Home ХАБАР БАРГУЗОРИИ КОНФЕРЕНСИЯИ ҶАМЪИЯТИ ИЛМИИ ДОНИШҶӮЁН

БАРГУЗОРИИ КОНФЕРЕНСИЯИ ҶАМЪИЯТИ ИЛМИИ ДОНИШҶӮЁН

by admin
6 views

Санаи 10.12.2024 дар толори Маркази рушди касбият ва инноватсияи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ конференсияи ҷамъияти илмии донишҷӯёни  факултети филологияи хориҷӣ дар мавзуи “Фарҳанг ва забон: таъсири урфу одатҳои миллӣ ба луғати забони хориҷӣ” баргузор гардид.

Дар конференсия сардори раёсати илм ва инноватсия Шарипов Анвар, декани факултет, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Муродов Баҳриддин, мутахассиси маркази рушди касбият ва инноватсия Сафарзода Сироҷиддин, ҳайати омӯзгорони факултет ва дигар донишҷӯён иштирок доштанд.

Кори конфронсро сардори раёсати илм ва инноватсия дотсент Шарипов Анвар оғоз намуда, дар идома декани факултет, дотсент  Муродов Баҳриддин мавзуъҳои баррасишавандаро ба самъи ҳозирин расонид.

Сипас магистранти курси якуми факултет Одиназода Суман дар мавзуи “Фарҳанг ва забон: таъсири урфу одатҳои миллӣ ба луғати забони хориҷӣ”, донишҷӯи курси сеюм Сумаёи Диловар дар мавзуи “Методҳои интенсивии омӯзиши забони англисӣ”, донишҷӯи курси чорум Қадамова Қурбонбӣ дар мавзуи “Таърихи пайдоиши иероглифҳои забони хитоӣ”, донишҷӯи дигари факултет Менқараева Адиба дар мавзуи “Забони олмонӣ ва методҳои омӯзиши он” ва донишҷӯи курси сеюм Фахриева Ясмина дар мавзуи “Методҳои интерактивӣ ва роҳҳои омӯзиши забони англисӣ” маърӯзаҳои худро ироа намуданд.

Гуфтан ба маврид аст, ки маърӯзаҳои ироагардида, бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ, англисӣ, олмонӣ ва хитоӣ пешниҳоди ҳозирин гардиданд.

Дар охир конференсия бо саволу ҷавоб ва муҳокимаи омӯзгорону донишҷӯён ба анҷом расид.

Related Articles

Leave a Comment