва муаллифону хонандагони он зиёд мегардиданд. Инчунин, саҳифаҳои рӯзнома ба 4 ва теъдоди ба 800 нусха расонида шуд.

Аз соли 2008 то соли 2016 ҳаҷми саҳифаҳои рӯзнома ба 8-12 саҳифа расид ва аз 1-уми сентябри соли 2016 то моҳи марти соли 2022 рӯзнома дар ҳаҷми 16 саҳифа (дар 1 моҳ ду маротиба) теъдоди 6000 аз апрели соли 2022 то ба имрӯз рӯзнома дар ҳаҷми 16 саҳифа (дар 1 моҳ ду маротиба) теъдоди 5000 нусха чоп шуда истодааст, ки  дар минтақа аз ҷиҳати саҳифа ва нусха дар ҷойи якум меистад.

Рӯзнома аз соли 2009 то моҳи декабри соли 2016 дар чопхонаи МХҲХФ «Мушфиқӣ» ва аз 1-уми январи соли 2017 то ба имрӯз дар чопхонаи ҶДММ «Мега-Принт», воқеъ дар шаҳри Душанбе чоп мешавад.

Дар тамоми давраи фаъолияти нашрия роҳбарияти донишгоҳ ба рӯзнома диққати махсус дода, барои беҳ шудани мазмуну мундариҷаи  ҳар шумораи он дастуру маслиҳатҳо дода, ёрию кӯмаки амалӣ мерасониданд. Хоссатан, академик С.К.Каримов, пофессорон М.О.Ибодов, И.Ғуломов, Р.Акбаров, Р.Саидов, дотсентон Х.Аъзамов, Ш.Саидҷаъфаров, Д.Шарифов, Ғ.Мирзоев, Д.Расулов, С.Абдулвоҳидов, М.Набиев, Г.Иброҳимов, С.Ғаффоров, Н.Валиев, А.Алиев, Т.Мустафоқулов, Абдулло Ҳабибулло пайваста дар ҷолиби диққат гардонидани рӯзнома таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намудаанд. Ҳамчунин дар марҳилаи нав ректори Донишгоҳ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Раҳмон Дилшод Сафарбек ба масъалаи муҳтаво, фарогирии маълумоти ҷолибу хонданбоб ва хушсифату замонавӣ ба нашр расидани рӯзнома, таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, дар ин ҷиҳат пайваста тавсияву маслиҳатҳои муфид ироа менамоянд. Ҳамзамон, дар тамоми давраи нашри рӯзнома ҳайати таҳририяи нашрия барои ҷаззобияту маҳбубияти рузнома фаъолияти хубу самарабахш намудаанд.

Рӯзномаи «Анвори дониш» дар баробари фаъолияти хеш инчунин дар тайёр кардани кадрҳои рӯзноманигорӣ низ саҳм гузошта истодааст. Донишҷӯёни шуъбаи рӯзноманигории факултети филологияи тоҷик ва журналистикаи донишгоҳ таҷрибаи истеҳсолӣ ва таълимиро дар идораи рӯзномаи «Анвори дониш» мегузаронанд. Рӯзнома бо нашрияҳои «Ҷумҳурият», «Садои мардум», «Омӯзгор», «Кулябская правда», «Навиди Кӯлоб», рӯзномаи мустақили «Пайк», Телевизиони Кӯлоб, намояндагии телевизиони Сафина дар шаҳри Кӯлоб ва бо рӯзномаи «Ба қуллаҳои дониш»-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳамкорӣ дорад.

Аз замони таъсис то ба имрӯз  8 нафар устодони Донишгоҳ ба ҳайси муҳаррир ва сармуҳаррири рӯзнома кору фаъолият намудаанд:

  1. Аламхон Кӯчаров, доктори илмҳои филология, профессор, узви вобастаи АИ ҶТ (1994-1996);
  2. Нуриддини Насимӣ, номзади илмҳои филология (1996-1998);
  3. Алиев Аҳмад, номзади илмҳои филология (1998-2002);
  4. Исломов Аслон, рӯзноманигор (2002-2006);
  5. Худойдодова Шарофат, номзади илмҳои филология, дотсент (2006-2009);
  6. Сафаров Бахтиёр, саромӯзгори кафедраи адабиёти тоҷик ва журналистика, узви ИЖТ (2009-2016);
  7. Ҷаҳонгир Рустамшо, дотсенти кафедраи таърихи забон ва забоншиносӣ, узви ИЖТ (2016-2023);
  8. Муҳаммадҷони Абдувоҳид, муаллими калони кафедраи умумидонишгоҳии забони тоҷикӣ аз соли 25-уми октябри 2023 то инҷониб.

