Асри XXI барои он асри «Иттилоот» ном гирифтааст, ки бояд дар ин аср тамоми самтҳои фаъолияти инсон аз дастовардҳои техникаи компютерӣ ва технологияи навтарини коркарди иттилоот, маълумот баҳравар гардад.
Дар шароити рушди босуръати ҷомеаи муосир иттилоот баробари захираҳои моддию энергетикӣ аҳамияти хос пайдо кардааст. Ҷараёни иттилоотӣ ба омили бунёдии мавҷудияти инсоният табдил мешавад ва мо тасмим гирифтем, ки дар бораи технологияи навин бароятон маълумоти мухтасаре диҳем.