Home ХАБАР МИЗИ МУДАВВАР: МУШКИЛОТ ВА ДУРНАМОИ МАТБУОТИ МАҲАЛЛӢ

МИЗИ МУДАВВАР: МУШКИЛОТ ВА ДУРНАМОИ МАТБУОТИ МАҲАЛЛӢ

by admin
21 views
Санаи 07.03.2025 дар факултети филологияи тоҷик ва журналистикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бо ташаббуси кафедраи журналистика мизи мудаввар дар мавзуи “Мушкилот ва дурнамои матбуоти маҳаллӣ (дар мисоли минтақаи Кӯлоб)” баргузор гардид.
Дар мизи мудаввар декани факултет, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Зулфиев Гадомад, мудири кафедраи журналистика, дотсент Алишери Абдулмаҷид, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Сафарзода Манучеҳр ва ҳайати омӯзгорону донишҷӯён иштирок доштанд.
Нахуст декани факултет, дотсент Зулфиев Гадомад суханронӣ намуда, зикр доштанд, ки “Матбуоти маҳаллӣ дар Тоҷикистон ва дигар кишварҳо нақши муҳимро дар иттилоърасонӣ, баланд бардоштани маърифати ҷомеа ва рушди демократия мебозад.”
Сипас, дотсент Сафарзода Манучеҳр дар мавзуи “Омилҳои ташаккули матбуоти даврии тоҷик дар замони истиқлол”, ассистенти кафедраи журналистика Муслимов Исмол дар мавзуи “Матбуоти минтақавӣ-омилҳои фаъолияти сусти онҳо дар чист?” ва ассистенти кафедра Наврӯзова Шамсия дар мавзуи “Мавқеи жанрҳои таҳлилӣ дар пешниҳоди навгониҳо ва мушкилоти соҳаи маориф” маърӯза намуданд.
Мизи мудаввар бо мубодилаи афкор миёни омӯзгорон ва донишҷӯён ба охир расид.

Related Articles

Leave a Comment