Дар муддати фаъолият рӯзнома бо назардошти фаъолияти муназзаму густурда ба дастоварду муваффақиятҳои назаррас ноил гардида, дар озмуну натиҷагириҳои фаъолияти нашрияҳо ба гирифтани ҷоизаву диплом ва ифтихорномаву сипосномаҳо ноил гардидааст. Аз ҷумла, санаи 4-уми марти соли 2023 дар шаҳри Бохтар ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик рӯзномаи «Анвори дониш» — нашрияи расмии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дар озмуни беҳтарин маводи журналистӣ «Нерӯи сухан» аз рӯи номинатсияи «Беҳтарин маҷалла ва нашрияи соҳавӣ» соҳиби Ҷоизаи Раиси вилояти Хатлон, Дипломи дараҷаи 1 гардидааст. Ҳамчунин соли 2023 дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба ҳангоми таҷлил аз Рӯзи матбуоти тоҷик, рӯзномаи «Анвори дониш» — нашрияи расмии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дар ҷумҳурӣ аз рӯйи номинаи «Нашрияи муваффақи маҳаллӣ дар соли 2022» соҳиби Ҷоизаи ба номи Асадулло Саъдуллоев мушарраф гардидааст.

Айни ҳол дар ҳайати кормандони рӯзномаи «Анвори дониш» — сармуҳаррир, котиби масъул, ҳуруфчин, саҳифабанд, мутахассиси сомона ва муҳосиб кору фаъолият менамоянд.

Аҳли эҷодии рӯзномаи “Анвори дониш” минбаъд низ бар он мекӯшанд, ки бо дуруст ба роҳ мондани фаъолияти корӣ ҷиҳати мушарраф гардидан ба дастовардҳои наву назаррас дар иҷрои уҳдадориҳои вазифавӣ содиқонаву масъулиятшиносона амал намоянд.

КӮЧАРОВ Аламхон (тав. 04.02.1946, деҳаи Сарчашмаи ноҳияи Шӯроободи вилояти Хатлон, аз хонадони зиёӣ) мунаққид, адабиётшиноси тоҷик, доктори илмҳои филология (1997), профессор (2003), узви вобастаи АИ, узви ИН Тоҷикистон (1997), Корманди шоистаи Тоҷикистон (2008), Аълочии маорифи Тоҷикистон (1995), барандаи Ҷоизаи адабии ба номи Садриддин Айнӣ (2003). Хатмкардаи факултаи филологияи тоҷики Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин (ҳоло ДМТ, 1969). Таҳсил дар мактаби миёнаи зодгоҳ, донишҷӯ (1964-1969), муаллим, муаллими калон, дотсенти кафедраи адабиёти тоҷики ИДПК (1969-1997), дотсент (1997-2002), профессор (2002-2010), мудири кафедраи назария ва адабиёти навини форсӣ-тоҷикӣ (2002-2010), аз соли 2012 сарходими Институти тадқиқотӣ-илмӣ дар ДМТ. Доир ба мавзӯи «Масъалаҳои матншиносиии повести «Одина»-и С.Айнӣ (1978, Душанбе) рисолаи номзадӣ ва «Мавқеи нақди матн дар адабиётшиносии тоҷик ва масъалаҳои матншиносии насри Айнӣ» (1997, Душанбе) рисолаи докторӣ дифоъ намудааст. Масъалаҳои матншиносӣ тамоми фаъолияти илмӣ ва таълифоти ӯро фаро гирифтаанд. Аввалин маротиба оид ба матншиносии адабиёти муосири тоҷик тадқиқоти муфассал анҷом дода, монографияи алоҳида ба табъ расонидааст. Бори нахуст нақди матни осори устод Айниро ба таври мукаммал тадқиқ ва фаъолияти муҳарририи ӯро муфассалан баррасӣ намудааст. Муаллифи беш аз 410 таълифот мебошад. Зери роҳбарии ӯ зиёда аз 15  нафар рисолаи номзадӣ дифоъ кардаанд. Бо унвони фахрии «Корманди шоистаи Тоҷикистон» (2008, Душанбе), бо ордени «Дӯстии халқҳо» (2001, Душанбе), нишони сарисинагии «Аълочии маорифи Тоҷикистон» (1995, Душанбе) сарфароз гардидааст.

