Home МАҚОЛОТИ ТАҲЛИЛӢ ВА НАЗАРПУРСӢТАҲЛИЛ ҲИФЗИ ХОКИ ВАТАН ВАЗИФАИ ҲАР ЯК СОҲИБХИРАД АСТ!

ҲИФЗИ ХОКИ ВАТАН ВАЗИФАИ ҲАР ЯК СОҲИБХИРАД АСТ!

by admin
240 views
Таърих гувоҳ аст, ки мардуми шарафманд ва сулҳпарварии тоҷик аз азал то ба имрӯз ба сари ҳеҷ як халқу миллате теғ накашидааст ва нахоҳад кашид, гарчанде ки аз дасти аҷнабиён зулму ситами зиёде дидааст. Боиси ифтихори ҳар як фарди кишвар аст, ки миллати тоҷик имрӯз соҳиби давлати мустаъқил гардида, бо ташаббусҳои созанда ва сулҳҷӯёнаи Пешвои миллати хеш дар арсаи ҷаҳон мақому манзалати хосаеро касб намуда, арзишҳои моддию маънавии он аз ҷониби бонуфузтарин созмонҳои байналмилалӣ эътироф гадидаанд.
Мутаассифона, ҳамсоякишвари мо Ҷумҳурии Қирғизистон ин ташабусҳои сулҳпарваронаро пазироӣ накарда, чанд маротиба аҳдшиканӣ намуда, бо истифода аз силоҳҳои вазнин ба дидбонгоҳҳои наздисарҳадӣ ҳамла намуда, талафоти молию ҷониро ба бор овардаанд. Набояд фаромӯш намуд, ки ҳеҷ як амали зишт бе ҷавоб нахоҳад монд.
Мардуми бонангу номуси миллати тоҷик аз хоки Ватани худ ҳифз намуда, ин ҳама бедодгариҳои бераҳмонаи аҷнабии қирғ изро бояд мардонавор посух гӯяд. Ҳодисаҳои рӯзҳои охир, ки дар марзи ҷумҳурии биҳишосои мо бо ҳамсояи деринаи қирғ из, ки солҳо бо ҳам бародар будему бо ҳам риштаи хешовандӣ доштем, имрӯз ҷониби бародарони тоҷики худ бесабабу бемақсад тир мекушоянду хонаи тоҷикро ҳадафи тирборон қарор медиҳанд. Наход, ки ин миллат бехабар аз он бошанд, ки инсон дар зиндагӣ тавлиди якбора дорад, бояд на душман, балки дӯст ҷӯяд ва бо истифода аз ақлу заковати хеш наслҳоро ба пуштибониву дастгирии фарҳанги сулҳ омода созад. Бояд гуфт, ки ба қадру қимати тинҷиву оромӣ ҳар кас расида наметавонад. Дар давлат бояд сулҳу субот ҳамеша пойдор бошад ва ҳаёти мардуми Тоҷикистони азиз, ҳифзи амнияти давлат, шаъну шараф ва номи неки Ватан ва баланд бардоштани парчами кишвар, ҳифзи сарҳад ва якпорчагӣ ва сарзамини муқаддаси мо ҳамеша пойдор бошад.
Поянда бод, сулҳу субот дар Тоҷикистон!
Наврӯз НОСИРӢ, номзади илмҳои иқтисодӣ, мудири кафедраи менеҷмент ва маркетингӣ Донишгоҳи давлатии Кӯлоб

Related Articles

Leave a Comment