Home ХАБАР ЭЪЛОН! ОЗМУНИ «БЕҲТАРИН МАҚОЛА»

ЭЪЛОН! ОЗМУНИ «БЕҲТАРИН МАҚОЛА»

by admin
243 views

Раёсати Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ тасмими гирифтааст, ки бахшида ба таҷлили ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни «Беҳтарин мақола» дар мавзӯъҳои ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ, истиқлолият ва сулҳу ваҳдатро баргузор намояд.

Дар озмун донишҷӯён, магистрантон ва докторантон иштирок карда метавонанд.

 Мақолаҳо ба идораи рӯзномаи «Анвори дониш» пешниҳод карда мешаванд.

Барои иштирок дар дар озмун талаботи зерин пешниҳод карда мешавад:

— маълумоти мухтасар дар бораи иштирокчӣ;

— истифодаи сарчашмаҳо;

— рӯйхати адабиёти истифодашуда;

— нусхаи чопӣ ва электронӣ.

Агар дар навишти мақола муаллиф аз сирқат (асардуздӣ) истифода бурда бошад, мавод баҳогузорӣ карда намешавад.

Ғолибонро тӯҳфаҳои пуливу молӣ интизор аст.

Ҷойи 1-уми 1500 сомонӣ;

Ҷойи 2-юм 1000 сомонӣ;

Ҷойи 3-юм 500 сомонӣ.

Муҳлати қабули мақолаҳои то 30-июни соли 2021 муқаррар карда шудааст.

Related Articles

Leave a Comment