Таърихи 24.11.2024 дар шаҳри Кӯлоб ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии мутантан ва роҳпаймоии осоишта баргузор гардид, ки зимни баргузории он ҳайати бисёрҳазорнафараи кормандон, омӯзгорон ва донишҷӯёни донишгоҳ бо шиору овезаҳои “Парчамат бодо парафшон Тоҷикистони азиз”, “Тоҷикистон бо Пешвои миллат ба пеш”, “Рӯзи Парчами давлатӣ муборак” бо руҳияи болидаи идона фаъолона ширкат варзиданд.
Пеш аз роҳпаймоии идона ҳайати меҳмонон ва иштирокдорони чорабинӣ ба хотири гиромидошт ва эҳтиром ба муқаддасоти миллӣ дар пояи Парчами давлатӣ, ки дар назди бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб қомат афрохтааст гулчамбар гузоштанд.
Пас аз роҳпаймоии идона дар Қасри фарҳанги шаҳри Кӯлоб қисмати тантанавии ҳамоиш барпо гардид, ки зимни баргузории чорабинии мазкур ректори донишгоҳ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Раҳмон Дилшод Сафарбек ва дотсенти кафедраи сиёсатшиносии донишгоҳ Аъзамов Хурсанд суханронӣ намуда, таманнои онро намуданд, ки Парчами давлатии Тоҷикистони азиз ҳамчун рамзи бақои миллат, якпорчагии давлат, ваҳдату ҳамдилӣ, нангу номуси ватандорӣ ва муҳаббату садоқат ба Ватани аҷдодӣ то абад партавафшон ва роҳнамои наслҳои миллати сарафрозу соҳибтамаддун ба сӯйи қуллаҳои мақсуд бошад. Ҳамзамон иброз доштанд, ки Парчами давлатии мо, воқеан, ҳамчун рукни муҳими давлатдории миллӣ, рамзи истиқлолу озодӣ, унсури муҳими иттиҳоду сарҷамъии мардум ва манбаи илҳоми наслҳо хидмат намуда, партавафшонии мутантани он аз фарози манораи 165-метрии пойтахти кишвар, аз минбарҳои бонуфузи минтақавию байналмилалӣ, мусобиқоти варзишии сатҳҳои гуногун ва ҳамзамон, дар марказҳои вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва шаҳракҳои ҷумҳурӣ кафолати осоишу суботи меҳан, рӯзгори рангину босаодати мардум ва таҳрикдиҳандаи ҳар фарди ватандӯст баҳри ободию шукуфоии рӯзафзуни Ватани азизу маҳбуб мебошад.
Дар қисмати охир барномаи аҳли фарҳанг, ҳунармандони шинохтаи Тоҷикистон ва ҳаваскорони шаҳри Кӯлоб пешкаши иштирокчиён гардид.