НАСИМОВ Нуриддин Исоевич (тав. 09.10.1958, деҳаи Бобосафоли Поёни ноҳияи Фархори вилояти Хатлон, аз хонадони зиёӣ), забоншинос, номзади илмҳои филология (1996), Аълочии маорифи Тоҷикистон (2000). Хатмкардаи факултаи забон ва адабиёти тоҷики Институти давлатии педагогии Кӯлоб (ҳоло ДДК ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, 1981). Таҳсил дар мактаби миёнаи зодгоҳ (1966-1976), донишҷӯ (1976-1981), муаллими мактабҳои миёнаи  №17 ноҳияи Восеъ (1981-1983), №24 ноҳияи Фархор (1983-1989), муаллим, муаллими калони кафедраи забони тоҷикии ИДПК (1989-1997), сармуҳаррири рӯзномаи «Анвори дониш» (нашрияи донишгоҳ, 1996-1998) мутахассиси пешбари шуъбаи илм ва табъу нашр, муовини сардори Идораи мактабҳои олӣ ва миёнаи касбии ВМ Ҷумҳурии Тоҷикистон (1997-2004). Аз соли 2004 сармутахассиси  Раёсати илм ва маорифи Дастгоҳи иҷроияи Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон. Дар мавзӯи «Калимасозии феъл дар забони насри Садриддин Айнӣ» (1996. Душанбе) рисолаи номзадӣ дифоъ намудааст. Самти асосӣ дар таҳқиқоти илмии Насимов калимасозии феъл дар забони тоҷикӣ мебошад. Ӯ усули калимасозии лексикию семантикии феълро дар  мисоли забони асарҳои насрии Садриддин Айнӣ таҳқиқ кардааст. Насимов мураттиби китоби «Маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон (2002), муаллифи 5 асар ва беш аз 30 мақолаи илмӣ мебошад.

АЛИЕВ Аҳмад Қурбонович (тав. 20.05.1944, деҳаи Боғгаии ноҳияи Муъминободи вилояти Хатлон, аз хонадони деҳқон, вафот 5.09.2016 дар шаҳри Кӯлоб), забоншинос, номзади илмҳои филология (1997), дотсент (2011), Аълочии маорифи Тоҷикистон (2002), узви ИЖ Тоҷикистон (2008). Иштирокдори нахустин слёти умумииттифоқии барандагони стипендияҳои номӣ дар шаҳри Москва (1968). Хатмкардаи факултаи забон ва адабиёти тоҷики Институти давлатии педагогии Кӯлоб (ҳоло ДДК ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, (1970). Таҳсил дар мактабҳои 7-сола ва миёнаи №7 ва №3 ноҳияи Муъминобод (1950-1960),  донишҷӯи Омӯзишгоҳи педагогии  Кӯлоб (ҳоло Коллеҷи омӯзгории ДДК ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, 1960-1962) ва ИДПК (1963-1970), хизмати ҳарбӣ дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ (1963-1966), омӯзгор, муаллими калон, дотсенти кафедраи забони тоҷикии ДДК ба номи А. Рӯдакӣ (1970-2004), мудири кафедраи филологияи Коллеҷи омӯзгории ДДК ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ (1999-2004), мудири кафедраи забони тоҷикии ДДК ба номи А. Рӯдакӣ (2004-2012), аспиранти Институти забон ва адабиёти АИ ҶТ (1984-1985), сармуҳаррири рӯзномаи «Анвори дониш» (нашрияи донишгоҳ, 1998-2002). Аз соли 2012 то дами марг дотсенти  кафедраи забони тоҷикии ДДК ба номи А. Рӯдакӣ. Дар мавзӯи «Хел ва воситаҳои алоқаи калимаҳо дар «Бадоеъ-ул-вақоеъ»-и Восифӣ (1997, Душанбе) рисолаи номзадӣ дифоъ кардааст. Ба қалами ӯ таълиф ва таҳрири беш аз 120 асару мақолаи илмӣ тааллуқ дорад. Тадқиқотҳои илмиаш ба таҳлилу тадқиқи анвоъ ва васоити алоқаи калимаву ҷумлаҳо дар забони адабии тоҷикӣ  ва насри асри XVI бахшида шудаанд. Бо медали ҷашнии «20 соли Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании 1941-1945» (1965), Ифтихорномаҳои Комитети Марказии комсомоли умумииттифоқӣ (1968) ва Комитети Марказии комсомоли ҶТ (1967) ва нишони сарисинагии «Аълочии маорифи Тоҷикистон» (2002) сарфароз гардонида шудааст.

