Home МАҚОЛОТИ ТАҲЛИЛӢ ВА НАЗАРПУРСӢТАҲЛИЛ ОИЛА АЗ НИГОҲИ МИРЗО ТУРСУНЗОДА

ОИЛА АЗ НИГОҲИ МИРЗО ТУРСУНЗОДА

by admin
236 views

Оила дар фарҳанги мардуми кӯҳанбунёди тоҷик ҳамчун ниҳоди муқаддас эътироф гардидааст, зеро беҳтарин арзишҳои инсонӣ, аз қабили муҳаббату садоқат, самимияту вафодорӣ ва ҳамдигарфаҳмиву таҳаммулгароӣ маҳз дар оила ташаккул меёбад.

Оила мураббии аввалини инсон, раҳнамои ҳаёт ва асосгузори феълу рафтори ӯ ба шумор меравад. Чунки инсон дар оила тарбия ёфта, меъёрҳои ахлоқиро аз худ мекунад. Оила ва тарбияи фарзанд қариб дар осори ҳамаи адибони тоҷик дида мешавад. Аз қабили устод Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Ҷомӣ, Сайидо, Аҳмади Дониш, Садриддин Айнӣ, Мирзо Турсунзода ва Лоиқ.

Эҷодиёти Мирзо Турсунзода сол то сол мухлису ҳаводорони зиёде пайдо карда истодааст. Зеро мавзуи марказии эҷодиёти шоирро оила, сулҳ ва дӯстӣ ташкил медиҳад. Иштироки зану фарзанд ва ёру дӯстони шоир дар осори лирикии Турсунзода аз шеърҳои аввалинаш маълум буд, вале он рафта-рафта дар осори ӯ мавқеи асосиро ишғол мекунад. Оилаи ӯ ва наздиконаш дар шеъру достонҳои «Водии Ҳисор», «Чароғи абадӣ», «Ҷони ширин» ва ғайра дида мешавад. Лаҳзаҳои ҳаёти оилавии шоир дар достони «Ҷони ширин» бисёр хуб намоён аст. Аз аввали достон сар карда, муроҷиати шоир ба завҷааш оғоз мешавад, яъне гуфта мешавад, ки то охир мухотаби шоир завҷааш аст.

Дар асар шоир дар баробари оилаи худ ҳолати хонадонҳои  кулли башариятро нишон додааст. Ба монанди дурӣ аз оила, аз ватан, аз наздикон ва амсоли инҳо. Турсунзода ҳар қадар ки аз оила дур бошад  ҳам, зуд ба оила баргаштанашро чунин тасвир кардааст:

Гашта-гашта аз сафар боз омадам,
Боз дар наздат ба парвоз омадам.

Ё ин ки дар порчаи зерин монанди падарҳои дигар дар бари фарзандҳо набуданашро бо як сузу гудоз тасвир кардааст:

Нестам мисли падарҳои дигар,
Дар бари фарзандҳо шому саҳар…
Ку падар? – гӯяд агар фарзанди мо,
Менамоӣ ту ба сӯи дар нигоҳ.

Дар ин як банд, он қадар самимият, ҳалимӣ ва аҳди вафодории шавҳару падари ғахор ҳис карда мешавад, ки бо тобишҳои серобӯранги худ дилро тасхир накарда наметавонад. Шоир хушбахтии фарзандонро дар оила, дар Ватани обод мебинад, ки сар то сари достони «Ҷони ширин»-ро чунин мавзӯъҳо фаро мегирад:

Дар Ватан фарзанди мо бадбахт нест,
Модари он ҳам зани сарсахт нест.

Шоир қисмати зиёди умрашро дар сафарҳо гузаронида, қисми камашро дар назди завҷааш гузаронидаст, ки инро аз порчае, ки каме баъд меорем, муайян кардан чандон душвор нест. Шикваҳои ҳамсараш аз набудани ӯ ва таънаҳои ҳамсоязанҳо ба ҳамсараш, ки шавҳардор ҳам бошад, аммо мисли бешавҳар аст, банди дигари асарро таъсирбахш гардонидааст, ки таваҷҷуҳи ҳар касро сӯи оилаи хеш мебарад. Инро метавон ба ҳаёти имрӯзаи халқ муқоиса кард:

Шиква дорӣ, ки фалон бадгӯй зан,
Таъна зад, писханд зад рӯзе ба ман.
Чун маро бинад лабашро каҷ кунад,
Сӯҳбати бисёр талху фач кунад.
Гӯяд он аз беваҳо ҳам бадтарӣ,
Шавҳарат ҳасту вале бешавҳарӣ.
Раҳми кас ояд ба танҳоии ту,
Рӯзҳо шабҳо ба раҳпоии ту.

