Home ХАБАР БАРГУЗОРИИ МИЗИ МУДАВВАР ДАР ФАКУЛТЕТИ ФИЛОЛОГИЯИ ХОРИҶӢ

БАРГУЗОРИИ МИЗИ МУДАВВАР ДАР ФАКУЛТЕТИ ФИЛОЛОГИЯИ ХОРИҶӢ

by admin
330 views
Имрӯз дар факултети филологияи хориҷии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дарси мизи мудаввар дар мавзуи “6 -уми нояб рӯзи конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон” бо ташаббуси Камолов Фарухрӯз ҷонишини декан оид ба таълим баргузор гардид.
Дар мизи мудаввар декани факултет Қурбонов Кароматулло, ҷонишини декан оид ба тарбия Табаров Шеравган, муаллимаи калони кафедраи забоншиносӣ ва типологияи муқоисавӣ Сайдалиева Фотима ва ҳайати донишҷӯёни факултет иштирок доштанд.
Мизи мудаввар бо садо додани Суруди миллӣ оғоз гардид. Сипас, декани факултет Қурбонов Кароматуло суханронӣ намуда, ҳамаи ҳозиринро бо фарорасии Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон шодбош гуфта, қайд намуданд: “Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бузургтарин санади меъёри ҳуқуқии таърихӣ мебошад, ки он ҳамчун рамзи саодати миллат барои бунёди ҷомеаи воқеан демократию ҳуқуқбунёд, ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ, таъмини амнияту оромии ҷомеа ва суботи сиёсии кишварамон нақши муҳим мебозад. Конститутсия заминаҳои ҳуқуқии давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявии миллати тоҷикро фароҳам овард ва барои ташаккулу инкишофи ҳизбҳои сиёсӣ, ҳаракатҳои ҷамъиятӣ, иттиҳодияву ташкилот ва созмонҳои ғайридавлатӣ бо мақсади амалӣ гардидани ҳадафҳои бунёдкоронаву созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаи воқеӣ гузошт. Аз он ифтихор дорем, ки яке аз талаботҳои муҳими меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон эҳтиром ба арзишҳои миллӣ, риоя ва иҷрои ҳатмии меъёрҳои Конститутсия ва қонунҳои ҷумҳурӣ ба ҳисоб рафта, қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ омили асосии суботу оромии ҷомеа ва давлат мебошад”.
Баъдан, Камолом Фарухрӯз маърӯзаи худро дар мавзуи “Конститутсия-пойдевори Тоҷикистони соҳибистиқлол” ироа намуданд.
Дар охир аз ҷониби донишҷӯёни факултет шеърҳо дар васфи Ватан, Тоҷикистон, Конститутсия ва як саҳначаи тарбиявӣ манзури нишастагон гардонида шуд.

Related Articles

Leave a Comment