ИСЛОМОВ Аслон (тав. 21.01.1947, деҳаи Панҷурти ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон, аз хонадони деҳқон — вафот 2013, шаҳри Кӯлоб), журналист, узви ИЖ Тоҷикистон (1979), Аълочии маорифи Тоҷикистон. Хатмкардаи  Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин (ҳоло ДМТ, 1975). Таҳсил дар мактаби  миёнаи зодгоҳ (1954-1964), донишҷӯи Омӯзишгоҳи педагогии Кӯлоб (1964-1966) ва УДТ (1970-1975). Муҳаррири рӯзномаи «Коммунист»-и ноҳияи Ҷиргатол, мудири шуъбаи рӯзномаи вилоятии «Роҳи ленинӣ», муҳаррири рӯзномаи «Садои коргар» (1975-2002). Аз соли 2002 то соли 2006 муҳаррири рӯзномаи «Анвори дониш» (нашрияи ДДК ба номи А. Рӯдакӣ) буд. Дар саҳифаҳои матбуоти даврӣ мақолаҳои таҳлилию танқидӣ оид ба баъзе урфу одатҳои мардуми диёр ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз чоп кардааст.

ХУДОЙДОДОВА Шарофат Зардовна (тав. 26.04.1967, шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон, аз хонадони зиёӣ), забоншинос, рӯзноманигор, номзади илмҳои филология (2010), дорандаи модалҳои «Хизмати шоиста» (2015) ва «100-солагии матбуоти тоҷик (2020), «Аълочии маорифи  Тоҷикистон (2012), Аълочии матбуоти ҶТ (2014), Аълочии телевизион ва радиои Тоҷикистон (2013), Аълочии фарҳанги Тоҷикиситон (2014), узви ИЖ Тоҷикистон (2007). Хатмкардаи факултаҳои забон ва адабиёти рус, забон ва адабиёти тоҷики Институти давлатии педагогии Кӯлоб (ҳоло ДДК ба номи А. Рӯдакӣ, 1989, 1995). Таҳсил дар мактаби миёнаи №9 шаҳри Кӯлоб (1974-1984), донишҷӯ (1984-1989), омӯзгор, муаллими калони кафедраи забони русии факултаи омӯзгорӣ (1989-1994), мудири  кафедраи МТЗАР -и факултаи филологияи рус (2004-2008), муҳаррири рӯзномаи «Анвори дониш» (2006-2009), декани факултаи  филологияи хориҷӣ (2008-2009), мудири  кафедраи умумидонишгоҳии забони русӣ (2010-2013), мудири кафедраи журналистикаи  ДДК ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ (2013-2014), муовини ректори ДДК ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ  оид ба корҳои тарбиявӣ (2014-2015), муовини ректор  оид ба илм ва инноватсия (2015-2018). Аз моҳи феврали соли 2018 муовини ректор оид ба равобити байналмилалӣ мебошад.  Дар мавзӯи «Таҳлили таркибӣ-маъноии забон ва услуби матнҳои рекламавӣ (дар забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ)» (2010, Душанбе) рисолаи номзадӣ дифоъ кардааст. Тадқиқотҳои ӯ дар самти пажӯҳиши реклама дар Тоҷикистон аввалин кори илмӣ буда, дар пасманзари татбиқи он паҳлуҳои мухталифи истифодаи реклама ҳамчун жанри муосири  журналистикаи тоҷик арзёбӣ гардидааст, муҳаррири феълии намояндагии муассисаи давлатии «Телевизиони Сафина» дар шаҳри Кӯлоб ва омӯзгори фанҳои  «Асосҳои  реклама ва  паблик», «Назарияи тарҷума» ва «Тарҷумаи матни публистистӣ»-и кафедраи  журналистика буда, бевосита дар таҳия ва пахши рекламаҳо ба забонҳои русӣ, тоҷикӣ, нигориши мақолаву очеркҳо дар матбуоти даврӣ  ва роҳбарии корҳои илмӣ-тадқиқотии муҳаққиқони ҷавон ширкат меварзад. Муаллифи 3 дастури методӣ ва беш аз 16 мақолаи илмӣ. Бо нишонҳои сарисинагии «Аълочии маорифи Тоҷикистон» (2012), «Аълочии телевизион ва радиои Тоҷикистон» (2013), Аълочии фарҳанги Тоҷикистон (2013), «Аълочии матбуоти Тоҷикистон (2014) ва  Ифтихорномаи раиси вилояти Хатлон сарфароз гардидааст.

