Мардуми шарафманди Тоҷикистон ҳамасола бо як ҷаҳон умед ва боварӣ ба фардои дурахшони Ватани азизамон Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Рахмонро ба Маҷлиси Олии мамлакат интизор мешаванд. Зеро Паёми Президенти кишвар дастури амалиест, ки барои фаъолияти минбаъда аз рӯзҳои неки дар пеш истода, аз содатмандию фирӯзии халқи заҳматқарин ва дар навбати худ тамаддунпарвару тамаддунхоҳ дарак дода, барои татбиқи ҳадафҳои бунёдкоронаву созандаи кишвари азизамон роҳнамо мебошад.
Паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ дар ҳаллу фасли масъалаҳои мубрами сиёсати дохилӣ ва хориҷии Тоҷикистон нақши бениҳоят муҳим мегузоранд. Аз мазмуну муҳтавои ҳар як Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеояд, ки тамоми дастуру супоришҳо ва талошҳои Пешвои миллат, пеш аз ҳама ба хотири ҳифзи сулҳу субот, ваҳдати миллӣ, ҳимояи истиқлолияти давлатӣ ва дастовардҳои халқи Тоҷикистон, рушду ободии Ватани азизамон, беҳтар шудани сатҳу сифати зиндагии мардум, фароҳам овардани шароит барои рӯзгори босаодати халқ, ҳифзу ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандон, ҳалли мушкилоти глобалии замони муосир, таъмини амнияти минтақа ва ҷахон, инчунин баланд бардоштани обрую эътибори Тоҷикистони соҳибистиқлол дар арсаи байналмилалӣ равона карда шудаанд.
Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ҳамчун ҳуҷҷати фарогири таҳлилу баррасии амиқи тамоми соҳаҳои ҳаёти мамлакат ва дурнамои рушди устувори мамлакат дар ҳама самтҳо мебошад. Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушду пешрафти соҳаҳои иқтисодиву саноат, сохтмон, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, тандурустӣ, фарҳанг, илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолиро таҳлил намуда, зарур шумориданд, ки дар шароити имрӯзаи ҷомеаи ҷаҳонӣ бояд амнияти миллӣ ва рушди устувори иқтисодӣ собитқадамона таъмин шуда, сатҳу сифати зиндагии мардум боз ҳам баланд бардошта шавад.
пешравиҳои иқтисодии мамлакат шурӯъ намуданд. Мусаллам аст, ки Тоҷикистон дар соҳаи иқтисодиёт зери роҳбарӣ ва ташаббусҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола ба дастоварду муваффақиятҳои беназир ноил гардида истодааст. Тавре ки аз ироаи Паёми Президенти кишвар маълум гардид, Ҳукумати мамлакат барои пешравии иқтисодиёт ва дастовардҳои иқтисодиву иҷтимоӣ тамоми қудрату имкониятҳои мавҷударо барои боз ҳам беҳтар намудани зиндагии шоистаи мардуми Тоҷикистон равона менамояд. Оид ба пешравии соҳаи иқтисодиёт қайд карда шуд, ки маҷмӯаи маҳсулоти дохилии кишвар вобаста ба суръати рушди воқеъии он дар соли 2024 ба миқдори 8,4 фоизро ташкил дода, 150 миллиард сомониро дар бар мегирад.
Боиси сарфарозист, ки бо супоришу роҳбарии бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар панҷ соли охир суръати рушди иқтисоди миллӣ бо ҳисоби миёна 7,7 фоиз расонида шудааст, ки ин аз тараққиёти мамлакати мо дар соҳаи иқтисодиёт шаҳодат медиҳад, ки барои беҳбудӣ ва зиндагии шоистаи мардум равона карда мешавад.
Аз ироаи Паём маълум гардид, ки Ҳукумати мамлакат барои рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар ба амалисозии лоиҳаҳои афзалиятноки сармоягузории давлатӣ тамоми саъю кӯшиши худро равона карда, мувофиқи нақша ва барномаҳои миллӣ, соҳавӣ ва маҳаллӣ дар панҷ соли охир аз ҳисоби буҷети давлатӣ ва сармояи дохиливу хориҷӣ ба он зиёда аз 197 миллиард сомонӣ ҷудо гардидааст.
Ҳамин тариқ, Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун нуқтаи қутбнамо ва ҳадафи воло ба тамоми мардуми шарафманди кишвар ҳамчун дастур хизмат намуда, бо неруи бузурги аҳли зиё ва кулли халқи шарифи кишвар, бо рисолати азалии худ, дар байни мардум коштани тухми маърифат, таблиғи арзишҳои ҷовидонаи миллию умумибашарӣ ва тарбияи инсони комилро бо сарбаландӣ ба сомон мерасонад.
Барои амалӣ шудани ин нияти нек мо, омӯзгоронро зарур аст, бо фаъолияти пурсамари худ, софдилонаву содиқона баҳри рушду ободии Тоҷикистони биҳиштосоямон хидмат намуда, инсонҳое тарбия намоем, ки дастовардҳои Истиқлоли кишварро ҳифз намуда, барои пешрафту тараққиёти иқтисодиву иҷтимоии он саҳми худро гузоранд.
Давлатзода Қаламнисо-саромӯзгори кафедраи назарияи иқтисодии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