Турсунзода таъкид мекунад, ки ҳангоми дар хона меҳмон даъват шуда бошад — новобаста аз он ки ӯ аз кадом миллт аст, чеҳраи кӯшода ва табъи хуш бояд дошт. Чун зани тоҷик, бояд анъанаҳои неки ниёгонро риоя кард. Пӯшидани либоси идона низ махсусиятҳои ин аст. Шоир баён кардааст, ки дар Ҷашни шоир Рӯдакӣ аз тамоми гӯшаву канорҳои дунё меҳмонҳо ба хонаи ӯ омадаанд ва ҳамсари ӯ ҳамчун соҳибхоназан либоси атлас ба бар доштааст, ки ҳам зебогии оила ва ҳам таҷассумкунандаи либоси миллии тоҷикист. Яъне ҳамсари шоир ба ин восита, ҳам меҳмондории тоҷикона ва ҳам либоси миллии онро ба ҷаҳониён муаррифӣ кардааст:

Ҷашни шоир Рӯдакиро ёд ор,
Доштӣ дар хона меҳмон бешумор.
Чун зани тоҷик соҳибхоназан,
Доштӣ пироҳани атлас ба тан.

Аз омадани меҳмон ба хона, албатта ҳар дар хаёли он меафтад, ки чӣ тавр меҳмонро бо як иззат меҳмондорӣ кард. Турсунзода мефармояд, ки оила, бояд аз чунин ташвиш шод бошад:

Доштӣ дар сар хаёли меҳмон,
Аз чунин ташвиш будӣ шодмон.

Дар зиндагӣ ҳиссиёти олии наҷибона ҳамеша одамонро ба ҳам наздик оварда водор мекунад, ки бо якдигар маҳрамона арзи ҳол намоянд. Таассуроти зиёди аз сафарҳои хориҷии худ овардаи Турсунзода, дарду алами ӯ аз вазъияти ногувори ёру дӯстон – ин ҳама мақсади ягонаи ҳам шоир ва ҳам оилаи ӯ, инчунин ҳамаи оилаҳост.

Дар ҳаёти шахси бахту саодати ҳар як аъзои оила бо якдигар сахт марбут аст. Чунин ҳамфикрӣ ва мувофиқати ҳиссу фикр азияти ҷудоии муваққатиро зуд бартараф хоҳад кард. Чунончӣ:

Як нафас биншин гапамро гӯш кун,
Суҳбати имрӯзаро пурҷӯш кун.

Муроҷиатҳои шоир ба завҷааш ва панду насиҳатҳои ӯ дар шеърҳояш аз насиҳатомӯзии маҳз набуда, онҳо завқи хонандаро нисбат ба масъалаҳои нозуки оилавӣ ва дунёфаҳмӣ бедор мекунад. Дар  ҷои дигар Турсунзода таъкид мекунад, ки нисбат ба суханҳои бади ҳамсояҳо мо бояд аз онҳо хафа набошем. Аз дӯстону ҳамсояҳо хафа шудан норавост. Баъзан гузаштҳо ҳам лозим аст. Ба ин маънӣ шоир мефармояд:

Ҷони ширин, ин қадар дигар маранҷ,
Аз пичингу таънаи занҳои ланҷ…
Аз дугона сахт ранҷидан хатост,
Дӯстонро ноз кардан ҳам равост.

Муносибатҳои пойдори оилавӣ дар достонҳои Турсунзода, махсусан «Ҷони ширин» шираи мақсад аст. Ба ин маънӣ метавон гуфт, ки бештари шеърҳои шеър монологӣ мебошад. Баъзан вақт муроҷиаткунандаи шоир завҷааш ва дар ҷои дигар оилаҳои ҷавони кишвар мебошад.

Хулоса, ба табъи равони Турсунзода ва ҳунарнамоии бадеии ӯ хонандагон хеле хуб шинос ҳастанд. Ашъори мерос гузоштаи ӯ гувоҳи медиҳад, ки шоир аз паҳлӯи ҳар чиз, ки ҳусну зебоиро ифода мекунад, бепарво гузашта наметавонад. Таъбирҳои «Ҷони ширин» ҷаззобияти достонро боз ҳам баланд бардошта, саодати зиндагиро аз оромӣ ва сифатҳои хуби ҳамсараш медонад, ки ин хитобан ба таври бадеӣ ба ҳамаи оилаҳо гуфта шудааст:

Ҷони ширин аз саодатҳои ту,
Худ гувоҳӣ медиҳад маъвои ту!

Давлатов ҲАДЯТУЛЛО, ассистенти кафедраи илмҳои компютерии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Related Articles

Leave a Comment