САФАРОВ Бахтиёр Қурбонович (тав.12.08.1971, деҳаи Лағмони ноҳияи Кӯлоби вилояти Хатлон, аз хонадони коргар), омӯзгор, журналист, узви ИЖ Тоҷикистон (2011). Хатмкардаи факултаи журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (1998). Таҳсил дар мактаби №10 ноҳияи Кӯлоб (1978-1988), хизмати ҳарбӣ дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ (1989-1991), донишҷӯ (1993-1998), хабарнигори рӯзномаи «Ҷавонони Тоҷикистон» (1998-1999), муаллими мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №24 ноҳияи Кӯлоб (1999-2003), омӯзгори кафедраи забони тоҷикӣ (2003-2012), мудири кафедра (2012-2013), муаллими калони кафедраи журналистикаи ДДК ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, муҳаррири рӯзномаи «Анвори дониш» (2009-2016) ва  масъули чопи маҷаллаи илмии Паёми ДДК ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ (2009-2012). Дар мавзӯи «Ташаккул ва таҳаввули ВАО-и минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон (дар солҳои 1930-2012)» таҳти роҳбарии доктори илмҳои филология,  профессор Солеҳов Н.Н. рисолаи номзадӣ навишта истодааст.

РУСТАМШО Ҷаҳонгир Рустамшо санаи 18.05.1988 дар деҳаи Чойлобкамари ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, дар хонадони зиёӣ таваллуд шудааст. Забоншинос, номзади илмҳои филологӣ, дотсент. Хатмкардаи шуъбаи забон ва адабиёти тоҷики факултаи филологияи тоҷик ва журналистикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб  ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ (2011) мебошад. Таҳсил дар МТМУ №49 ва № 5-и ноҳия (1995-2006), донишҷӯ (2006-2011), ассистенти кафедраи методикаи таълими забон ва адабиёти тоҷик (2011-2014), мутахассиси шуъбаи илм ва инноватсияи ДДК ба номи А. Рӯдакӣ (2014-2015), мудири кафедраи методикаи таълими забон ва адабиёти тоҷик (2015-2016).

Аз сентябри соли 2016 то соли 2023 сармуҳаррири нашрияи донишгоҳ — рӯзномаи “Анвори дониш” мебошад. Дар мавзуи «Антропонимҳои «Ҳазору як шаб» (ҷанбаи забоншиносӣ) 22.05.2018 рисолаи номзадиашро ҳимоя намудааст. Муаллифи як дастури таълимӣ, 1 монография, 18 мақолаи илмӣ ва зиёда аз 200 мақолаи публитлистӣ мебошад.

Оиладор, соҳиби 3 фарзанд.

МУҲАММАДҶОНИ Абдувоҳид — муаллими калони кафедраи умумидонишгоҳии забони тоҷикӣ аз соли 25-уми октябри 2023 то инҷониб.

Related Articles